Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе ба сохторҳои дахлдор супориш додааст, лифтҳои тамоми биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ, ки то замони истиқлол сохта шудаанду таъмирталабанд, бо лифтҳои наву замонавӣ иваз кунанд.
Ин дастур ба масъулин дар ҷаласаи ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе дода шудааст.
Ӯ гуфтааст, ки ҳамаи лифтҳои таъмирталаб аз ҳисоби “мақомот бо лифтҳои замонавии нав муҳаҷҷаз гардонида шаванд”.
Шаҳрдори Душанбе, ҳамчунин, таъкид кардааст, ки барои бозсозии шабакаҳои фарсуда, сохтмон ва таъмири роҳҳо, навсозии инфрасохтори обу корез, нав кардани низоми таъмини барқ ва бунёди зеристгоҳҳои наву замонавӣ бо дарназардошти афзоиши аҳолӣ ҷалби сармояи дохилӣ ва хориҷӣ, бахусус грантҳо, зарур аст.
Маълум нест, ки мушахаас гап сари чанд лифт меравад. Вале чанде аз биноҳои баландошёна, ки дар замони Шӯравӣ сохта шуданд, лифт доранд ва бо гузашти чандин сол онҳо фарсуда гардида, таъмирталаб мебошанд.
Қаблан, чандин нафар аз фаъол набудан ё хатарнок будани лифтҳо бинобар фарсуда буданашон шикоят мекарданд. Хабарҳо дар робита ба ҳалокати сокинони пойтахт дар дохили лифт бо сабаби куҳна будани он ҳам расонаӣ шуда буд.
Ҳамчунин, нигарониҳо ҳам буд, ки аз бархе сокинони Душанбе барои истифодаи лифт ва нигоҳдории онҳо аз рӯи ҳаҷми хона барои як моҳ аз 10 то 100 сомонӣ мегиранд.
Он вақт мақомот мегуфтанд, ки лифт моли истиқоматкунандаҳои бино аст ва онҳо ҳақ доранд бо ширкатҳои таъмирсозӣ шартнома баста, барои таъмир ва нигоҳодориву истифодаи он маблағ супоранд.





ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста