Айни замон қарзи ипотека дар бахши молиявии кишвар начандон маъмул аст. Барои бисёре аз оилаҳои ҷавон мустақилона бидуни истифодаи ёрии дигарон ё дороиҳои иловагӣ ҷамъоварии пул барои харидани хона қариб ғайривоқеист. Аммо ипотека маблағи хариди хонаро комилан метавонад ҳадди ақалл ду баробар зиёд кунад.

Ё ин маълумоти аллакай кӯҳнашуда аст?

Биёед шартҳои рӯзмарраи ипотека дар соли 2024-ро муқоиса мекунем.

Айни замон пасттарин меъёри фоизӣ дар он бонкҳое амал мекунад, ки бо ширкатҳои сохтмон машғули коранд. Масалан, “Спитамен Бонк” омода аст, ки дар сурати харидани хона аз ширкати мушаххас: “Авитсенна”, “Усто Набот”, Global Group ва дигарон меъёри фоизиро кам кунад.

DC-и “Авесто Групп” низ тақрибан бо ҳамин шартҳо кор мекунад. Онҳо тавонистаанд, ки меъёри фоизиро нисбат ба дигар бонкҳо пасттар кунанд - 8% бо доллар ва 16% - бо сомонӣ.

Бонкҳои боқимонда аксаран меъёри фоизии аз 22% то 30%-ро пешниҳод мекунанд.

Шартҳои асосии ипотека дар Тоҷикистон дар соли 2024


Бо таҳлилу муқоисаи шартҳои ипотека, метавон сари як қатор хулосаҳо расид:

Бо доллар қулайтар аст

Зимни ҳисоб бо доллар меъёри фоизӣ қариб ду баробар поин меравад. Лекин ин ҷо ҳамааш ба тағйирёбии қурби асъор вобаста буда, барои аксарияти шаҳрвандон дилпуру боэътимод нест.

Барои пешпардохти аввалия пул ҷамъ кунед

Дар аксари бонкҳо маблағи пешпардохти аввалия ҳадди ақалл 30% аз нархи умумии хонаро ташкил медиҳад. Масалан, барои харидани хонаи нархаш 1 млн 400 ҳазор сомонӣ бо ипотека пешакӣ 30%-и пули он, яъне 420 ҳазор сомонӣ пардохт кардан лозим аст. Ин маблағро на ҳама имкони ҷамъ кардан дорад.

Дар ин масъала истисно “Спитамен Бонк” мебошад. Барои ин муассисаи молиявӣ 10% пешпардохт ҳам кофист. Ҳатто агар гарави дилпуру муносиб дошта бошед, пешпардохт ҳам лозим намешавад.

Гарав лозим аст

Дар ҳама гуна ҳолат ягон хел гарав лозим аст. Агар қарз начандон зиёд, масалан то 70 000 бошад, бо кафил (зомин) ҳам гирифтан мумкин аст. Маълум аст, ки барои хона ба шумо маблағи зиёдтар лозим аст, аз ин рӯ, дар шакли амволи манқул ё ғайриманқул гарав гузоштан лозим меояд.

Таърихи қарзӣ

Таърихи хуби қарзӣ бахусус дар ҳамон бонке, ки шумо аз он ипотека гирифтан мехоҳед, метавонад ба меъёри фоизии он таъсир расонад. Масалан, дар “Бонки рушди Тоҷикистон” меъёри фоиз ба маблағи ипотека, инчунин аз мизоҷи нав ё такрорӣ будани шумо вобаста аст.

Ипотека резинӣ (ёзанда) нест! Ҳадди ниҳоии пулеро, ки ба шумо пешниҳод карда метавонанд, ба инобат гиред

БонкҳоиТоҷикистон аксаран то 500 000 сомонӣ (ё муодили он бо доллари ИМА) қарзи ипотека медиҳанд. Баъзеҳо камтар, масалан “Ҳумо” барои ипотека то 250 000 сомонӣ қарз пешниҳод мекунад.

Оё бо ҳамин қадар маблағ шумо хона харида метавонед? Албатта, саволи хуб аст, лекин на мушкили бонк, балки қарзгиранда аст.

Натанҳо меъёри фоизӣ

Ҳарчанд меъёри фоизӣ омили асосӣ дар интихоби бонк бошад ҳам, ба дигар шартҳои ипотека низ мебояд таваҷҷуҳ зоҳир кард. Масалан, баъзе бонкҳои Тоҷикистон омодаанд, ки дар сурати беморӣ ё дигар ҳолатҳои ғайриинтизор (форс-мажор) фоизро кам кунанд ё агар қарзгиранда аз кор озод шавад, муҳлати пардохтро то 3 моҳ ба таъхир гузоранд.

Лекин ба ин гуна сабукиҳо таваҷҷуҳи зиёд лозим нест, балки мебояд ҳамаи чораҳоеро, ки дар сурати имкони пардохт надоштан, бонк метавонад нисбати шумо андешад, ҷиддӣ мавриди омӯзиш қарор дод.

Ҳаҷми ҷарима хеле зиёд буда метавонад, бахусус дар ҳолати аз даст додани даромади устувору доимӣ.

Ман шартҳоро омӯхтам, на он қадр маъқул аст...

Ва ҷойи ҳайрат ҳам надорад. Сарфи назар аз авҷи сохтмон ва бунёди бисёр биноҳои нав, меъёри ипотека дар Тоҷикистон на ёридиҳанда, балки хеле гарону душвор аст.

Ҳатто бо назардошти афзоиши босуръати аҳолӣ, хонаи сохташуда метавонад холӣ монад, зеро барои аксарияти тоҷикистониён, бахусус оилаҳои ҷавон он дастнорас боқӣ мемонад.

Ба гунаи мисол оилаеро мебинем, ки зану шавҳар ҳар кадоме ҳар моҳ 5 ҳазор сомонӣ пул кор мекунанд.

Агар ин оила нисфи пули буҷети оиларо ҷамъ кунаду дигарашро барои зиндагии ҳамарӯза сарф кунад, пас хонаи дуҳуҷрадор (масалан бо нархи 388 ҳазор сомонӣ) дар пойтахтро дар зарфи 6-7 сол харида метавонад. Аз тарафи дигар, хатаре ҳам вуҷуд дорад, ки дар ҳолати болоравии нархи амволи ғайриманқул пули ҷамъкардаи шумо ба харидани он метавонад камӣ кунад.

Агар оила ба додани 116 ҳазор (30%) пешпардохти аввалияи ипотека имкон дошта бошад, пас ба онҳо лозим меояд, ки дар муддати 10 сол ҳар моҳ барои ипотека 7000 сомонӣ пардохт намуда, бо 3 ҳазори боқимонда зиндагии худро пеш баранд. Ин дар сурате, ки қарз бо асъори миллӣ ва меъёри 30%-и солона гирифта шудааст.

Маблағи умумии пардохти шахсе, ки бо чунин шартҳо ипотека мегирад, дар охири муҳлат на 388 ҳазор сомонӣ, балки 972 ҳазор сомониро ташкил хоҳад дод. Ва ин шояд камбуди асосии қарзи ипотека аст, зеро маблағи харидани хона аз нархи аввалааш 2,5 баробар зиёдтар мешавад.

Дар кишварҳои ҳамсоя чӣ гуна аст?

Бино ба маълумоти нашрияи Spot.uz, дар Ӯзбекистон ду навъи ипотека дода мешавад: тибқи барномаи давлатӣ барои харидани манзил танҳо дар биноҳои навсохт, ки ба истифода дода шудаанд ва маъмулӣ - ҳам дар биноҳои навсохт ва ҳам дар манзилҳои дуюмдараҷа (кӯҳна).

Ипотека бо барномаи давлатӣ қулайтар буда, меъёрҳо (аз ҳисоби маблағҳои Вазорати иқтисод ва молия) 17-18%-ро ташкил медиҳанд. Меъёрҳои фоизи ипотекаи маъмулӣ аз 21% то 28%-ро ташкил медиҳанд.

Ғайр аз ин, соли ҷорӣ ҳукумати Ӯзбекистон барои маблағгузорӣ ба ипотека 22,5 трлн сӯм (1,8 млрд доллар) ҷудо мекунад. Тадбирҳои дастгирӣ ба додани қарзҳои имтиёзнок ба 20 ҳазор оилаи сатҳи даромадашон паст имкон медиҳад.

Дар Қирғизисстон бошад, се навъи ипотека амал мекунад - имтиёзнок, иҷтимоӣ ва ба истилоҳ дастрас. Ипотекаи имтиёзнок ба шаҳрвандоне дастрас аст, ки вазифаи муайянеро ишғол мекунанд, масалан дар мақомоти давлатӣ. Барои онҳо меъёри фоизии аз 6% то 8%-и солона муқаррар шудааст.

Ипотекаи иҷтимоии давлатӣ барои оилаҳои серфарзанд, шахсони имконияташон маҳдуд ва дигар гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ пешбинӣ шудааст. Ин ҷо шартҳо аз ҳама қулайтаранд - меъёр 4%-и солона буда, пешпардохти аввалия лозим нест.

Ипотекаи дастрасро ҳамаи шаҳрвандони Қирғизистон гирифта метавонанд. Меъёри фоизии он аз 8 то 12%-и солонаро ташкил медиҳад. Пешпардохти аввалия - 20% муқаррар шудааст.

Бо назардошти таҷрибаи кишварҳои ҳамсоя мувофиқи мақсад мебуд, агар ипотека дар Тоҷикистон аз ҷониби давлат дастгирӣ меёфт, то ки бештар дастрас шавад, бахусус барои гурӯҳи осебпазири аҳолӣ.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.