Имрӯз, 2‑юми май, дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, рӯнамоии китоби тозанашри нависандаи тоҷик Гулсифат Шаҳидӣ бо номи “Акси осмон дар чашм” багузор шуд. Дар ҳамоиш нависандагони машҳури тоҷик ва дӯстдорони илму адаб иштирок ва суханронӣ карданд.

Китоби тозанашри нависанда Гулсифат Шаҳидӣ бо номи “Акси осмон дар чашм” дар тарҷумаи нависанда ва тарҷумони тоҷик Салими Зарафшонфар аз чоп баромад.

Низом Қосим, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар рӯнамоӣ гуфт, “китоби мазкур номи зебо ва қаҳрамонҳои зебо дорад”.

“Ба мисли Ҳофиз, Мутриба, Маҳваш, Кайҳон ва андешаҳои муаллиф, зебоипарастӣ ва талқини нависанда ба нур, равшанӣ, осмон, коинот ва Худо ба хонанда таъсир мерасонад. Лаҳзаҳое дар асар ҳаст, ки инсон беизтироб хонда наметавонад”, ‑ афзуд Низом Қосим.

Дар идома аз ҷониби Низом Қосим ҳуҷҷати узвияти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба Гулсифат Шаҳидӣ тақдим карда шуд.

Китоби мазкур бо забони русӣ навишта шудааст ва Гулсифат Шаҳидӣ зимни суханронӣ сабаби бо забони русӣ навиштанашро шарҳ дод.

“Вақте дар Маскав будам, дарк намудам, ки тавасути забони русӣ метавонам, адабиёти тоҷикро ба зинаи нав бурда расонам. Чунки асаре, ки бо забони русӣ нашр мешавад, одамони бештар онро мутолиа мекунанд. Бо забонҳои дигари ҷаҳон, ба мисли забонҳои англисӣ, олмонӣ, ӯзбекӣ ва форсӣ зудтар тарҷума мешаванд”, - гуфт муаллиф.

Ӯ дар идома афзуд, “ҳамаи китобҳои ман бо шаш забони дунё баргардонида шудаанд ва ба ҳамин хотир тасмим гирифтам, ин китобро ҳам бо забони русӣ нависам, чун ба ин восита тавонистаам шумораи хонандагонамро бештар намоям”.

Гулсифат Шаҳидӣ гуфт, ки агар китобу асарҳои нависандагони тоҷик бо дигар забонҳо низ чоп шаванд, ин дастоварди адабиёту фарҳанги Тоҷикистон хоҳад буд.

Акс аз муаллиф

Инчунин, дар маҳфили мазкур нависандагон ва мухлисону дӯстдорони осори муаллиф суханронӣ намуданд. Онҳо фикру ақида ва таассуроти худро нисбати китоби “Акси осмон дар чашм” баён намуданд.

Салими Зарафшонфар тарҷумон ва нависандаи тоҷик, иброз намуд, ки тарҷумаи ин асарро ба ӯ пешниҳод намуданд, вале “баъди мутолиаи асар ба хулосае омадам, ки китоби мазкур шоистаи тарҷума кардан аст”.

“Романи мазкур серпаҳлӯ аст, чандин масъалаҳои мубрами рӯзро дар бар мегирад. Масалан, мавзӯъҳои экология, муҳоҷират, робитаи инсонҳо бо коинот, дӯстиву рафоқати байни халқҳо ва дигар масъалаҳо оварда шудааст. Аҳамияти асосии асар дар он аст, ки бо вуҷуди он ки мушкилотро тасвир мекунад, хонандаро ба ояндаи нек умедвор месозад”, ‑ гуфт тарҷумони асар.

Ба гуфтаи тарҷумон, баъди мутолиаи асар хонанда ба саволҳои мо кистем, маънои зиндагӣ чист, ҳамзистии мо бо намояндагони коинот чӣ гуна аст, посух меёбад.

Бояд гуфт, ки асари “Акси осмон дар чашм” романи тахаюлӣ буда, аз даҳ боб иборат аст. “Дар лаби ҷар”, “Даъвати моҳ”, “Мо на танҳоем дар ин коинот”, “Ғарқи дарёи чашмонат шавам”, “Истинтоқи шиканҷаомез”, “Тоҷи ҳама интизориҳо сабр аст”, “Ситораи Ҳофиз” ва дигар бобҳо иборат аст.

Ин китоби дастикам шашуми Гулсифат Шаҳидӣ аст. Ӯ муаллифи “Шаҳре, ки орзуҳо амалӣ мешаванд”, “Ҳамсояҳо”, “Хуршеди нурбори ман”, “Фарҳод аз Навгилем” ва чанде дигар мебошад.

Ӯ то имрӯз соҳиби як қатор ҷоизаҳои байналмилалӣ, ду маротиба “Адиби беҳтарини сол” дар Лондон гардидааст. Инчунин медалҳои “Кабутари сулҳ”-и Созмони адибони Авруосиё, беҳтарин адиби Авруосиё дар Маскав ба даст овардааст. Соҳиби  дипломҳои “Номи нав дар адабиёти муосир” дар Стокҳолм, Кембриҷ, Лондон, Минск, Маскав ва Ню-Йорк гардидааст. Ҳамчунин, соли 2021 Гулсифат Шаҳидӣ дар Русия аз рӯи номинаи “Адабиёти бачагона” - “Адиби сол” интихоб гардид.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.