Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистонро, ки имрӯз, 12-уми марти соли 2025, бо як сафари давлатии дурӯза ба Бишкек сафар кард, Содир Жапаров, раиси ҷумҳури Қирғизистон дар Фурудгоҳи байналмилалии “Манас” пешвоз гирифт. Дар ин бора Хадамоти президенти Тоҷикистон хабар медиҳад.
Ба иттилои манбаъ саҳни фурудгоҳи байналмилалии Бишкек ба хотири пазироии Эмомалӣ Раҳмон бо парчамҳои давлатии ду кишвар, аксҳои сарони ду давлат ва шиорҳои тараннумгари дӯстии мардумони ду ҳамсоякишвар идона оро ёфта буд.
Ба навиштаи хабаргузории “АКИpress” "роҳбарони ду давлат барномаи консертии ҳунармандони қирғизро, ки сурудҳои қирғизиву тоҷикӣ сароиданд, тамошо карданд".
Сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба Қирғизистон ду рӯз, 12-13-уми март идома меёбад. Дар ин сафар раиси ҷумҳури Тоҷикистонро гурӯҳи калони ҳайати расмӣ аз ҳисоби роҳбарони вазорату идораҳои давлатӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.
Бояд гуфт, ки ин аввалин сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба Қирғизистон пас аз имзои созишнома миёни комиссияи байнидавлатӣ оид ба муайянкунии сарҳад мебошад. Созишномаи мазкур моҳи гузашта имзо гардид ва ҳоло ҳамаи расмиёти заруриро нагузаштааст. Аз ҷумла аз ҷониби раисони ҷумҳури ду кишвар имзо нашудааст ва дар парлумонҳои ду кишвар ҳам ба тасвиб нарасидааст.
Тибқи иттилои дастрасгардида, пагоҳ сарҳади давлатии ду кишвар пас аз қариб 4 соли баста будан, дубора боз мешавад. Эҳтимол аст раисони ҷумҳури ду кишвар дар маросими боз кардани гузаргоҳи сарҳадӣ ба таври маҷозӣ иштирок кунанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста