- Шумо дар рӯзнома аз солҳои аввали таъсиси он ба ҳайси коргузору хабарнигор то роҳбари ҳайъати таҳририя кор мекунед. Дар ин чаҳоряк аср ҷаҳон ба кулли тағйир ёфт. Дар идораи рӯзнома чӣ тағйир ёфт?

- Бисёриҳо даҳсолаи аввали асри 21-ро “давраи тиллоӣ”-и рӯзноманигории тоҷик меноманд. Ман бо ин арзёбӣ мувофиқам. Дар он солҳо рӯзноманигорон метавонистанд қариб дар бораи ҳама чизе, ки барои ҷомеа муҳим буд, бидуни тарс ё таъқиб матлаб нависанд.

Ҳамаи мансабдорон, сиёсатмадорон, намояндагони мухолифин – умуман ҳама – комилан дастрас ва барои ҳамкорӣ омода буданд. Рӯзноманигор метавонист ба назди ҳар роҳбар, ҳатто вазир, равад, баъзан ҳатто бе мувофиқаи пешакӣ. Ва мо ҳамеша ба саволҳои худ ҷавоб мегирифтем.

Ин фазои бози ҷомеаро аз даст додем. Ҳоло ба саволҳои рӯзноманигорон аксар танҳо дар шакли хаттӣ ҷавоб медиҳанд ва ё баъзан тамоман ҷавоб ҳам намедиҳанд. Роҳбарони мақомоту идораҳо бо расонаҳо тамос намегиранд, аз ин рӯ, онҳоро хонандагони мо ва мардум намешиносанд.

Барои рӯзноманигороне, ки давоми 7-10 соли охир ба ин соҳа омаданд, дилам хеле месӯзад, зеро онҳо комилан ҳамчун рӯзноманигор фаъолият намекунанд, балки танҳо вазифаҳои алоҳидаро иҷро мекунанд.

- Ҳадафи аслии таъсиси рӯзномаи “Азия-Плюс” чӣ буд: саҳмгузорӣ дар огоҳии ҷомеа, шӯҳрат, пул? Оё ба ҳадафи худ ноил гардид?

- Ҳадафи асосии таъсиси рӯзнома васеъ кардани аудиторияи мо буд. Аз соли 1996 “Азия-Плюс” ҳамчун як оҷонсии иттилоотӣ фаъолият мекард. Оҷонсӣ ҳар рӯз хабарҳо ва варақаи таҳлилӣ омода намуда, онро танҳо ба муштариён равон мекард.

Давоми 5 сол дар оҷонсӣ як гурӯҳи қавии рӯзноманигорон гирд омаданд, ки мундариҷаи хеле босифат таҳия мекарданд. Вале он танҳо ба муштариёни мо - дастгоҳи президент, бархе аз вазоратҳо, созмонҳои байналмилалӣ ва бонкҳо дастрас буд. Ин мухотаби бонуфуз, вале маҳдуд буд.

Кормандони ҳайати таҳририяи «Азия-Плюс», соли 2021

Баъдтар роҳбари “Азия-Плюс” дарк кард, ки ин доираи маҳдуд аст ва он замон ғояе тавлид ёфт, ки матолиби “Азия-Плюс” бояд барои доираи васеи хонандагон дастрас шаванд. Аз ин рӯ, тасмим гирифта шуд, ки як рӯзномаи оммавии иҷтимоӣ-сиёсӣ таъсис дода шавад. Ва ин тасмим рӯйи кор омад – ба шарофати муҳтавои босифат рӯзнома зуд маъруфият пайдо карда, мухотаби “Азия-Плюс” ҳазорҳо маротиба афзуд.

Аз лиҳози даромад бошад, рӯзнома на он қадар зуд фоидаовар шуд. Аммо баъд аз чанд сол рӯзномаи мо бештарини теъдоди нашр ва рекламаро ба даст овард. Муддати тӯлонӣ дар гурӯҳи расонаии мо танҳо рӯзнома аз ҳама бештар даромад оварда, хароҷоти дигар сохторҳои моро мепӯшонд.

 

“Дар бораи даромад кайҳо боз сухан намеравад”.

- Ҳоло “Азия-Плюс” дар бозори расонаҳои Тоҷикистон кадом мавқеъро соҳиб аст?

- Шояд ин каме хоксорона набошад, аммо воқеият чунин аст – тӯли солҳои зиёд “Азия-Плюс” дар бозори расонаҳои Тоҷикистон мақоми аввалро касб мекунад. Ва ҳоло ҳам чизе тағйир наёфтааст.

- “Азия-Плюс” чӣ гуна тавонист рисолати рӯзноманигориро ҳифз кунад? Ҳоло низ метавонед масоили мубрами ҷомеаро инъикос ва баррасӣ кунед?

- Албатта, ҳоло кор кардан осон нест, аммо медонед, ҳамеша як ҷойгоҳе вуҷуд дорад, ки онро метавон ишғол кард. Бо нишон додани воқеияти мавҷуда метавон бисёр чизҳоро инъикос кард. Ин ҳатман маънои интиқоди касеро надорад, ҳатто бештар аз ин самараноктар аст, агар интиқод накуниву балки нишон диҳӣ, ки чӣ гуна бояд бошад.

- Давоми чанд соли охир бисёре аз расонаҳои ғайриҳукуматӣ баста шуданд, теъдоде аз рӯзноманигорон тарки пеша карданд. Аммо “Азия-Плюс” пайваста рушд мекунад, ҳамқадами замон аст ва ҳамчун як манбаъи муҳими иттилоъ барои ҷомеа боқӣ мондааст. Ин натиҷаи созиш ё пойбандӣ ба арзишҳои рӯзноманигорӣ аст?

- Ҳам ину ҳам он. Ҳамеша созиш вуҷуд дорад, аммо маҳз арзишҳои касбӣ чизест, ки дар тӯли 25 сол ҳайати таҳририяи моро нигоҳ медорад. Бале, ин осон нест, аммо кӣ гуфтааст, ки осон хоҳад буд? Бале, шояд ҳатто мушкилтар шавад, аммо мо мисли пештара умед дорем, ки беҳтарин чизҳо ҳанӯз дар пешанд.


 

- Дар замони рақамӣ чаро ба нашри газета идома медиҳед?

- Мо ҳанӯз хонандагони зиёде дорем, ки бо рӯзномаи мо ба воя расидаанд. Имрӯз бисёре аз онҳо албатта на 25-солаанд, балки хеле калонтар ва маҳз онҳо аудиторияи содиқи мо мебошанд. Аммо мо танҳо барои онҳо кор намекунем ва хурсандем, ки дар байни хонандагони рӯзнома аудиторияи ҷавонтар низ ҳаст.

Ин муҳим аст, ҳамон тавре ки ба як тамғаи маъруф табдил ёфтани рӯзномаи “Азия-Плюс” низ муҳим аст. То замоне ки тавонем онро нигоҳ дорем, ин корро идома медиҳем. Ин акнун бештар як лоиҳаи нуфузу обрӯмандии мост. Дар бораи даромад кайҳо боз сухан намеравад.

 

- Чӣ андеша доред, метавонад рӯзномаи шумо 30 ё 50 солагии худро таҷлил кунад?

- Вақт нишон медиҳад. Зиндагӣ ба мо як чизро омӯзонид – ҳама чиз зуд ва ғайричашмдошт тағйир меёбад. Комилан эҳтимол дорад, ки рӯзе одамон аз хондани хабарҳо дар телефон хаста шаванд ва ба рӯзномаи хубу куҳна майл кунанд.

 

Ояндаи “Азия-Плюс”

- Оё дар мавриди нашри матолиб бо забони тоҷикӣ дар рӯзнома андеша накардаед?

- Мо фикр мекардем, ки чанд саҳифаи рӯзномаро бо забони давлатӣ нашр кунем ва борҳо ин масъаларо бо роҳбарият баррасӣ ҳам кардем. Вале то ҳол сари як фикри ягона наомадаем.

- Дар ҳоле, ки бисёре аз расонаҳои Тоҷикистон вазъи бӯҳронӣ доранд, муваффақият ва рушди “Азия-Плюс”-ро ба мудирияти самаранок рабт дод?

- Буҳрон ба ҳама таъсир расонд ва ҳанӯз ҳам таъсираш эҳсос шуда, “Азия-Плюс” низ истисно нест. Вале бисёр чизҳоро, гарчанде ин сухан забонзада шуда бошад ҳам, кадрҳо ҳал мекунанд.

Медонед, “Азия-Плюс” ҳамеша, дар тӯли 30 сол (ман дар назар дорам таърихи агентии иттилоотиро низ) як мактаби кадрҳо ва аксар вақт зинаи ҷаҳиш барои бисёриҳо буд – рӯзноманигорон, кормандони бахши реклама, мудирон. Ин то ҳол боқӣ мондааст.

Дар мавриди идоракунии самаранок, ба фикрам, албатта, бидуни он мо наметавонистем дар бозор ин қадар тӯлонӣ муваффақ бошем.

- Дар ин 25 сол дар “Азия-Плюс” беш аз сад рӯзноманигор кор кард. Яъне мактабе гардид ин расона. Дар ташаккури ин мактаб саҳми кӣ бештар аст? Метавонед номи касеро зикр кунед?

- Пеш аз ҳама, албатта, худи Умед Бобохонов. Бениҳоят муҳим аст, ки раҳбари расона натанҳо як менеҷер, балки худ аз соҳаи расонаҳо бошад. Бовар кунед, ин нисфи кор аст. Ӯ метавонад маслиҳати дуруст диҳад, тамоми ҳайати таҳририяро роҳнамоӣ кунад ё баъзан танҳо монеъ нашавад – ба одамон, ҳатто ба навкорон, имкон диҳад, ки худро нишон диҳанд.

Умед Бобохонов

Ба туфайли чунин муносибат “Азия-Плюс” ба як навъ “макони нерӯ”-и рӯзноманигорони муосир, боистеъдод ва мустақил табдил ёфт.

Маҳз ҳамин шахсон рӯзномаро ба сатҳе расонданд, ки имрӯз бисёриҳо онро чунин маъруф мешиносанд.

Инчунин, ин Зафар Абдуллоев, сармуҳаррири аввали рӯзнома, Марат Мамадшоев, сармуҳаррири хирадманди мо, рӯзноманигорони варзида Парвина Ҳамидова ва Рухшона Олимова. Ин Набӣ Юсупов, Лилия Гайсина ва Рамзия Мирзобековаи боистеъдод, устодони сухан Манижа Қурбонова ва Ҳайдар Шодиев.

Баъдтар ба рӯзнома истеъдодҳои нав ба мисли Пайрав Чоршанбиев ва Сайфиддин Қараев пайвастанд. Каме дертар ҳайатро Баҳманёр Нодиров, Ҷасур Абдуллоев, Мазҳаб Ҷумъа, Алия Ҳамудуллина, Ширин Раҳмонова ва бисёр-бисёр рӯзноманигорони дигар такмил доданд.

Намехоҳам касеро фаромӯш кунам, аммо якояки кормандони “Азия-Плюс” истеъдоди барҷаста доранд.

1/14

 

- Имрӯз “Азия-Плюс” аз куҷо рӯзноманигорони боистеъдодро меёбад?

- Дар ин масъала мушкилиҳо ҷой доранд: рӯзноманигорони ҷавоне, ки на пулкоркунӣ меоянд (зеро расонаҳо ҷойи пулкоркунӣ нестанд), балки мехоҳанд кор кунанд, торафт камтар мешаванд. Ва мутаассифона ҷавонони андешадор боз ҳам камтаранд. Вале ман хеле шодам, ки мо метавонем чунин ҷавононро пайдо кунем.

- Чор сол пеш дар як мусоҳиба гуфта будед, ки ба беҳ шудани фазои рӯзноманигорӣ дар солҳои наздик бовар надоред. Ҳоло умеде пайдо шудааст?

- Дар асл, умед ҳамеша боқӣ мемонад. Вагарна, пас ҳамаи ин барои чист?

- Он замон ҳамчунин зикр карда будед, ки пайдо шудани чеҳраҳо ва лоиҳаҳои нав умедворкунанда аст. Чӣ фикр доред, рӯзноманигории тоҷик оянда дорад?

- Мо ҳар сол лоиҳаҳои бениҳоят зиёдро амалӣ мекунем. Паси ҳар яке аз онҳо одамоне ҳастанд, ки мехоҳанд чизеро тағйир диҳанд. Ин хеле арзишманд аст.

Одамони нав ҳастанд ва ман масалан, бахусус аз бахши тоҷикии дар ҳоли рушд қарордоштаи мо ифтихор мекунам, ки дар он чеҳраҳои ҷавони зиёде ҳастанд.

Ифтихор ва миннатдории хос ба хидмати бахши шабакаҳои иҷтимоӣ (SMM)-и мо бо сарварии Амонулло Хайруллоев, ки тавонист дастаи ҷавонони боистеъдод ва ҳавасмандро гирд оварад. Ҳамаи ин ояндаи мост. Дар асл, онҳо ҳамин ҳоло, ҳар рӯз ояндаро эҷод мекунанд.

Кушодашавии идораи нави "Азия-Плюс"

 

Сари забонҳову дар сафи пеш будан

- Чӣ шуморо барои идомаи кор дар ин соҳа ангеза мебахшад?

- Маҳз ҳамин одамон ҳар рӯз маро рӯҳбаланд мекунанд. Барои ин ташаккур ба онҳо!

 

- Бисёриҳо мегӯянд, ки рӯзноманигорӣ дар Осиёи Марказӣ рӯз аз рӯз хатарнок мешавад. Бо ин ҳам, ба ҷавонон тавсия медиҳед, ки ба рӯзноманигорӣ пайванданд? Агар ҳа, барои чӣ?

- Ин касб ҳамеша хатарнок буд ва натанҳо дар Тоҷикистон ё Осиёи Марказӣ, балки ин як тамоюли ҷаҳонист.

Ва бале, ман тавсия медодам, аммо танҳо ба онҳое, ки на барои дарёфти сармоя, балки аз худи касб илҳом мегиранду рӯҳбаланд мешаванд. Охир ин кори воқеан ҳам бениҳоят ҷолиб аст – ҷустуҷӯву пайдо кардан, донистану ба дигарон расондан. Сари забонҳову дар сафи пеш будан.

 

- Чанде пеш маълумоти олии дуюм дар самти равоншиносӣ гирифтед. Ин омодагӣ ба ивази касб аст? Чаро маҳз равоншиносӣ, на ҳуқуқшиносӣ ё иқтисодшиносӣ?

- Ҳа, ман ҳамин рӯзҳо дифоъ кардам. Дар асл, ҳама чиз содда аст: ман ҳамеша ба равоншиносӣ таваҷҷуҳ доштам ва онро ҳангоми таҳсил дар донишкадаи омӯзгорӣ меомӯхтам. Пас, аслан ин маълумоти сеюми ман аст, лекин дуюми олӣ.

Ҳоло худро дар ин касб намебинам, бояд боз бисёр чизҳоро омӯзам. Ва умедворам, ки шавқу рағбати худро аз даст намедиҳам.

Олга Тутубалина
Asia-Plus

- Ҳамкоронатон мегӯянд, шумо “ҳалиму сабур” шудаед. Ин асари омӯзиши равоншиносӣ аст?

- Шояд ман аз баъзе одатҳои пешинаам даст кашида бошам. Лозим меояд, ки боз “назоратро сахт кунам”. Ба ман солҳои зиёд ҳам дар корхона ва ҳам дигарон мегуфтанд, ки сахтгирам. Шояд, дар ҳақиқат, ман тағйир ёфтаам. Эҳтимол, шояд ин он қадр бад ҳам нест?

 

- Оё боре ҳам аз мақоми худ чун роҳбари ҳайати таҳририяи “Азия-Плюс” сӯистифода кардаед?

- Не. Вале баъзан дар зиндагӣ чунин мешуд, ки одамон вақте мефаҳмиданд, ки ман кистам (охир насабам камёфт аст), ногаҳон ба ман хизматҳои ғайричашмдошт мерасониданд. Чӣ ҳам гӯям, баъзан ин тамоман бад нест. Ва ин ҳам як ҷиҳати мусбати касби мост.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.