Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, вақти парвоз аз Флорида ба Вашингтон гуфт, “рӯзи сешанбе бо раиси ҷумҳур Путин сӯҳбат хоҳам кард. Дар охири ҳафтаи гузашта корҳои зиёде анҷом шуданд. Мо мехоҳем бубинем, ки оё ин ҷангро ба поён расонда метавонем. Шояд мо тавонем, шояд натавонем, аммо ман фикр мекунам, ки мо имкони хеле хуб дорем”.
Пештар Стив Виткофф, фиристодаи Трамп дар умури Ховари Миёна ба CNN гуфта буд, ки “интизор дорам, ки ин ҳафта тамоси телефонӣ миёни ҳар ду президент барқарор шавад”.
Ду рӯз пеш, 16-уми март, Юрий Ушаков, ёвари Путин дар умури хориҷӣ ҳам зикр карда буд, ки “барои мулоқоти Путин ва Трамп омодагӣ ҷараён дорад ва дар ҳолати зарурӣ он барпо мегардад”. Аммо ӯ дар бораи суҳбати телефонии ду раиси ҷумҳур иттилоъ надода буд.
Маврид ба зикр аст, ки ин дуюмин суҳбати телефонии Трамп ва Путин пас аз раиси ҷумҳури Амрико интихоб шудани аввалӣ хоҳад буд. Суҳбати пешини онҳо бештар аз як моҳ пеш, 12-уми феврал ҷараён гирифт.
Пас аз суҳбат Трам онро “тӯлонӣ ва самаровар” номид.
Пас аз ин суҳбати телефонӣ намояндагони Амрико ва Русия бори аввал дар сатҳи вазирони корҳои хориҷӣ дар Арабистони Саудӣ мулоқот ва музокирот карданд. Дар ин мулоқот қатъи ҷанг дар Украина низ баррасӣ шуд Пас аз он ҷонибҳо эълон намуданд, ки барои барқарор кардани равобити дар замони ҳукумати Ҷо Байден қариб кандашуда, талош хоҳанд кард. Ва баъди ин мулоқот дар равобити ду кишвар воқеан нармиш мушоҳида гардид.
Пас аз мулоқот бо ҳайати Русия, Трамп бо Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина низ мулоқот намуд, аммо он ҷанҷолбарагез шуд. Ҷонибҳо ба ҳеҷ мувофиқа нарасиданд, аз ҷумла созишнома миёни ду кишвар оид ба коркарди захираҳои Украина аз сӯйи ИМА, ки Трамп гуфта буд имзо мешавад, имзо нашуд ва Зеленский Кохи сафедро тарк кард.
Пас аз қариб ду ҳафтаи ин, ҳайатҳои Амрико ва Украина дар Арабистони Саудӣ мулоқот карданд пас аз музокирот пешниҳоди Вашингторо дар бораи қатъи сирӯзаи ҷанг пазируфтанд. Раиси ҷумҳури Русия низ гуфт, дар умум бо ин пешниҳод розӣ аст, аммо масоили кӯчаки ҳалталабро бояд ҳал кард.
Ҳоло Амрико талош дорад Маскавро мутақоид кунад, то созиши оташбаси 30 рӯзаро қабул кунад.




Эрон бо чӣ роҳ мехоҳад дар ҷанг пирӯз шавад? Роҳбурди ҷангии Ҷумҳурии Исломӣ дар баробари ҳамлаи Амрико ва Исроил
"Бо иштиҳои том!" Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт
Аз 1-уми апрел дар Русия Telegram масдуд мешавад. Муҳоҷирон чӣ гуна метавонанд бо пайвандонашон дар тамос бошанд?
Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст
Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53
Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон бо сафари дурӯзаи давлатӣ ба Ӯзбекистон меравад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 марти соли 2026
Доми қарз. Чӣ гуна дар Тоҷикистон метавон қарз гирифт ва баъд пушаймон нашуд?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста