Китоби нави рӯзноманигори тоҷик Суҳроби Зиё таҳти унвони “Муждаи субҳ” ба чоп расид, ки маҷмӯаи очерку мусоҳибаҳои ӯ бо чеҳраҳои шинохтаи илму адаби кишварро фаро мегирад.
Суҳроби Зиё ин очерку мусоҳибаҳоро дар солҳои гуногуни фаъолияти рӯзноманигории худ таълиф кардааст.
Китоби мазкур аз 5 бахш иборат аст:
- “Дар суҳбати академик Муҳаммадҷон Шакурӣ”;
- “Дар суҳбати соҳибдилон”;
- “Чеҳраномаҳо”;
- “Сӯгномаҳо”;
- ва “Як достон ба поси хотири падарам”.
Ду бахши аввали китоб фарогири мусоҳибаҳои Суҳроби Зиё бо академик Муҳаммадҷон Шакурӣ, академик Саъдинисо Ҳакимова, шоирони маъруф Муъмин Қаноат, Бозор Собир, Фарзона, адибон Абдулҳамид Самад, Абдураҳмони Абдуманнон, рассом Сабзалӣ Шариф ва коргардон Сафарбеки Солеҳ мебошад.
Дар бахшҳои баъдӣ очерку чеҳракушоиҳои муаллиф дар бораи академик Минҳоҷ Ғуломов, журналист Искандар Мирзоев, ҳунарманд Ортиқи Қодир, журналист Бобоҷон Икромов, сиёсатмадор Бӯрӣ Карим, ҳунарпеша Раҷабгул Қосимова, сароянда Фурқати Саид ва дигарон пешниҳоди хонанда шудааст.

Ба китоби “Муждаи субҳ” журналисти шинохта Обид Шакурзода сарсухан навиштааст.
Суҳроби Зиё журналисти шинохтаи тоҷик аст. Ӯ аз охири солҳои 80-ум фаъолияти кориашро дар Кумитаи давлатии радио ва телевизиони Тоҷикистон оғоз карда, баъдан дар ҳафтаномаҳои “Оинаи зиндагӣ” ва “Тоҷикистон” фаъолият кардааст.
Аз моҳи майи соли 1997 то ҳоло дар дафтари бахши форсии ВВС дар Тоҷикистон кор мекунад.
Суҳроби Зиё дар баробари таҳияи садҳо гузориш ва матолиби онлайнӣ, ҳамчунин, муаллифи се филми мустанад аст. Яке аз онҳо дар бораи филмбардор ва аксбардори шинохта Заур Дахте, дуюми дар бораи ҳунари балет дар Тоҷикистон ва сеюм дар бораи шоири маъруфи тоҷик Фарзона, ки ҳар се тариқи телевизиони форсии ВВС пахш шудааст.
Ёдовар мешавем, ки нахустин китоби Суҳроби Зиё бо номи “Устураи фарҳанг ва ҳунари тоҷик” ба табъ расид, ки ба рӯзгор ва осори филмбардор ва аксбардори маъруфи тоҷик Заур Дахте бахшида шудааст.
Тағйирот дар Ҳаҷ – 2025. Акнун тариқи ширкатҳои хориҷӣ касе наметавонад маносики ҳаҷро адо кунад
“Баланд бардоштани малака ва маҳорати наврасону ҷавонони Тоҷикистон барои кор ва зиндагӣ”. Баргузории конфронси ҷумҳуриявӣ аз ҷониби ЮНИСЕФ ва Иттиҳоди Аврупо
Ҳавлӣ, хона, ду мошин ва 230 ҳазор сомонӣ. Мақомот ба мусодираи амволи чеҳраҳои “парвандаи табаддулот" оғоз карданд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Дардҳои гиреҳхӯрда. Ҳикояи “Ҷароҳат” қисми 4
Рӯзи пойтахти Тоҷикистон: Душанбе ҷашни худро чӣ гуна таҷлил мекунад?
Пешгӯии сустшавии рушди иқтисоди Тоҷикистон бар асари коҳиши интиқоли пул аз ҷониби муҳоҷирон
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 17 апрели соли 2025
Баъди 13 рӯзи озодӣ аз маҳбас. Боздошти як ҷавон бо гумони дуздии телефону дучарха
Маошу нафақа ва идрорпулӣ дар соли 2025 аз кадом ҳисоб зиёд мешаванд?
Вазири дифои Тоҷикистон дар Эрон. Бо киҳо вохӯрд ва кадом масъалаҳо баррасӣ шуданд?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста