Садҳо шаҳрванди Тоҷикистон, ки мехостанд аз Қазоқистон вориди Русия шаванд, шикоят карданд, ки се рӯз боз дар гузаргоҳи “Саргарчин”, дар сарҳади вилояти Урали ҷанубии Қазоқистон ва Оренбурги Русия дармондаанд. Маъмурони гузаргоҳи марзии Русия ба онҳо гуфтаанд, “система вайрон аст”, аммо кӯдакону пиронсолон ва шаҳрвандони дигар кишварҳоро иҷозаи вуруд додаанд.
“Танҳо тоҷиконро намемонанд”
Дастикам се муҳоҷири тоҷик бо ирсоли навор ва паёми савтӣ ба “Азия-Плюс” гуфтанд, аз рӯзи 22-юми апрели соли равон ҳудуди 180 мошини ҳомили муҳоҷирони тоҷик, ки миёни онҳо занону кӯдакон зиёданд, дар ин минтақа дармондаанд ва маъмурони рус намегузоранд онҳо вориди Русия шаванд.
“Ҳудуди 1000 тоҷикро намегузоранд, ки ба Русия дароянд. Мо дар байни Қазоқистон ва Русия дармондаем. Дигар миллатҳоро мемонанд, танҳо тоҷикҳоро намегузоранд. Ҳудуди 180 мошин, аксарашон бо рақамҳои давлатии Тоҷикистон. Дар ҳар як мошин аз 5 то 10-12 мусофир ҳаст, ки аксарашон занону кӯдаконанд”, - гуфт яке аз муҳоҷирон, ки ба “Азия-Плюс” навори мошинҳои дармондаро ирсол кард.
Тафтишу бозпурсӣ ва кофтукови телефон
Маъмурони рус ҳар як тоҷикро дар алоҳидагӣ ва мӯшикофона тафтишу бозпурсӣ карда, телефонҳояшонро кофтуков менамоянд.
“Аз маъмурони сарҳад мепурсем, ки чаро моро намемонед, мегӯянд, система кор намекунад. Пурсидем, ки система танҳо барои тоҷикон кор намекунад? Гуфтанд, кори ту набошад, равед интизор шавед”, - гуфт яке аз муҳоҷирони дармондаи тоҷик.
Ин шаҳрванди Тоҷикистон гуфт, маъмурони гузаргоҳ ба онҳо гуфтаанд, кӯдакони то 14-сола ва шахсони аз 60-сола боло метавонанд бенавбат вориди Русия шаванд, дигарон бояд дар навбат истанд.
Ба гуфтаи ҳамсуҳбатони мо, дар як шабонарӯз танҳо 10-12 мошинро баъди бозпурсӣ ва тафтиши мӯшикофона ба Русия роҳ доданд ва ҳамин тариқ, давоми ду шабонарӯз 20 мошин иҷозати ба хоки Русия даромаданро дарёфт кардааст.
“Чангу хок, бе обу нон мардум ҳаминҷо шиштаанд. Се қатор мошин аст”, - гуфт ин муҳоҷири тоҷик.
Як муҳоҷири дигар бо ирсоли навор гуфт, ки ба афроди дармонда хайрхоҳон обу хӯрок оварданд.
“То фармон аз дохил нашавад, намемонем”
Яке аз дигар муҳоҷирони кории тоҷик, ки барои тамдиди ҳуҷҷатҳояш марзи Қазоқистонро убур кардааст, бо исроли паёми савтӣ ба “Азия-Плюс” гуфт, намегузоранд ӯ дубора ба Русия ворид шавад.
Ӯро алоҳида нигоҳ дошта, гуфтаанд, “то аз дохил (дохили Русия дар назар аст, - муаллиф) фармон нашавад, шаҳрвандони Тоҷикистонро иҷозаи вуруд намедиҳем”.
“Аз Ӯзбекистон ё Қирғизистон ё миллати дигар бошӣ, иҷозат медиҳанд гузарӣ, вале тоҷиконро намегузоранд”, - гуфт ӯ.
Дар ҳамин ҳол, дар WhatsApp хабарҳои савтие паҳн мешавад, ки гӯё сарҳади Русия барои шаҳрвандони Тоҷикистон то моҳи июл бо сабаҳои номаълум пурра бастааст. Сарчашмаи хабари паҳншуда маълум нест, аммо мақомоти Русия ва Тоҷикистон дар мавриди бастани сарҳад хабари расмӣ нашр накардаанд.
Таъсири ҳодисаи “Крокус” ва хомӯшии мақомоти ду кишвар
Русия то ҳол сабаби маҳдудияти шадидро нисбати шаҳрвандони Тоҷикистон дар ин гузаргоҳи сарҳадӣ шарҳ надодааст. Вале бархе муҳоҷирони тоҷик тахмин мекунанд, ки сабаби роҳ надодани тоҷикон ба хоки Русия эҳтимол ҳамлаи террористӣ ба “Крокус Сити Ҳол”-и Маскав аст, ки дар пайи он 11 шаҳрванди Тоҷикистон ҳамчун гумонбар боздошт ва ба ҳабс гирифт шуданд.
То замони нашри ин мавод ба “Азия-Плюс” муяссар нашуд, мавқеи ҷониби Русия, аз ҷумла сафорати ин кишвар дар Тоҷикистон ва мақомоти Тоҷикистон, аз ҷумла Сафорати Тоҷикистон дар Русияро дар ин масъала дастрас кунад.
Бархе аз муҳоҷирони тоҷики дармонда бо исроли паёми савтӣ гуфтанд, ки Сафорати Тоҷикистон дар Русияро аз ҳоли худ огоҳ карданд ва онҳо ваъда доданд, ки кӯмак мекунанд. Вале маълум нест, ки айни ҳол вазъ то чӣ андоза тағйир ёфтааст.
Русия, ки яке аз кишварҳои асосии қабулкунандаи муҳоҷирони тоҷик ба ҳисоб меравад, дар пайи ҳамлаи террористӣ ба “Крокус Сити Ҳол” назорат болои муҳоҷирони кории тоҷикро сахттар кард ва бархурдашро тағйир дод. Пас аз ин ҳодиса, санҷишу таъқиби муҳоҷирони тоҷик афзоиш ёфт.
Бояд гуфт, аксари тоҷикон мустақим, яъне тавассути ҳавопаймо ба Русия сафар мекунанд, аммо теъдоде ба хотири арзонии сафар, тариқи қатора ё мошини худ мераванд.
Парвандаи ҷиноятӣ барои “лайк”. Пас аз интиқоди Эмомалӣ Раҳмон вазъ тағйир меёбад?
Арзиши барқ барои корхонаи истеҳсоли нуриҳои минералӣ - “Азот” поин рафт
Ӯзбекистон маблағи пардохти гумрукиро барои сементи Тоҷикистон 9 баробар зиёд кард
“Моро дар кӯча намонед”. Муроҷиати сокинони биное дар Душанбе ба додситони кул
Як кушта ва ду захмӣ. Дар ноҳияи Ванҷ се мард зери тарма мондаанд
Гази моеъ қариб 1 сомонӣ гарон шуд. Сокинон мегӯянд, пайдо кардани ин навъи сӯзишворӣ душвор шудааст
“Беш аз 100 мансабдор бозпурсӣ ва 20 нафарашон ба додгоҳ даъват шуданд”. Мурофиаи Аҳмади Иброҳим оғоз шудааст
“Telegram Premium” ҳамчун “туҳфа”. Додситонии кул гуфт, ин кори дасти қаллобон аст
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Аттор ва беморе, ки гил мехурд”
Иттиҳом алайҳи чор гумонбари ҳамла ба "Крокус"-ро тағйир доданд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста