Зулайхо Маҷидова дӯзандаи нобино мебошад. Ӯ баъди пурра нобино шудан ба ҳунаромӯзӣ оғоз кардааст. Қариб 13 сол инҷониб аз ҳисоби дӯзандагӣ ва дигар ҳунарҳои дастӣ рӯзгори худро пеш мебарад.
Зулайхо зодаи ноҳияи Файзобод буда, оиладор ва соҳиби як фарзанд мебошад. Ба нақли ӯ тақрибан 30 сол қабл як чашмаш биноӣ дошт. Аммо дар пайи як амалиёти ҷароҳҳӣ комилан нобино гардид. Ӯ барои табобат ба Русия ҳам рафтааст, аммо пизишкон баъди ташхис барқарории биноии чашмонаш ғайриимкон гуфтаанд.
“Ман худамро нобино ва маъюб ҳис намекунам. То имрӯз дар баробари онки имконияти маҳдуд дорад ҳамеша талош кардам, ки ҳунари навро омӯзам. Ҳунар ба ман обрӯ дод, нон дод. Вақте ба дӯзандагиву бофандагӣ машғул мешавам, дарди нобиноиям камтар мешавад”,- мегӯяд Зулайхо.
Қаҳрамони мо ба ҷуз дӯзандагӣ инчунин мӯҳрадӯзӣ, чӯроббофӣ, бофандагӣ ва сохтани ҳар гуна ороишоти зеборо низ метавонад.
Зулайхо мегӯяд, дар аввал бархе ба дӯзанда будани ӯ бо шубҳа менигаристанд. Ҳоло ҳамагон ӯро эҳтиром мекунанд ва либосҳояшро ба ин дӯзанда бовар мекунанд. Акнун баъзеҳо баъди дидани ҳунари волои ӯ ба нобино будани ӯ шубҳа мекунанд.
Ӯ ҳоло роҳбарии коргоҳи дӯзандагии беморхонаи “Шифобахш”-ро бар уҳда дорад. То имрӯз ба даҳҳо духтар ҳунари дӯзандагиро омӯзонидааст. Ӯ бо ифтихор мегӯяд, нобино ҳам бошад, дар хидмати халқ аст.
Талоши Зулайхо Маҷидова дар зиндагӣ аз иродаву матонати ӯ шаҳодат медиҳад, ки сарфи назар аз мушкилиҳо, барои расидан ба мақсаду таъмини рӯзгори шоиста пайваста ҷаҳд мекунад.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста