Дар Тоҷикистон маблағи кумакпулии иҷтимоӣ барои шаҳрвандони камбизоат зиёд мешавад. Кадом оилаҳо камбизоат шуморида мешаванд, дар куҷо ва кадом мақомот ба онҳо кумакпулии иҷтимоӣ медиҳад. Ба ин саволҳо ва дигар масъалаҳои марбут ба ин “Азия-Плюс” бо Шодихон Ҷамшед, муовини вазири тандурустӣ суҳбат кард.
Ҳафтаи гузашта “Азия-Плюс” хабар дода буд, ки дар Тоҷикистон маблағи кумакпулии унвонии иҷтимоӣ зиёд карда шуда, маблағи кумакпулӣ аз 720 сомонии ҳозира то ба 792 сомонӣ боло меравад.
Кадом оилаҳо камбизоат дониста мешаванд?
- Чӣ гуна аз рӯи қонун муайян карда мешавад, ки оила камбизоат аст?
- Асосҳои ҳуқуқӣ, молиявӣ ва ташкилии расонидани кумакпулии унвонии иҷтимоӣ (КУИ) ба шаҳрвандон (оилаҳо)-и камбизоат дар Қонун “Дар бораи кумакпулии унвонии иҷтимоӣ” аз 24 феврали соли 2017 № 1396 муайян карда шудааст.
Мувофиқи Замима ба қарори ҳукумат аз 14 майи соли 2020 №271 “Тартиби таъин, маблағгузорӣ ва пардохти кумакпулии унвонии иҷтимоӣ ба оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат” (банди 2), камбизоатии оилаҳо ва шаҳрвандон дар асоси Методикаи муайян намудани оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат, ки аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар мувофиқа бо Вазорати молия ва Агентии омор таҳия мегардад, муайян карда мешавад.
Шаҳрвандони Тоҷикистон, ки худро камбизоат мешуморанд ва дар шароити душвори зиндагӣ қарор дошта, имконияти аз ин ҳолат мустақилона баромаданро надоранд, барои гирифтани кумакпулии унвонии ичтимоӣ муроҷиат мекунанд.
Ариза ба мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, идораи коммуналию манзилӣ ё кумитаи маҳаллаи ҷои истиқомат пешниҳод мешавад.
Муфассалтар чӣ гуна ҳисоб шудани онро шарҳ медодед?
- Кумакпулии унвонии иҷтимоӣ дар натиҷаи коркарди маълумот дар махзани ягонаи феҳристи иттилоотии кумакпулии унвонии иҷтимоӣ тибқи талаботи Методикаи муайян намудани оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат таъин ва ё рад карда мешавад.
Ба шаҳрвандони яккаву танҳои пиронсол, ки дар шароити душвори зиндагӣ қарор доранд, кумакпулии унвонии иҷтимоӣ ба тариқи истисно таъин ва пардохт карда мешавад. Шахсони яккаву танҳои пиронсол онҳое ҳисобида мешаванд, ки ба синну соли нафақа расида (занҳо аз 58-сола ва мардҳо аз 63-сола боло), талаботи худро мустақилона таъмин карда наметавонанд ва дар ҳудуди ҷумҳурӣ хешу табори наздике, ки онҳоро нигоҳубин карда тавонанд, надоранд.
Ба оилаҳое, ки дар ҳайати худ маъюби гурӯҳҳои I ва II ё зиёда аз ду шахси маъюб доранд, инчунин ба падару модари танҳо, ки кӯдаки маъюбро тарбия мекунанд, ҳангоми муайян намудани нишондиҳандаи умумии сатҳи зиндагии оила бартарӣ дода мешавад.
Мувофиқи “Методикаи муайян намудани оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат барои барои гирифтани кумакпулии унвонии иҷтимоӣ”:
- маълумоти дастрасшуда дар бораи индикаторҳои муайянкунандаи сатҳи некуаҳволии оила бо ёрии барномаи компютерии коркарди автоматии маълумот коркард мешавад;
- ҳар як нишондиҳандаи индикаторҳо, ки сатҳи некуаҳволии оиларо муайян мекунад, дорои вазн (ҳаҷм)-и муайяни худ мебошад, ки мутобиқи таъсири он ба некуаҳволии оила ҳисоб шудааст ва бо назардошти коррелятсияи индикаторҳо бо сатҳи камбизоатӣ таҳия гардидааст.
- бо назардошти нишондиҳандаҳои вазни ҳар як индикатор, арзёбии инфиродӣ гузаронида шуда, индекси некӯаҳволии оила - миқдори баллҳо (холҳо) муайян карда мешавад.
Миқдори баллҳо дар реҷаи автоматикӣ тавассути барномаи автоматишуда бо истифода аз формулаи махсуси ҳисоббарорӣ барои сокинони минтақаҳои шаҳрӣ ва сокинони деҳот алоҳида ҳисоб карда мешавад. Ҳамзамон, минтақаи истиқомати оила низ ба инобат гирифта мешавад.
Барои кумак ба куҷо метавон муроҷиат кард?
- Барои тасдиқи мақоми оилаи камбизоат чӣ гуна ҳуҷҷатҳо заруранд?
- Ба шаҳрвандоне, ки барои гирифтани кумакпулии унвонии иҷтимоӣ муроҷиат менамоянд, аз ҷониби шахсони масъули мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, идораи коммуналию манзилӣ ва кумитаи маҳалла варақаҳои (ҳуҷҷатҳои) зарурӣ, аз ҷумла "Ариза дар бораи таъин намудани кумакпулии унвонии иҷтимоӣ" "Маълумотнома дар бораи ҳайати оила" ва "Маълумот дар бораи даромад ва молу мулки ҳамаи аъзои оила" ба таври ройгон дода мешаванд.
Ариза дар бораи таъин намудани кумакпулии унвонии иҷтимоӣ, маълумотнома дар бораи ҳайати оила ва маълумот дар бораи даромад ва молу мулки ҳамаи аъзои оила бо имзои раиси ҷамоати шаҳрак ё деҳот, сардори идораи манзилию коммуналӣ ва ё кумитаи маҳаллаи ҷои истиқомати аризадиҳанда тасдиқ карда мешаванд.
- Кумаки иҷтимоиро дар куҷо ва кадом мақомот ба оилаҳои камбизоат медиҳад?
- Пардохти кумакпулии унвонии иҷтимоӣ ба таври нақдӣ ё бо роҳи интиқоли маблағ ба суратҳисоби махсуси (депозитии) шаҳрванд, инчунин бо истифода аз кортҳои пардохтии бонкӣ тавассути марказҳои хизматрасонии бонкии филиалҳои БДА ҶТ "Амонатбонк" дар маҳалли зисти аризадиҳанда анҷом дода мешавад.
Маблағи кумакпулии унвонии иҷтимоие, ки сари вақт бо айби сардори оила ва шаҳрванди камбизоат гирифта нашудааст, дар моҳҳои минбаъда пардохт карда мешавад.
Агар кумакпулии унвонии иҷтимоии таъингардида дар давоми шаш моҳ гирифта нашавад, маблағи пардохтнашуда аз ҷониби БДА ҶТ "Амонатбонк" ба буҷети ҷумҳуриявӣ баргардонида мешавад.
- Мақоми оилаи камбизоат чӣ қадар давом мекунад?
- Муҳлати амали мақоми хонаводаи камбизоат 12 моҳ аз санаи таъини кумакпулии унвонӣ мебошад.
- Барои оилаи камбизоат боз чӣ гуна имтиёзҳо пешбинӣ шудааст?
- Мақоми камбизоатӣ ҳуқуқ медиҳад ба:
- кумакпулии якдафъаина дар ҳолатҳои фавқулода. Масалан, дар замони коронавирус он дар ҳаҷми 500 сомонӣ пардохт мешуд, айни замон маблағи он 600 сомониро ташкил медиҳад. Ин пардохтҳои якдафъаина мебошанд;
- кумакпулӣ барои дафни узви оила дар ҳаҷми 20 нишондиҳанда барои ҳисоб (пардохти кумакпулӣ барои дафн аз ҷониби Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа анҷом дода мешавад);
- тахфиф дар пардохти табобат дар муассисаҳои тибии давлатӣ ба иловаи номгӯи навъҳои бепули кумаки тиббӣ мувофиқи қарори ҳукумат аз 2 декабри соли 2008 №600 “Дар бораи тартиби хизматрасонии тиббию санитарӣ ба шаҳрвандони Тоҷикистон дар муассисаҳои системаи давлатии тандурустӣ”;
- кумаки моддӣ ё дигар кумак, ки аз ҷониби мақомои иҷрояи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ расонида мешавад.