Шоми 16-уми феврали соли ҷорӣ толори Филармонияи давлатии Тоҷикистон дар Душанбе мизбони маҳфили ёдбуди Муқаддас Набиева буд. Зери унвони “Агар аз ту ёд ояд...” ин маҳфил дӯстдорони санъатро гирд овард. Ин чорабинӣ аз сӯи Вазорати фарҳанги Тоҷикистон ба ифтихори 75-солагии Муқаддас Набиева, ки як моҳ пештар фаро расида буд, ташкил ва гузаронида шуд.

Ҳунармандон ва ҳамкорони Муқаддас Набиева бо шеъру тарона хотираи ин овозхони шинохтаро зинда нигоҳ доштанд. Онҳое, ки замоне шоҳиди ҳунарнамоии ӯ буданд, гуфтанд, Муқаддас Набиева на танҳо як сароянда, балки “як падидаи фаромӯшнашаванда дар эстрадаи тоҷик буд”.

 

"Муқаддас Набиева барои сарояндагони имрӯза бояд намуна бошад"

Маҳфил бо суханронии расмии Давлат Сафар, муовини вазири фарҳанг, оғоз ёфт. Ӯ таъкид кард, ки бо "гузашти беш аз 40 сол ҳамоно ному ёди Муқаддас Набиева зинда аст ва сурудҳои хондааш ҳамоно дар забонҳо замзама мешавад".

"Худи Муқаддас Набиева дар як таронааш месарояд - “Ҳеҷ куҷо рақиб надорам”. Ӯ воқеан ҳам ҳунару истеъдоди фавқулодда дошт, ки бо он рақобат кардан кори саҳлу сода нест", - гуфт муовини вазири фарҳанг.

Ӯ афзуд, "дар репертуари Муқаддас Набиева ягон шеъри пастмазмун, ягон оҳанги коста садо надодааст ва ин бояд барои сарояндагони ҷавони имрӯзи мо дарси ибрат бошад".

1/7

 

“Дилам ба фарёд омадааст...”

Латофат Кенҷаева, шоир ва рӯзноманигор, ки солҳо бо Муқаддас Набиева ошноӣ дошт, гуфт, "ҳар боре, ки сурудҳои Муқаддасро мешунавам, ҳис мекунам, ки ӯ дар бари мост...".

"Муқаддас муқаддас ва ситорае дар осмони ҳунар буд. Сурудҳои "Агар аз ту ёд ояд" ва "Чакра чакиндан гирад" то ҳол вирди забонҳо аст ва муҳаббати ӯ аз дилҳо то ҳол нарафтааст", - гуфт Кенҷаева.

Вай ҳамчунин, аз айёме, ки онҳо дар як хобгоҳ ва бо ҳам дугона шуданд, ёдовар шуда, гуфт: "ҳар вақте, ки Муқаддас дар кӯчаҳои шаҳр пайдо мешуд, ҳама ба ӯ менигаристанд, ҳама либоспӯшӣ, гуфтор ва рафторашро пайравӣ мекарданд".

Латофат Кенҷаева аз ду китоби худ – “Шарораи хотираҳо” ва “Обшори ёд”, ки ба зиндагӣ ва ҳунари Муқаддас бахшида шудаанд, ёдовар шуд, ки яке пас аз чанд вақти маргаш ва дуюмӣ дар моварои 75-солагии марҳум ба чоп расид. Ба гуфтаи шоир, ҳарду китоб харидору хонандаи зиёд доштанд, “ин нишон медиҳад, ки ҳанӯз ҷомеа аз Муқаддас ёд мекунад ва дунёи барои ҳаводоронаш ҷолиб аст”.

1/7

 

Дилномаҳои Муқаддас

Дар маҳфили ёдбуд Шамсия Қосим, хоҳарзодаи Муқаддас Набиева, аз китоби “Хӯшачинӣ мекунам аз ёдҳо” порчае хонд. Муаллифи китоб Сабоҳат Қосимова - хоҳари калонии Муқаддас Набиева аст. Дар ин порча дарди дили ду хоҳарон ва хотироти кӯдакии онҳо баён шудааст.

Дар ин маҳфил Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Баҳодур Неъматов, Ҳунарпешаи хидматнишондодаи Тоҷикистон Раҳима Шалоэр ва овозхони ҷавон Хуҷастаи Мирзовалӣ махсус ба ёди Муқаддас Набиева суруд хонданд.

Ҳамчунин, дастикам 20 суруди Муқаддас Набиеваро дигар сарояндагон, ба мисли Нигина Амонқулова, Бунафша Муқимова, Парвонаи Тоҷиддин, Дилором Қурбонова ва дигарон бозхонӣ намуданд. Ҳамаи ин сурудҳо борҳо дар хонаи дилҳои мардум садо додаанд ва имрӯз ҳам мисли пештара дилҳоро тасхир мекунанд.

 

"Шарораи хотираҳо"

Муқаддас Набиева 7-уми январи 1950 дар ноҳияи Фархор таваллуд шуд, вале аз хурдӣ дар мактаб-интернати рақами 10-и Душанбе тарбия ёфт.

Ӯ пас аз хатми мактаб дар Институти тарбияи ҷисмонӣ таҳсил намуд ва дар ноҳияи Фархор ба ҳайси тренер кор мекард. Аммо он шавқу завқи сарояндагӣ қалбашро ором намегузошт, ки ӯро билохира ба саҳна овард.

Соли 1973 Муқаддас Набиева дар озмуни “Бӯстон-1” бо иҷрои суруди “Республикаи ман” дурахшид ва ин баромад дари санъатро ба рӯи ӯ кушод. Истеъдод ва садои гуворою дилнишинаш ба зудӣ ӯро шуҳратёр сохт.

Соли 1974 дастаи ҳунарии “Гулшан” Муқаддасро ба ҳайси яккахон ба кор пазируфт ва дар муддати кӯтоҳ ӯ шеваи наву хоси худро дар эстрадаи тоҷик ба миён овард.

Сурудҳои ӯ бо форамию салосат ва зарбу оҳанги дилнишинашон ба зудӣ дар хотири шунавандагон нақш мебастанд.

Аммо ин ситораи тобон хеле зуд хомӯш шуд. Шаби 30 сентябри 1979, вақте Муқаддас Набиева ҳамроҳи ҳамкоронаш аз тӯйе бармегашт, мошини онҳо дар роҳи Такфон (ноҳияи Айнӣ) ба садама дучор шуд ва дар ин байн танҳо Муқаддас Набиева ҷон бохт. Ӯ ҳамагӣ 29 сол дошт.

Мероси ӯ имрӯз ҳам на танҳо дар мусиқии тоҷик, балки дар дилу ёдҳои мухлисонаш зинда аст. Сурудҳои ӯ бо садои худи ӯ боз ҳам дар гӯшаи дили мардум боқӣ мемонанд ва ҳаводоронаш дар маҳфили ёдбуди “Агар аз ту ёд ояд...” гуфтанд, ки ҳар гоҳ ки таронаҳои ӯ садо медиҳанд, ба назар мерасад, ки Муқаддас Набиева аз нав ба саҳна бармегардад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.