Аз 1 июл дар Тоҷикистон музди меҳнат, стипендия ва нафақаҳо зиёд карда шуданд.
Маошу стипендияҳо ба андозаи 40% ва нафақа - 30%. «Азия-Плюс» тасмим гирифт муайян созад, ки оё тоҷикистониён бо даромадҳои нав метавонанд ба чизҳои зиёдтаре барои худ дастрасӣ дошта бошанд.
Агар шумо кор мекунед
Маоши ҳадди ақалл дар ҳамаи соҳаҳои иқтисод 200 сомонӣ зиёд мешавад ва акнун он ба 800 сомонӣ (75,20 доллар) баробар аст.
Акнун тоҷикистониён ҳоло бо ин 200 сомонӣ чӣ қадар метавонанд барои худ бештар чизе бихаранд?
Агар шумо донишҷӯ бошед
Донишҷӯён дар Тоҷикистон 4 намуди стипендия мегиранд: президентӣ, олӣ, миёна ва қаноатбахш.
Пеш аз ин болоравӣ стипендияи президентӣ ба 1130 сомонӣ баробар буд.
Олӣ – 448 сомонӣ
Миёна - 324 сомонӣ
Қаноатбахш - 120 сомонӣ
Ҳоло ҳаҷми онҳо 40% зиёд шудааст: бо сомонӣ аз 48 то 452 вобаста ба навъи стипендияҳо.
Пас, донишҷӯён бо ин фарқият чиҳо харида метавонанд? Албатта, касоне, ки стипендияи перзидентӣ мегиранд, имконияти зиёдтар доранд.
Агар шумо нафақахӯр бошед
Доруқуттии нафақахӯр
Касоне, ки фарқияти нафақаашон ҳадди ақалл 150 сомонӣ бошад, метавонанд алоҳида тонометр (фишорсанҷ) бихаранд.
Маҳсулот
Нафақахӯрон аз фарқият на зиёдтар аз касоне, ки маошашонро боло бурданд, истифода карда метавонанд, шояд камтар аз онҳо бошад ҳам.
Онҳое, ки фарқияташон ба 500 сомонӣ мерасад, маҳсулоти зеринро харида метавонанд:
Истироҳат дар осоишгоҳ
Касоне, ки фарқияташон 500 сомонӣ ва зиёдтар аз онро ташкил медиҳад, имкон доранд, ки дар шифохонаҳое ба мисли “Шифо” ва “Баҳористон” ё маҷмааи меҳмонхонаи БМТ истироҳат кунанд, лекин ба муддати ҳамагӣ - як шабонарӯз...
Нархи ҳуҷраи маъмулӣ барои 2 кас аз 140 сомонӣ оғоз мешавад.