Имрӯз Лутфулло Давлатов, ҳунарпешаи шинохтаи театру синамои тоҷик мавлуди худро таҷлил мекунад. Ӯ натанҳо дар соҳаи санъат фаъолият кардааст, балки муддати мадиде роҳбари чанд муассисаи фарҳангӣ ҳам будааст.

Давлатов 5 сол роҳбари ТВ Сафина, 7 соли дигар роҳбари Театри Лоҳутӣ буд ва моҳи декабри соли 2022 ба нафақа баромад. Ҳоло мегӯяд, аз корномааш розӣ ҳаст, вале ҳоло ҳам аз театру синамо дур нашудааст.

Ба муносибати мавлудаш мо аз Лутфулло Давлатов дар бораи рӯзгораш дар нафақа, корнома ва нақшаҳои минбаъдааш пурсон шудем.

Шарти нафақаи Лутфулло Давлатов

- Дар ҳалқаи пайвандон умр ба сар мебарам. Имрӯз ҳамаи фарзандонам дар барам ҳастанд, наберагонам зиндагиамро рангин кардаанд.

Аслан, ба фикрам, одамизод бояд аз 55-солагӣ ба нафақа барояд. Дар ин синну сол қоматаш рост аст, ҳаваси зиндагӣ дорад, шароит дорад ва ба сафари дуру наздик, ба дидори хешу табору ёру рафиқ рафта метавонад, бузург шудани набераҳо дида метавонад ва аз зиндагӣ лаззат мебарад.

Баъди 60-70-солагӣ ба нафақа баромадан маъно надорад, саломатӣ нохуб мешавад, пурра хонашин мешавед...

- Яъне, гуфтан мехоҳед, ки баъди 55-солагӣ ҳар инсон бояд фақат барои худаш зиндагӣ кунад?

- Ин хел ҳам гӯем мешавад... Мақсадам ин аст, ки кор гоҳо тамоми зиндагии инсонро фаро мегирад ва мо наметавонем истироҳат кунем, ба дидори пайвандон равем, даме беғам занем.

 

Акс аз бойгонии Л.Давлатов

“Аз кор рафтам, аз театру синамо – на”

- Баъди ба нафақа баромадан дигар дар ягон ҷое кор намекунед?

- Ҳоло ҳамчун ҳунарманд дар Театри Лоҳутӣ фаъолият дорам. Ҳамчунин, як сол боз дар Донишкадаи ҳунарҳои зебо ба донишҷӯён дарс медиҳам. Дигар вақти холии зиёд дорам, ба дидори пайвандону дӯстонам меравам, дар миёни мардум ҳастам.

- Ба кори эҷодӣ ҳам машғул мешавед?

- Бале, аз театру синамо дур нашудаам. Чанд вақти охир дар филмҳо нақшофарӣ дорам, аз ҷумла дар як филми (коргардони тоҷик) Муҳиддини Музаффар. Ҳоло дар филми “Дурахши ахтарон”, ки дар бораи Ҷомиву Навоӣ аст, нақше дар назар дошта шудааст ва барои офаридани он омодагӣ мебинам. Дар барномаҳои телевизиониву радиоӣ ҳам зиёд даъват мешавам ва дар наворҳои тарбиявӣ ҳам, ки мазмун ва муҳтавои баланд дошта бошанд, бозӣ мекунам.

 

Ханда ҳам ғамолуд шудааст...

- Аз даврони кӯдакиву ҷавонӣ чӣ хотираҳо доред?

- Солҳои 1970-ум тамошои телевизион нав оммавӣ мешуд ва дар он филмҳову намоишномаи телевизионӣ пахш мекарданд. Дар як хона ҷамъ шуда, барномаҳои устод Убайдулло Раҷабовро тамошо мекардем, завқ мебурдем ва баланд механдидем.

Дар омади гап, хандаи мардум он замон хандаи самимӣ, аз таҳти дил ва хандаи беғам буд. Ҳоло мушоҳида мекунам, ки ханда ҳам ғамолуд шудааст, дар таҳти дили мардум як ташвишу нигаронӣ ҳаст, ки намегузорад беғам биханданд.

Масалан, дирӯз – 1-уми апрел – Рӯзи ханда, ба назарам бисёр ором гузашт. Солҳои кӯдакиву ҷавонии мо мардум ҳамеша бо ҳамдигар шӯхиҳо мекарданд, дар маконе ҷамъ шуда, латифаҳо мегуфтанд. Шод зистан қисми асосии зиндагии ҳар фард буд.

 

Лутфулло Давлатов бо ҳунарманд Салоҳиддин Шукуров
Акс аз муаллиф

- Воқеан, Шумо дар театри тоҷик “ҷияни хира” будед ва дар канори Убайдулло Раҷабов дар даҳҳо намоишномаҳои мазҳакавӣ нақш офаридаед. Аз ин давраи коратон чӣ ангораҳои ҷолиб доред?

- Устоди зиндаёд Убайдулло Раҷабов худ ба танҳоӣ нақши як театрро бозӣ мекарданд ва ману Ортиқи Қодир – ду ҳунарманди ҷавонро аксар вақт ҳамроҳ мегирифтанд.

Хотираи ширине аз сафари ҳунарӣ ба ноҳияи Панҷ дорам: Толор пур аз мардум, намоиш дар остонаи оғоз буд. Ногаҳон апаи Шарофат – тарроҳи театр, ки ӯзбек буду тоҷикиро хуб намедонист, бо садои баланде касеро ҷеғ зад. Ман ӯро хоҳиш кардам оҳистатар гап занад ва барои тақвияти гапам гуфтам, ки “одами калонсол бояд хирадманд бошад”.

Ортиқи Қодир, ки он ҷо буд, бадоҳатан гуфт: “Ҳай, ҳай, Лутфулло, ту чӣ гуфта истодаӣ?! Ҳамин апаи Шарофат, як занаки каппа-калонро ҳақорат карда, хирадманд гуфтӣ... Ин корат нағз не, ҷӯра!”.

Апаи Шарофат, ки гумон кард “хирадманд” дашном аст, оташин шуда, дод зад:

- Очат хирадманд, падарат хирадманд, худат хирадманд!, - ва инони гиряро сар дод.

Ҳунармандон аз ин рафтори Шарофат-апа завқ бурда, механдиданд. Ортиқи Қодир, ки аз маънии калимаи “хирадманд” бехабар будани тарроҳро хуб медонистааст, аз ханда қариб рӯдакан шуда буд.

 

Аз чап ба рост: Лутфулло Давлатов, Қурбони Собир ва Ортиқи Қодир
Акс аз бойгонии Л.Давлатов

“Шинохту завқу ормонҳо дигар шудааст”​​​​​​​

- Қариб 45 сол боз дар Театри Лоҳутӣ фаъолият доред. Муддате роҳбари он ҳам будед. Аз ин замони коратон чӣ гуфтанӣ доред?

- Аз соли 1981 инҷониб дар Театри Лоҳутӣ фаъолият дорам ва зиндагиям ҳамеша бо ин боргоҳ пайвандӣ доштааст. Замоне ки нав ба кор омадам, дар канори ҳунармандоне чун Аслӣ Бурҳонов, Тӯҳфа Фозилова, София Туйбоева бароям ангезадиҳанда буд. Баъдан бо ҳунармандони насли Ато Муҳаммадҷонов, Ҳошим Гадоев, Маҳмудҷон Воҳидов, Носир Ҳасанов, Ҳабибулло Абдураззоқов ифтихори дар як саҳна нақшофариро доштам.

Ин ҳунармандонро ҳама - аз ҳукуматдорон сар карда, то омма - мешинохтанду эҳтиромашон мекарданд. Ҳамин насл буд, ки Театри Лоҳутӣ ба маънои аслаш театри академӣ буд. Ҳоло ҳам академӣ ҳаст, вале он гуна таъсиргузор на... Ҳоло ҳам ҳунармандони хуб дорем, вале на мисли онҳое, ки ман ном бурдам... Он вақт шинохти мардум, завқи мардум, ормонҳои мардум дигар буд, ҳоло дигар шудааст...

 

Вақте Лутфулло Давлатовро ваҳм фаро мегирифт​​​​​​​

- Ба ҷуз театр, Шумо 5 сол роҳбари телевизиони фарҳангиву фароғатии “Сафина” будед ва дар ин замон тими эҷодии хубе ҳам гирди ҳам овардед. Роҳбари рӯзноманигорон – ба қавле, “эҷодкорони саркашу мавқеъдор” будан осон буд?

