Абдумаҷид Муминзода, иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Бохтари вилояти Хатлон гуфт, ки зиддӣ фаъолияти марказҳои дилхушӣ мебошад.

Ӯ ин нуктаро имрӯз, 9-уми феврали соли 2024, зимни нишасти матбуотӣ зикр кард.

“Ҳамагон медонем, ки дар тамоми кишварҳои дунё марказҳои дилхушӣ фаъолият мекунанд, лекин бо як низоми муайян ва тартибе, ки назорат мешаванд. Марказҳои дилхушӣ дар мо ба ягон меъёр ҷавобгӯ нестанд. Онҳо бояд дар доираи қонун ва ахлоқу одоб фаъолият кунанд”, - гуфт Абдумаҷид Муминзода.

Ӯ бо ишора ба интиқоди тунди раиси ҷумҳур аз фаъолияти кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Хатлон дар ҷаласаи ахири Шӯрои амнияти кишвар, зикр кард, ки ҳамакнун роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳр иваз шуданд ва акнун дар ҳамбастагӣ бо онҳо фаъолияти марказҳои дилхушии шаҳрро баррасию таҳлил мекунад.

Абдумаҷид Муминзода
Акс аз муаллиф

“Онҳо бояд ба талабот ҷавобгӯ ва идорашаванда бошанд”, - таъкид кард Абдумаҷид Муминзода.

Бояд гуфт, ки имрӯз дар шаҳри Бохтар тақрибан 20 маркази дилхушӣ фаъолият мекунад ва муштариёни он кам нестанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.