Теъдоде аз муҳоҷирони тоҷик баъди ишғоли қаламравҳои Украина аз ҷониби Русия, ба ин минтақаҳои ишғолшуда бо умеди ба даст овардани пули бештар мераванд. Русия ҳам аз ин раванд пуштибонӣ мекунад ва ҳатто барои ҷалби бештари муҳоҷирони корӣ ба ин қаламравҳо сабукиҳо пешниҳод менамояд. Коршиносон мегӯянд, сафари шаҳрвандони Тоҷикистон ба минтақаҳо барои кор метавонад, онҳоро то ба зиндон барад.
То моҳи апрели соли 2025 Русия панҷ минтақаи Украина – нимҷазираи Қрим, вилоятҳои Луҳанск, Донетск, Запорожйе ва Херсонро ишғол ва бо баргузории раъйпурсие, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ онро эътироф накардааст, ба қаламрави худ ҳамроҳ намуд. Чаҳор вилояти ишғолӣ дар пайи ҷанг хароб шудаанд ва аксари бошандагони он макони зисти худро тарк кардаанд.
Ҳамакнун, Русия барои кор дар ин минтақаҳо ба нерӯи муҳоҷирони корӣ ниёз дорад. Аз ин сабаб, барои кори муҳоҷирон дар ин манотиқ имтиёзҳо додааст, аз ҷумла иҷозаи фаъолият бидуни патент.
Баъзе аз муҳоҷирони корӣ аз кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон пештар аз пешниҳоди имтиёз ва баъзеи дигар, баъди он ба минтақаҳои ишғолшуда барои кор мераванд. Аксари онҳоро танҳо ба даст овардани пули бештар, ки мақомоти Русия ваъда мекунанд, аммо на ҳамеша пардохт менамоянд ва раҳоӣ аз пардохти пули патенту дурӣ аз фишору таъқиб дар шаҳрҳои бузургу марказӣ, ба ин минтақаҳои хатарнок мебарад. Аммо бештари онҳо аз паёмади ҳуқуқии ин сафар бехабаранд ва ин метавонад онҳоро паси панҷара барад.
“Дар шиноснома сабт намешавад, ки ба минтақаҳои ишғолӣ ворид шудаам”
Салим Саидов (номи қаҳрамон бо хоҳиши ӯ ва барои амнияти минбаъдааш ваз карда шудааст) баъди оғози ҷанги Русия дар Украина ду маротиба ба минтақаҳои аз сӯйи артиши рус ишғолшудаи Украина барои кор рафтааст.
Ӯ мегӯяд, то соли 2023, замоне, ки артиши Русия шаҳри Мариуполи Украинаро ишғол кард, дар шаҳри Маскав, дар як нуқтаи хӯроки кӯчагӣ кор мекард.
“Ин замоне буд, ки кӯчаҳои Маскав ва саҳифаҳои шабакаҳои иҷтимоӣ пур аз эълон дар бораи кор дар Мариупол бо маоши зиёд шуд. Дар Маскав бошад, санҷишу фишор ба муҳоҷирон шиддат меёфт. Чанд шиносам корашонро дар Маскаву канораи он партофта, барои кор ба шаҳри Мариупол рафтанд. Вақте аз онҳо дар бораи ҳақи кор пурсидам, гуфтанд, ки бештар аз қабл маош мегиранд. Ман ҳам корро дар Маскав канор гузоштаму ба Мариупол рафтам”, - мегӯяд Салим.
Ба нақли ӯ, дар Мариупол бо чанд шиноси пештар рафтааш асосан бо таъмири хонаҳои валангоршуда машғул шуданд ва се-чор моҳи аввал пули ваъдашударо мегирифтанд (бештар аз 200 ҳазор рубл дар як моҳ), аммо баъд мушкилҳо пайдо шуданд.

Пас аз бештар аз ним соли кор дар Мариупол ва пеш омадани мушкил дар пардохти маошаш, ӯ ин шаҳрро тарк карда ба Маскав баргашт ва боз ним соли дигар дар ин шаҳр кор кард.
“Рӯзе як шиносам аз кишвари Ӯзбекистон навишт, ки ба вилояти Донетск рафтааст ва онҷо пули хуб кор мекунад. Бар замми ин, аз фишору таъқиби мақомоти Русия ва ҳар гуна пардохтҳо (аз ҷумла патент) озод аст. Баъди тахминан як ҳафтаи ин суҳбат, ман ҳам ба ин минтақа рафтам ва қариб шаш моҳ кор кардам”, - нақл мекунад Салим.
Ӯ таъкид мекунад, ки дар Донетск ҳам мисли Мариупол аксар биноҳо валангоранд ва муҳоҷирони тоҷику ӯзбек ба ин минтақа асосан барои таъмири ин бино мераванд.
“Ҳоло ба таври оммавӣ мераванд гуфтан, шояд хато бошад. Масалан, дар Мариупол тоҷикону ӯзбекон хеле зиёд буданд. Дар Донестк ҳам ҳастанд, аммо ҳоло он қадар зиёд нест. Аммо мушоҳида мешавад, ки теъдоди муҳоҷирони корӣ аз кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ин минтақа рӯ ба афзоиш аст”, - таъкид мекунад ӯ.
Вале, нуктаи дигари боиси таваҷҷуҳ ин аст, ки ба қавли Салим, “ҳоло шаҳрвандони зиёди Тоҷикистону Ӯзбекистон дар ин минтақаҳо (манотиқи ишғолии Украина) хона мехаранд, зеро он хеле арзон аст”.
“Ҷанг ба анҷом мерасад, хонаи арзонхарида мемонад”, - зикр мекунад ӯ.
Ӯ мегӯяд, ҳарчанд аз паёмади эҳтимолии “сафарҳо ба манотиқи ишғолии Украина” огоҳ аст, “аммо таваккал мекунам”.
“Кор дар ин минтақаҳо хатарнок аст. Ҳар рӯз садои таркишро мешунавед, дар шаҳр “қонуни ҷангал” ҳукмфармост, аммо дар баробари ин, ҳеҷ куҷое, аз ҷумла шиноснома сабт намешавад, ки шумо ба ин минтақаҳо ворид шудед. Аз ин сабаб, умед мекунам, ки дар оянда мушкиле пеш нахоҳад омад”, - иброз медорад Салим.
Ҳушдор аз иштирок дар ҷанг, аммо хомӯшӣ аз убури ғайриқонунии сарҳад
Мақомоти кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон баъди оғози ҷанги Русия дар Украина бидуни ном гирифтан аз кишваре аз шаҳрвандони худ борҳо хостаанд, ки дар ҷанги кишварҳои бегона иштирок накунанд ва ҳушдор ҳам додаанд, ки иштироки онҳо дар ҷанги кишвари дигар метавонад ҳамчун зархаридӣ баҳои ҳуқуқӣ дода шуда, онҳоро паси панҷара барад.
Ҳамчунин, Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон аз шаҳрвандони Тоҷикистон хоста буд, ки ба минтақаҳои наздисарҳадии Русия бо Украина нараванд, зеро ин метавонад барои онҳо хатарнок бошад.

Аммо ҳеҷ як аз кишвари минтақа ба таври ошкор ба шаҳрвандонаш ҳушдор надод, ки сафар ба минтақаҳои аз сӯйи Русия ишғолшудаи Украина “чун убури ғайриқонунии сарҳади давлатии Украина” баҳогузорӣ ва муҷозот мешавад.
Минтақаҳои ишғолкардаи Русия расман манотиқи Украина аст
Бояд гуфт, Русия дар минтақаҳои ишғолкардааш райъпурсӣ баргузор кард ва аз ин лиҳоз, даъво дорад, ки ин 5 минтақаи Украинаро бо риояи меъёри байналмиллалӣ шомили қаламравӣ худ намудааст. Аммо ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла Тоҷикистон натиҷаи ин райъпурсиҳоро эътироф накардааст.
Фаридун Саидзода, ҳуқуқшиноси байналмилалӣ аз Тоҷикистон мегӯяд, ки тағйири мақоми қаламрав метавонад танҳо дар сурати риояи меъёрҳои қатъии ҳуқуқӣ машрӯъият пайджо кунад, аз ҷумла:
- амалӣ намудани ҳуқуқи халқҳо ба худмуайянкунӣ тибқи Оинномаи СММ ва қатъномаҳои Маҷмааи Умумии СММ;
- изҳори иродаи озод ва равшани аҳолӣ дар ҷараёни раъйпурсии шаффоф таҳти назорати байналмилалӣ, бе истифода ё таҳдиди истифодаи зӯрӣ;
- мавҷуд будани ризоияти ҳамаи ҷонибҳои манфиатдор, аз ҷумла эътирофи тағйирот аз ҷониби давлати соҳибихтиёр ва расмии мавҷуда.

Ба андешаи ин ҳуқуқшинос, вақте мақоми қаламрав дар натиҷаи истифода ё таҳдиди истифодаи зӯрӣ тағйир дода мешавад, аз нигоҳи ҳуқуқи байналмилалӣ ғайриқонунӣ аст ва чунин қаламравҳо ҳамчун қисми ҷудонашавандаи давлати пешина эътироф мешаванд.
Бо назардошти ин нукта, ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла Тоҷикистон қаламравҳои ишғолкардаи Русияро ҳудуди Украина медонад.
То 2 соли зиндон барои убури ғайриқонунии сарҳади давлатӣ
Вақте Тоҷикистон минтақаҳои ишғолкардаи Русияро расман ҳудуди Украина эътироф кардааст, убури он бидуни иҷозаи ҷониби Украина аз сӯйи шаҳрвандони Тоҷикистон низ муҷозотро пешбинӣ кардааст.
Дар асоси моддаи 336-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои “вайрон кардани низоми сарҳади давлатӣ, низоми сарҳадӣ ва низоми гузаргоҳи сарҳади давлатӣ, ки дар давоми сол пас аз додани ҷазои маъмурӣ барои ҳамин гуна вайронкуниҳо содир шуда бошад” ҷарима ба андозаи аз сесад то ҳаштсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо, ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад.
Ҳамчунин, Украина ҳам убури сарҳади давлатиашро берун аз гузаргоҳҳои расмиаш ғайриқонунӣ медонад ва барои ин ҷарима дар ҳаҷми 50 маоши ҳадди ақал ё маҳдудкунии озодӣ то се солро пешбинӣ кардааст.
Валентина Чупик, ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон ҳам дар шарҳи сафари шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказӣ ба минтақаҳои аз сӯйи Русия ишғолшудаи Украина ба Радиои Озодӣ гуфтааст, “барои ин ду сол зиндон таҳдид мекунад. Ғайр аз ин, муҳоҷирон дар амалҳои ғайриқонунии мақомоти ишғолгар ҳамроҳ мешаванд, ҳатто агар дар он ҷо чун кӯчарӯб кор кунанд ва ё бинокор. Ин дар ҳама ҳолат ҷинояти ҳарбӣ аст. Ба ҳар ҳол ба он ҷо рафтан мумкин нест”.
Фаридун Саидзода ҳам ин эҳтимолро баид намедонад, ки сафар ба минтақаҳои ишғолшуда ва эътирофнагардида бидуни мушкил хоҳад буд. Ӯ бо риояи одоби димломатӣ ва бо назардошти меъёри ҳуқуқи байналмилалӣ зикр мекунад, ки “сафар ё фаъолияти меҳнатӣ дар қаламравҳое, ки мақоми онҳо баҳсбарангез аст, бояд бар пояи эҳтиром ба соҳибихтиёрӣ, тамомияти арзӣ ва принсипи ноэътироф кардани натиҷаҳои истифодаи зӯрӣ сурат гиранд”.
“Ҳар гуна тавзеҳот ё тавсияҳои мушаххас дар мавриди рафтори шаҳрвандони як давлат дар чунин ҳолатҳо бояд танҳо аз тарафи мақомоти ваколатдори давлатӣ дода шаванд”, - таъкид мекунад Сайидзода.
Аммо мақомоти ваколатдори кишварҳои Осиёи Марказӣ дар бораи паёмади убури ғайриқонунии сарҳади расмии Украина, ки имрӯз аз сӯйи Русия ишғол шудааст, ба таври расмӣ тавзеҳот надодаанд. Аз ин лиҳоз, шаҳрвандони Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон ба минтақаҳои ишғолӣ мераванд, ҳаёти худро дар хатар мегузоранд ва дар ниҳоят, баъди бозгашт ба ватан, бо ҷарима ё то ду соли зиндон рӯ ба рӯ мешаванд.





Вакилони парлумон қонунеро қабул карданд, ки барои воридоти аккумулятор пули “утилизатсия” ситонида мешавад
Нокомии ҷудокорони тоҷик дар “Tokyo Grand Slam 2025”. Онҳо аз Ҷопон бемедал бармегарданд
КҲФ марги як зану шавҳар дар Рашт бар асари заҳролудшавӣ аз дуди ангиштро тасдиқ кард
Таъини ҷазо барои истеҳсоли “криптовалюта” бо истифода аз “барқи дуздӣ”
Марги як корманди пешини ҳукумати Исфара ҳамроҳи ҳамсар ва духтараш дар пайи заҳролудшавӣ
Дар Тоҷикистон чеҳраи нафақахӯронро шиносоӣ мекунанд
Муҳаммад Наимов баъди шикаст аз намояндаи Бразилия дар "UFC 323" чӣ қадар маблағ гирифт?
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 37
Мақомот сӯхтор дар ҳудуди бозори “Корвон"-ро шарҳ доданд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 декабри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста