Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон бо нашри хабарномае дар саҳифаи фейсбукии худ шаҳрвандони Тоҷикистонро барои кор ҳамчун пешхизмат, фурӯшанда, хазинадор ва дар соҳаи чорводорӣ ба Давлати Қатар даъват кардааст.
Ба навиштаи ин ниҳод, музди меҳнат 700 доллар (7630 сомонӣ ба ҳисоби имрӯз) буда, корманд бо ҷойи хоб, се вақт хӯрок, либоси махсуси корӣ, корти нақлиётии ройгон ва хидматрасонии тиббӣ таъмин мегардад ва чиптаи ҳавопаймо низ аз ҷониби корфармо харидорӣ мешавад.
Гуфта мешавад, шаҳрвандони аз 20 то 45-сола метавонанд ҳамчун довталаб муроҷиат кунанд. Талаботи асосӣ донистани забони англисӣ ё арабӣ ва надоштани доғи судӣ гуфта мешавад.
Хоҳишмандон метавонанд ба муассисаи давлатии “Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ”, ки дар кӯчаи С.Айнӣ 121, н.Шоҳмансур, ш.Душанбе воқеъ аст, муроҷиат кунанд. Барои маълумоти бештар бо рақамҳои 225-05-75, 225-02-21 метавонед тамос гиред.
Қаблан низ Вазорати меҳнат ва муҳоҷират рӯйхати касбу ихтисосҳоеро, ки дар кишвари Қатар серталаб аст, нашр карда буд. Он замон низ донистани забони англисӣ ё арабӣ талаботи асосӣ гуфта мешуд, аммо музди меҳнат 550 доллари ИМа зикр мешуд.
Ёдрас мешавем, ки моҳи ноябри соли 2024 Гулнора Ҳасанзода, вазири пешини меҳнат ва муҳоҷирати Тоҷикистон бо Алӣ Бин Самих ал-Маррӣ, вазири рушди идорӣ, меҳнат ва умури иҷтимоии Қатар масъалаҳои танзими сафари коргарон, тартиби бақайдгирӣ, ҳуҷҷатгузорӣ, ҳифзи ҳуқуқҳои муҳоҷирони меҳнатӣ, шарту шароит ва будубоши довталабон дар Қатарро муҳокима карда буд.
Бояд гуфт, Тоҷикистон баъди тазйиқу зери фишор қарор гирифтани шаҳрвандонаш дар Русия барои гуногунсамт кардани муҳоҷирати меҳнатӣ ба кишварҳои дигар роҳ меҷӯяд. Аз ҷумла ба кишварҳои Аврупову Куриё ва ҳамакнун ба Қатар ва Арабистони Саудӣ.
Ашки шодӣ, рақсу бозӣ, оғӯшгириву дастфишорӣ. Гузориш аз бозшавии сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон
Дар Душанбе тавонмандсозии занонро муҳокима карданд
“Лағви раводид барои шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказӣ”. Содир Жапаров гуфт, дар минтақа “осоиши абадӣ” барқарор шуд
Соли талошу бурдҳо: натиҷаҳои фаъолияти “Азия-Плюс” дар соли 2024
Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ ба Русия меравад
Санъаткорон беш аз 4,3 миллион сомонӣ андоз пардохт кардаанд
Дар чемпионати ҷаҳон оид ба бокс Мижгона Самадова то даври чаҳорякниҳоӣ расид
Имсол “Наврӯз” дар Тоҷикистон кай фаро мерасад?
Дабири кулли СММ Тоҷикистону Қирғизистонро бо имзои созишномаи таърихӣ табрик кард
Арзиши хидматрасониҳои муассисаҳои хусусии томактабии Тоҷикистон пасттарин дар Осиёи Марказӣ аст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста