Имрӯз, 8-уми апрел, Светлана Герасименко, ситорашиноси маъруфи Тоҷикистон, ходими илмии Институти астрофизикаи Академияи илмҳои Тоҷикистон дар синни 80-солагӣ аз дунё даргузашт. Дар ин бора Институти астрофизика дар саҳифаи фейсбуки худ хабар додааст.

Ин олим 23-уми феврали соли 1945 дар деҳаи Баришевкаи вилояти Киеви Украина, дар оилаи омӯзгор ба дунё омадаааст. Ӯ факултети астрономияи Донишгоҳи Киевро хатм кардааст.

Светлана Герасименко соли 1973 бо даъвати Институти астрофизикаи Академияи илмҳои кишвар ба Тоҷикистон омада ба ҳайси корманди илмӣ ба кор оғоз мекунад. Ӯ то замони марг дар ин институт фаъолияташро идома додааст.

Ӯ зузанаб (комета) - и нави кӯтоҳдаври Чурюмов-Герасименкоро дар соли 1969 кашф кардааст, ки бо Сертификати Агентии кайҳонии Аврупо ва Шаҳодатномаи расмии Иттиҳоди байналмилалии астрономӣ тасдиқ шудааст.

Барои кашфи зузанаби Чурюмов-Герасименко, соли 2018 дар бахши илмҳои физикаю математика, химия, геология ва техника бо Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯалӣ ибни Сино сарфароз гардидааст.

Ба номи Светлана Герасименко ба иловаи ин зузанаб, сайёра (сайёраи хурд) - рақами 3945, ки соли 1982 аз ҷониби Николай Черних кашф шудааст, низ номгузорӣ шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.