Дар баробари хабарҳо ва тафсилоти нав дар бораи ҳамлаи террористӣ ба “Крокус Сити Холл”, дар шабакаи интернет дар бораи кумаки пешхизмати 17-сола аз Тоҷикистон Бунафшоҳ Эркинов ба марди маҷруҳ ҳангоми эълони бонги изтироб низ маълумот нашр шуд. Ин бори аввал нест, ки шаҳрвандони кишвари мо дар сарзамини бегона ба мардум дасти ёрӣ дароз мекунанд. Баъзан ҳатто ба арзиши ҷони худ.

Бунафшоҳ Эркинов дар меҳмонхонаи «Аквариум» дар бинои «Крокус» кор мекунад. Рӯзи фоҷеа, 22 март Бунафшоҳ дар басти сеюм буд. Баъди соати 20 Владимир ном шахсе вориди тарабхона шуда, об мехоҳад ва ба фарш меафтад. Ӯ захм гирифта буд.

Пас аз дастури тарк кардани тарабхона, тамоми кормандон мераванд, аммо Бунафшоҳ нарафта, инро чунин шарҳ додааст, ки натавонист мардеро, ки ёрӣ мепурсид, партофта равад. Вақте кормандони пулис ва табибон расиданд, ӯ барои то мошини таъҷилӣ бурдани шахси маҷруҳшуда ба онҳо кумак кардааст.

Муҳоҷирони тоҷик на танҳо шахсони калонсол, балки кӯдаконро низ наҷот медиҳанд.

Писарчаи хурдсолеро, ки аз ошёнаи 6-ум афтода буд, наҷот дод

Моҳи майи соли 2022 як муҳоҷири тоҷик дар шаҳри Ногински вилояти Маскав писарчаеро рӯйи дастонаш қапид, ки аз ошёнаи 6-ум афтода буд. Дар фосилаи чанд дақиқа 2 кӯдаки хурдсол аз тирезаи бинои баландошёна ба берун афтоданд.

Кӯдаки аввали афтида ҷисмаш каме харошидаву лат хӯрд, кӯдаки дуюмро бошад, муҳоҷири тоҷик бо дастонаш қапид. Ба гуфтаи шоҳидони ҳодиса, “ба ӯ муяссар шуд, ки кӯдакро рӯйи дастонаш қабул ва ба ин васила зарбаи афтоданро сабуку нармтар кунад”.

Дарҳол баъди ба табибони ёрии таъҷилӣ супурдани кӯдакон "қаҳрамони номаълум" ҳамроҳи дӯстонаш рафт. Тавре нашрияи “КП” менависад, маълум шудааст, ки ӯ дар яке аз муассисаҳои коммуналии шаҳр кор мекунад ва бо ҳамватанонаш дар як шаҳраки бӯстонсароҳои наздикии Ногинск хона иҷора гирифтааст. Аз сӯҳбат бо рӯзноманигорон ӯ худдорӣ кард.

Кӯдакро аз мошини оташгирифта берун кашид

Моҳи октябри соли 2019 дар роҳи мошингарди “Чебаркуль-Мисяш-М5”-и Челябинск ҳамватани мо Осман Мамутов писарчаи 11-соларо аз алангаи мошини оташгирифта наҷот дод.

Ба зодаи Тоҷикистон Усмон Мамутов, ки бо ин роҳ ҳамсарашро ба фурудгоҳ мебурд, муяссар шуд, ки писарчаи 11-соларо аз мошини оташгирифта берун орад.

“Писарча ба ман гуфт, ки дар воситаи нақлиёт волидонаш мондаанд. Ба назди мошин баргашта, аз дигар ронандагони бозистода сӯхторхомӯшкунак пурсидам, лекин онҳо надоштанд. Баъди лаҳзае сӯхтор дар автомашина ба сурате аланга гирифт, ки дигар аз дастамон ҳеҷ коре наомад”, - нақл кардааст Усмон.
Осман Мамутов
Сурат аз 74.ru

Усмон ва ҳамсараш Регина изҳори таассуф кардаанд, ки дигар одамон ҳамту рост истода, ҳеҷ амале накардаанд. “Мутаассифона, дигар одамоне, ки пештар ба ҷойи ҳодиса расида буданд, ҳеҷ коре накарда, танҳо рост истодаву тамошо доштанд”, - иброз доштааст Усмон.

