Барои қабули кӯдакони шаҳрвандони хориҷӣ ба мактабҳои Русия аз 1 апрел аз санҷиш (тест)-и донистани забони русӣ гузаштан бо дарёфти 3 балл кофист. Дар ин бора нашрияи “Коммерсант” бо истинод ба фармони Хадамоти назорат дар соҳаи маорифи Русия (Рособрнадзор), ки дар pravo.gov.ru нашр шудааст, хабар медиҳад.
Лоиҳаи санадро дар бораи баллҳои ҳадди ақалл ин ниҳод рӯзи 12 феврал пешниҳод кардааст. Тибқи он, зимни санҷиши кӯдакони муҳоҷирон аз донистани забони русӣ, онҳо бояд на камтар аз 30% аз балли ниҳоиро гиранд. Ин пешниҳодро дар Думаи давлатӣ интиқод карда, баъдан Рособрнадзор лоиҳаро хориҷ кард ва нашри онро “иштибоҳи техникӣ” маънидод намуд.
Рӯзи 18 феврал Хадамот лоиҳаи навро интишор намуда, 30% балли ҳадди ақаллро ба 3 (аз 5 балл) иваз кард. Ба ин тарзи пешниҳод вакилони парлумон дигар саволе надоштанд.
Моҳи декабри соли гузашта Думаи давлатӣ қонуни манъи қабули кӯдакони муҳоҷиронро, ки аз санҷиши забони русӣ нагузаштаанд, маъқул донист. Тағйирот ба қонун “Дар бораи маориф” аз 1 апрели соли 2025 мавриди амал қарор мегиранд. Аз ин вақт кӯдакони шаҳрвандони хориҷӣ бояд донистани забони русиро дар сатҳи зарурӣ барои “азхудкунии меъёрҳои федералӣ дар соҳаи маориф” тасдиқ кунанд.
Рӯзи 15 март Вазорати маориф хабар дод, ки имтиҳон ба онҳое, ки барои қабул ба синфҳои 2-11 ҳуҷҷат месупоранд, дар шакли шифоҳӣ ва хаттӣ гузаронда мешавад. Барои қабул ба синфи 1-ум гузаштан аз санҷиши шифоҳӣ кофист.
Дар сурати муваффақона аз санҷиш гузаштан, кӯдакро ба мактаб қабул мекунанд. Агар ӯ аз уҳдаи иҷрои вазифаҳо набарояд, ба волидон пешниҳод мекунанд, ки ӯро ба машғулиятҳои иловагии забони русӣ супорад. Ба такроран супурдани имтиҳон пас аз се моҳ иҷоза дода мешавад.