Дар биноҳои куҳнаи Душанбе, ки дар замони Шӯравӣ бунёд шудаанд, лифтҳои муосир насб мешаванд. Дар ин бора Бахтиёр Шарифӣ, муовини аввали шаҳрдори пойтахт дар нишасти матбуотӣ иттилоъ дода, гуфт, ширкати ватании “Тоҷикгирдоэлектромонтаж” барои насби ин лифтҳо мувваззаф шудааст.
Ба қавли ӯ, ин ширкат ҳамзамон истеҳсоли лифтҳоро дар шаҳри Душанбе ба роҳ мондааст. Шарифӣ таъкид кард, ки гурӯҳи кории махсус лифти биноҳоеро, ки ба талабот ҷавобгӯ нест, ба қайд гирифта, санадҳои дахлдор омода мекунад.
“Ҳар як бино як навъ лифт надорад, лифтҳо гуногунанд. Аз ин лиҳоз, ширкат тасмим гирифтааст, ки бо назардошти хулосаи гурӯҳи корӣ лифтҳоро омода кунад”, - гуфт Шарифӣ.
Ӯ таъкиднамуд, ки яке аз масъалаҳое, ки “каму беш мӯҳлати муайянро талаб мекунад” маблағгузорӣ аст.
Ба гуфтаи муовини Рустами Эмомалӣ, як роҳи ҳалли ин мушкил бунёди ин лифтҳо аз буҷаи шаҳри Душанбе буда, роҳи дигар ҷалби маблағҳои грантӣ ва ё соҳибкороне аст, ки мехоҳанд сарпарастӣ кунанд.
Вале ӯ мушаххас нагуфт, ки лифт дар биноҳои кӯҳнаи Душанбе кай насб карда мешавад.
Ёдрас мешавем, ки дар моҳи январи соли ҷорӣ Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе ба масъулин дастур дода буд, то лифтҳои тамоми биноҳои баландошёнаи истиқомаии пойтахт, ки то замони истиқлол сохта шудаанду таъмирталабанд, бо лифтҳои наву замонавӣ иваз кунанд.
Бояд гуфт, чанде аз биноҳои баландошёна, ки дар замони Шӯравӣ сохта шудаанд, лифт доранд ва бо гузашти чандин сол онҳо фарсуда гардида, таъмирталаб мебошанд.
Қаблан, чанд нафар аз фаъол набудан ё хатарнок будани лифтҳо бинобар фарсуда буданашон шикоят мекарданд. Хабарҳо дар робита ба ҳалокати сокинони пойтахт дар дохили лифт бо сабаби куҳна будани он ҳам расонаӣ шуда буд.
Ҳамчунин, нигарониҳо ҳам буд, ки аз бархе сокинони Душанбе барои истифодаи лифт ва нигоҳдории онҳо аз рӯи ҳаҷми хона барои як моҳ аз 10 то 100 сомонӣ мегиранд.
Он вақт мақомот мегуфтанд, ки лифт моли истиқоматкунандаҳои бино аст ва онҳо ҳақ доранд бо ширкатҳои таъмирсозӣ шартнома баста, барои таъмир ва нигоҳодориву истифодаи он маблағ супоранд.