Писараки наҷотёфта бо ҷароҳати шикам ва зарбхӯрии майнаи сар дар бемористони Чебаркул бистарӣ шуда буд. Дар ин садама ронандагони ҳарду мошин, инчунин мусофирон - як зан ва писари 6-солаи ӯ ба ҳалокат расиданд.

Қаҳрамони дигари зодаи Тоҷикистон ҳамагӣ 11 сол дошт. Моҳи майи соли 2019 хонандаи синфи 4-уми мактаби №23-и шаҳри Хабаровск Бахтиёр Усмонов аз хатар ба ҷони худ наҳаросида, дӯсташро, ки ба чоҳ (коллектор) бо оби ҷӯш афтода буд, наҷот дод.

Дӯсташро аз чоҳи оби ҷӯш берун кашид

Барои ин кор Бахтиёр Усмонов бо медали Иттифоқи имдодгарони Русия “Барои шуҷоат дар наҷот” қадрдонӣ шуд.

“Мо бо Слава дар берун назди чоҳи болояш бо чӯб пӯшонида бозӣ доштем, ки Слава аз болои чоҳ гузаштанӣ шуда, ба дохили он афтод. Ман дарҳол давида, ӯро берун овардам. Сипас ба ҳамсояҳо ва волидони ӯ хабар додам", - нақл кардааст баъдан Бахтиёр.
Бахтиёр Усмонов
Сурат аз шабакаҳои иҷтимоӣ

Славаи дӯсташ бо ҳудуди 40%-и захми сӯхтаи бадан ба беморхонаи рақами 2 интиқол ёфта, табибон ба муолиҷаи ӯ пардохтанд.

Наҷоти наврасе, ки мехост худашро кушад.

Шаҳрванди Тоҷикистон Баҳром Ғуломқодиров, ки дар «Яндекс.Еда» дар Маскав ба сифати боррасон (курйер) кор мекард, як наврасро, ки худашро аз тиреза ба берун партофтанӣ буд, наҷот дод.

Ҳангоми фармоишро расонидан Ғуломқодиров дар кӯчаи Татишев дар тирезаи хонаи ошёнаи дуюми бино наврасеро мебинад, ки гиря карда, бо касе дар хона ҷанҷол дошт ва худро ба берун партофтанӣ буд.

Баҳром Ғуломқодиров
Сурат аз Baza.ru

Баҳром зуд назди бино омада, бо қубури интиқоли газ ба ошёнаи дуюм мебарояд ва наврасро ба хона тела медиҳад. Он ҷо модари ӯ ҳузур дошт. Баъди ором шудани писарбача, Баҳром аз хона берун шуда, барои иҷрои фармоиши доштааш рафтааст.

Модари наврас ба дафтари кории хадамоти боррасон занг зада, изҳори сипос кард. Дар «Яндекс.Еда» ваъда доданд, ки ба боррасони тоҷикистонӣ мукофотпулӣ медиҳанд.

Бо як муъҷизае тифли навзодро наҷот дод

Моҳи ноябри соли 2019 як муҳоҷири тоҷик кӯдаки семоҳаеро дар  шаҳри Североуралски вилояти Свердловск наҷот дод. Тифлро, ки аз тиреза ҳаво дода буданд, Фахриддин Юсупов ном шаҳрванди Тоҷикистон бо дастонаш доштааст.

Фахридин бо шиносҳояш дар назди мағозае меистод, ки садои шикастани тирезаро шунид. Вақте ки ба оқибаш нигоҳ кард, тирезаи манзиле  дар 20 метр дуртар шикаста буд. Ӯ ба ҷойи ҳодиса рафт ва шоҳиди сӯиқасд ба ҷони кӯдаки семоҳа шуд.

Фахриддин Юсупов
Сурат аз торнамои Ural.kp.ru

Дар назди тирезаи пури шишамайда марде мекалавид, ки дар дасташ кӯдаки ширхорае гиря мекард. "Напарто, ба ман деҳ", - гӯён хоҳиш карда Фахриддин аз мақсади мард пай бурда.

Аммо ҷавон ба гуфтаи марди тоҷик аҳамияте надода, кӯдакро партофтааст. Хушбахтона, Фахриддин ӯро доштааст. Юсупов дарҳол кӯдакро ба либосаш печонида, ба пулис ва ёрии таъҷилӣ занг мезанад.

Духтарчаи 11-соларо аз даҳони саг кашида гирифтанд

Моҳи августи соли 2019 зодаи Роғун Дилшод Тоҳирови 41-солаи машғули кор як сохтмон дар Истраи вилояти Маскав духтареро, ки мавриди ҳамлаи ротвейлер (навъи саги) қарор гирифта буд, наҷот дод.

Дилшод ва ҳамватанонаш доду фарёди кӯдаконро шунида, дар даст бел ба сӯи садои онҳо мешитобанд. Онҳо шоҳиди манзараи даҳшатноке мешаванд: Ротвейлери бузург бо дандонҳояш гардани Настя 11-соларо гирифта, ӯро раҳо намекард.

«Агар мо 2-3 дақиқа таъхир мекардем, шояд хеле дер мешуд. Баъди чанд зарба бо бел ба мо муяссар шуд, ки сагро аз пеши духтар дур кунем. Дарҳол ба расондани ёрии аввалия ба кӯдак оғоз кардем”, - гуфта буд Дилшод.
Дилшод Тоҳиров
Сурат аз pravmir.ru

Муҳоҷирон ба қадри имкон кумак карданд: яке кӯшиш кард, ки хунравиро боздорад, дигаре гардани духтарчаро баст, сеюмӣ набзи кӯдакро месанҷид. Худи Дилшод модаркалони Настяро хабардор кард. Муҳоҷирон барои аз даст надодани фурсат, ба мошини ёрии таъҷилӣ занг зада, Настяро ба роҳи калон барои пешвози табибон бурданд. 

«Мо аз Дилшод миннатдорем. Агар вай намебуд... Ҷарроҳӣ 3 соат давом кард, баъд анестезиолог баромад ва гуфт, ки имрӯз зодрӯзи дуюми Настя аст. Дандонҳои тези саг қариб ба раги хоб расида буданд, он гоҳ хеле дер мешуд. Вақте ки набераам баъди ҷарроҳӣ ба худ омад, аввалин чизе аз ман пурсид: “Бибиҷон, маро фариштагон наҷот доданд?”. Ман гуфтаниам, ки мардуми Осиёи Марказӣ воқеан фарзандон ва волидонро қадрдониву эҳтиром мекунанд. Дилшод, ҳатто як сония фикр накарда, ба кумаки кӯдак шитобид”, - гуфта буд баъдан бибии духтар Ольга Александровна.

Дар навбати худ Дилшод Тоҳиров изҳор намуд, ки дар наҷоти кӯдак ба ӯ сокинони деҳаи Қалъаи Нави шаҳри Роғун Бахтиёр Тоҳирзода (бародари Дилшод), Фаридун Турсунзода, Баҳриддин Зайдов, сокини Файзобод Сайёд Идиев ва сокини Душанбе Сабур кумак кардаанд.

Мактабхонеро, ки рӯи релс афтода буд, наҷот дод

Моҳи марти соли 2022 як шаҳрванди 40-солаи Тоҷикистон дар Маскав хонандаи 10-соларо, ки дар метрои пойтахт рӯи рельс афтода буд, ба болои платформа берун кашид. Яке аз мусофирзанони метро ба рӯзноманигорон нақл кардааст, ки як марди симои осиёидошта кӯдакро ба платформа кашида баровардааст. Ин шахс зодаи 40-солаи Тоҷикистон будааст.

Ба наҷотдиҳандаи кӯдак лозим омад, ки бо намояндагони таъмини тартибот суҳбат кунад. Мард тамоми ҳолатҳои қазияро нақл карда, иброз доштааст, ки чӣ гуна аз платформа афтидани наврасро дидааст. Ин мард 20 сол инҷониб дар Маскав зиндагӣ дошта, рӯзгорашро бо корҳо дар сохтмон ва таъмир пеш мебарад.

Кӯдаконро аз об берун оварда, лекин худаш ғарқ шуд

Моҳи июни соли 2020 муҳассили соли аввали Донишгоҳи аграрии Бошқирдистон Ҳоҷимурод Қаландаров як кӯдакро аз ғарқшавӣ дар дарёи Белое дар шаҳри Уфа наҷот дода, худаш ба соҳил баромада натавонист.

Ҳамон сол ӯ дар Уфа соли аввали Донишгоҳи аграриро хатм карда буд. Он рӯз ҳамроҳи дӯстонаш дар канори дарё истироҳат мекард.

Ба иттилои Радиои Озодӣ, Ҳоҷимурод Қаландаров ва яке аз дӯстонаш барои истироҳат ба лаби дарё рафта, шоҳиди ба об афтодани ду кӯдак шуданд. Ҳарду худро ба об андохта, кӯдаконро то соҳил оварданд, вале Ҳоҷимурод аз об берун баромада натавонист. Маҷрои об ҷавони тоҷикро бо худ бурд. Ҷасади донишҷӯи соли аввали Донишгоҳи кишоварзии Бошқирдистон Ҳоҷимурод Қаландаровро баъди чанд соат пайдо карданд.

Мақомоти Бошқирдистон Ҳоҷимурод Қаландаровро пас аз марг барои ҷасорат бо медали “Барои шуҷоат” қадрдонӣ карданд.

Зан ва кӯдаки хурдсолро аз сӯхтор наҷот дод

Моҳи августи соли гузашта дар маҷмааи манзилҳои «Светлый» дар Екатеринбург як бинокор аз Тоҷикистон, ки дар яке аз ташкилотҳои паймонкори  “ТЭН” машғули кор буд, зан ва кӯдаки хурдсолро аз сӯхтори дар ҳоли алангагирӣ наҷот дод.

Ба гуфтаи худи бинокор,  ӯ сӯхторро аз паси панҷараи хона дида, зан ба балкон баромадааст ва кӯдакро дар дастонаш нигоҳ медоштааст. Вақте ки Манучеҳр ба ин ошёна мерасад, мебинад, ки ҳамсояҳои зан кӯшиш доранд, ки ба хона ворид шаванд, лекин талошҳояшон бенатиҷа аст.

Сурат аз VK.com

Манучеҳр бо истифода аз болға дарро кушода, модару фарзандашро аз хона берун мебарорад. Сипас ӯ ба ҷойи кориаш баргашта, ба иҷрои вазифаҳои худ идома медиҳад. Ба Манучеҳр барои кумак ва шуҷоаташ мукофот додаанд.

Дар расонаи «Екатеринбург. Новости» таъкид дошта буданд, ки амалу рафтори мард имкон дод, ки ҳанӯз то омадани оатшнишонон одамон наҷот дода шаванд ва сӯхтор дар фурсати кӯтоҳтарин хомӯш карда шавад.

Ба одамон барои баромадан аз бинои оташгирифта ёрӣ расониданд

Моҳи марти соли 2018 дар Кемерово зодаи Душанбе Фарзон Салимов ва боз 4 шаҳрванди дигари Тоҷикистон, ки дар мағоза кор мекарданд, зиёда аз 50 харидори маркази савдои “Зимняя вишня”-ро наҷот доданд.

Фарзон Салимов изҳор доштааст, ки ҳамроҳи ҳамватанони худ танҳо қарзи инсонияшонро анҷом додаанд ва ба ҷойи онҳо низ каси дигаре ҳам мешуд, ин корро мекард.

"Як ҷиянам муҳофизи мағоза аст. Ӯ бо “ратсия” хабар дод, ки дар ошёнаи чаҳорум сӯхтор сар задааст ва мардум мефароянд. Ба ақиб нигоҳ кардам, ки воқеан ҳама медаванд. Мо дар дохили мағоза “ратсия” дорем ва зуд ба кормандони дигар хабар додем, ки ҳамаро берун бароред ва худатон ҳам бароед”, - гуфтааст ӯ.
Фарзон Салимов
Сурат аз бойгонии шахсӣ

Баробари берун баромадани ӯ ва ҳамкори дигараш Маҳмуд Хоҷаев ба наҷоти одамон аз қисмати дигари бино идома доданд. “Аз тарафи дигари бино барои баромадани одамон аз назди лифт ёрдам кардем. Дар онҷо ду нафар бо аробачаи маъюбӣ дармонда буданд. Онҳоро низ зуд ба берун баровардем”, - нақл карда буд ӯ.

Кумитаи тафтишоти Русия зодаи Тоҷикистон Фарзон Салимов ва якчанд нафар қаҳрамонони дигари фоҷиаи маркази савдои «Зимняя вишняя»–ро қадрдонӣ намуд. Бо ин мукофот шахсоне қадрдонӣ мешаванд, ки шуҷоату мардонагии ҳақиқӣ зоҳир мекунанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.