Агар пештар муҳоҷирон, ки аз Тоҷикистон ба Русия барои кор мерафтанд, ба ин кишвар роҳ дода намешуданд, ҳоло донишҷӯён низ ба ин мушкилот дучор шудаанд.

Чанде пеш яке аз корбарон дар Facebook суол дод: «Чаро донишҷӯёни Тоҷикистон, ки дар Русия таҳсил мекунанд, ба ҳудуди ин кишвар роҳ дода намешаванд?».

Ба гуфтаи ӯ, яке аз наздиконаш, ки шаҳрванди Русия несту донишҷӯ мебошад, бояд ба Қазон парвоз мекард. Аммо, тавре ки ӯ навиштааст, ба онҳо рӯйхати номҳое фиристода шуд, ки ба онҳо вуруд ба қаламрави кишвар иҷоза дода нашудааст. Аммо ӯ шарҳ надод, ки ин рӯйхат чист, кӣ онро фиристодааст ва киҳо дар он номбар шудаанд.

Худи корбарон зуд шарҳ доданд, ки дар Қазон аз 22 то 24 октябр Нишаст (саамит)-и сарони кишварҳои БРИКС баргузор мешавад ва омодагӣ ба ин чорабинӣ идома дошта, аз ин рӯ, дар раванди таҳсил тағйирот ворид шудааст.

Россотрудничество низ дар канали Telegram-и худ хабар дод, ки бинобар баргузории нишаст, таҳсили рӯзонаи донишҷӯёни хориҷӣ танҳо аз моҳи ноябр оғоз мешавад, аммо дар он ҷо танҳо дар бораи Донишгоҳи федералии Қазон (Приволже) сухан мерафт.

«Аз 1 сентябр таҳсил дар шакли кори мустақил бо истифода аз технологияҳои фосилавӣ роҳандозӣ мешавад. Раванди таълими рӯзона ва истиқомат дар хобгоҳҳои донишгоҳ аз 1 ноябр оғоз меёбад. Аз ин рӯ, донишгоҳ шаҳрвандони хориҷиеро, ки тибқи квота барои таҳсил ба Донишгоҳи федералии Қазон равона шудаанд, огоҳ мекунад, ки на дертар аз 31 октябр ба донишгоҳ оянд», - навиштааст ин ниҳод.

Маълум нест, ки ин ба дигар мактабҳои олии минтақа дахл дорад ё не.

Тавре ки ба “Азия-Плюс” аз Вазорати маорифи Тоҷикистон хабар доданд, дар бораи ба Русия роҳ надодани донишҷӯён то ҳол ба онҳо ҳеҷ арзу шикояте нарасидааст.

Санҷиши иловагӣ

Аксарияти корбарон дар шарҳҳо зикр карданд, ки фарзандон ё наздиконашон зимни парвоз ба Русия барои таҳсил ба мушкилоте дучор нагардида, аммо маҷбур шудаанд, ки бинобар "санҷиши иловагӣ", чанд соат интизор шаванд.

Масалан, яке аз модарон гуфтааст, ки бинобар санҷишҳо писараш панҷ соат дар навбат интизорӣ кашида, баъд ба парвоз роҳ ёфтааст.

«Ӯ дар Маскав таҳсил мекунад. Санҷишҳо тӯлонӣ буд, зеро одамон бисёр буданд – 400 нафар. Аммо худи ӯ зуд ва бе мушкил аз санҷиш гузашт, зеро донишҷӯ ва бо забони русӣ хуб ҳарф зада, тавонист мақсади сафараш ва дар куҷо зиндагӣ карданашро фаҳмонад, мушкиле надошт. Бино ба мушоҳидаҳои худи ӯ: одамоне меомаданд, ки ҳатто намедонистанд, дар куҷо зиндагӣ мекунанд... Вилояти Твер... дигар наметавонанд ягон шаҳр ё суроғаи дигарро номбар кунанд... ҳатто намедонистанд», - мегӯяд зан.

Телефонҳои мобилии мусофирон ва мукотибаҳои онҳоро низ тафтиш карданд, аммо касе дар бораи дини писарам напурсид. Ҳатто дар бораи миллаташ низ савол надоданд. Фарзанди ман метис (миллати волидон гуногун) аст».

Як зани дигар низ гуфт, ки духтарашро ҳам иловагӣ тафтиш карданд, аммо мушкиле пеш наомадааст.

«Ӯ 25 август ба Санкт-Петербург парвоз кард, донишҷӯи соли дуюми Донишгоҳи давлатии Санкт-Петербург аст. Шаҳрванди Русия нест, аммо мушкиле пеш наомад. Ӯро ҳам иловагӣ тафтиш карданд, вале саволе надода, танҳо ҳуҷҷатҳояшро диданд», - гуфт ӯ.

Сабабашро намегӯянд

Ба гуфтаи корбарон, донишҷӯёни Тоҷикистон бидуни мушкил барои таҳсил ба Томск, Маскав ва Красноярск парвоз кардаанд ва надоштани шаҳрвандии Русия барои бисёре аз онҳо монеа нашудааст. Аммо, истисноҳо низ буданд.

«Шиноси ман донишҷӯи соли сеюми таҳсил дар Маскав аст. Муддати тамоми солҳои таҳсилаш танҳо имсол ба Душанбе омад, то ки падарро бубинад, аммо ҳоло наметавонад баргардад, ӯро роҳ намедиҳанд. Ҳатто ба донишҷӯи соли сеюм буданаш ҳам касе парво надорад. (((( Ҳоло падараш талош дорад, ки писарашро дубора ба Русия фиристад, аммо, мутаассифона, ҳамаи кӯшишҳо бенатиҷаанд», зикр кардааст Алиса Никулина.

Ба гуфтаи як модари дигар, писараш 25 август бидуни мушкил барои таҳсил ба Красноярск парвоз карда, аммо чаҳор донишҷӯи дигарро баргардонидаанд. Ҳеҷ кас сабабҳояшро шарҳ надодааст.

«Санҷишҳо ҳоло хеле ҷиддӣ ҷараён доранд. Маҳз донишҷӯён як гурӯҳи заъиф барои ҷалб аз ҷониби ифротгароён (экстремистҳо) мебошанд. Онҳое, ки аз санҷиш нагузаштанд, ба ватан баргардонида мешаванд. Ва дуруст мекунанд», - мегӯяд Малоҳат Тоҳирова.

«Дар асл нодуруст масъалагузорӣ шудааст, бе ягон маълумот менависед, ки чаро донишҷӯёнро ба ҳудуди Русия роҳ намедиҳанд? Ин чӣ гуна савол аст? Ҳар рӯз ба Русия 3 парвоз сурат мегирад ва то ҳол ҳеҷ кас бо ҳамон хатсайр барнагаштааст, шиносномаи ҳама санҷида ва ба парвоз иҷоза дода мешавад, ҳамааш муқаррарист, ҳеҷ чизе тағйир наёфтааст, танҳо дар парвозҳо ба Маскав нисбат ба пешина санҷиш каме зиёдтар тӯл мекашаду халос», - гуфтааст Шаҳрбону Хайриддинова.

Ёдрас мекунем, ки ҳанӯз моҳи июн барои шаҳрвандони Тоҷикистон зимни парвоз ба Русия мушкилоти рӯйи кор омад. Масалан, 14 июн дар фурудгоҳи Внуково хадамоти махсуси Русия ба 30 шаҳрванди Тоҷикистон, ки аз Душанбе омада буданд, иҷозаи вуруд надоданд. Рӯзи 16 июн баъзе аз онҳо гуфтанд, ки мақомоти қудратии Русия онҳоро «дарди сар» барои кишвар номиданд. Миёни онҳо занону кӯдакон низ ҳузур доштанд.

“Азия-Плюс” дар навбати худ бо шахсоне, ки барои вурудашон ба Русия иҷоза нашуд, суҳбат кард. Онҳо ба мо изҳор доштанд, ки натанҳо ҳуҷҷат, балки телефонҳояшон, бахусусу мукотиба дар онҳо мавриди санҷиш қарор гирифтааст.

Доир ба сабабҳои манъи вуруд ба Русия барои бархе аз шаҳрвандони Тоҷикистон на ҷониби Тоҷикистон ва на Русия расман чизе намегӯянд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.