Справка по теме

Лутфулло Давлатов 2.04.1958 дар ноҳияи Темурмалик ба дунё омадааст. Соли 1979 Донишкадаи ҳунарҳои зеборо хатм карда, 6 моҳ дар Театри драмаи мусиқии Конибодом фаъолият намуд. Баъди хидмати сарбозӣ, аз соли 1981 то ба ҳол дар Театри Лоҳутӣ фаъолият дорад. Солҳои 2004-2009 сармуҳаррири идораи мусиқии ТВ "Тоҷикистон", солҳои 2010-2015 роҳбари ТВ "Сафина" ва солҳои 2015-2022 роҳбари Театри Лоҳутӣ буд. Дар театр дар намоишномаҳои “Найи сеҳрнок”, “Вопасин арӯси Амирулмӯъминин”, “Фарзанди Осиё”, “Ҷияни хира”, “Эдип”, “Фарёди ишқ”, “Дод аз дасти ақл”, “Дохунда”, дар телевизион дар намоишномаҳои “Курсии сеҳрнок”, “Зани оҳанин”, “Дуздӣ”, “Ҳайкал”, “Аноӣ” ва дар синамо “Гирдоб”, “Дар орзуи падар”, “Пой дар гил”, “Беҳуда хорам мекунӣ” ва ғайра нақш бозидааст. Ӯ Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон аст ва медали “Хидмати шоиста” дорад.

- Бо рӯзноманигорон воқеан кор кардан осон нест, ҳар кадоме мавқеи худ, хулосаи худ, психалогияи хоси худро дорад. Воқеан, соли 2010 вақте роҳбари ТВ "Сафина" таъйин шудам, маро ваҳме фаро гирифт, ки чӣ гуна тими хубе муттаҳид кунам. Вале тавонистем рӯзноманигорони муваффақе чун Орзу Исоев, Нури Наср, Дилафрӯз Сатторова, Нигинаи Муъмин ва дигаронро гирди ҳам оварем ва якҷоя барномаҳои диданӣ таҳия кардаву манзури тамошобинон гардонем.

- Дар замони роҳбарии Шумо дар ТВ "Сафина" оё сензура ё худ маҳдудиятҳое ҳам буд: агар “ҳа”, чиҳо буданд?

- Дар ҳар давру замон маҳдудият вуҷуд дорад, вале дар кадом сатҳ будани он фарқ меканад. Рӯзноманигорон мехоҳанд, ки ҳамаи барномаашон пурра ба эфир равад. Ин хосияти ҳар эҷодкор аст. Аммо муҳаррир ҳамеша зарур аст, ки баъзе нуқсҳоро барораду ҳунсро афзояд. Он замон шахсан худам ҳама барномаҳоро пеш аз ба эфир рафтан тамошо мекардам, вале ба мавқеъю хостаҳои рӯзноманигорон ҳам арҷ мегузоштам.

- Беҳтарин давраи кориатон кадом буд?

- Кор дар ТВ “Сафина”. Барои он ки телевизион масъулият талаб мекард ва дар ин муддат ман ҳамеша дар кор, ҳамеша дар талош ва ҳамеша дар тағйиру навоварӣ будам. Роҳбарии ТВ "Сафина" кори сахту сангин буд, вале фикр мекунам, ки беҳтарин рӯзҳои умрам ҳам ҳамон солҳо будааст.

 

“Бо театру синамо мемонам”​​​​​​​

- Аз корномаи худ розиед?

- Бале, розиям. Шукри Худо, ҳар ҷое, ки кор кардам, ба ҳарфи дили ҳамкоронам гӯш додаму талош кардам хостаҳояшонро бароварда созам.

- Чӣ орзуҳо ва нақшаҳо барои оянда доред?

- Ҳоло ман худро пир намеҳисобам, тану ҷонам солим аст, то вақте қувват дорам, аз театру синамо дур намешавам. Дар оянда ҳам чанд филм ба нақша гирифта шудааст, ки бояд нақш офарам. Дар миёни мардум ва бо театру синамо мемонам.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.