Манижаи Муродӣ, духтаре аз Истаравшан, ки соли гузашта бо навиштани мактуб аз Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон хост, ба ӯ барои идомаи таҳсил дар донишгоҳ кумак кунад, вагарна ӯро ба шавҳар медиҳанд, дар ниҳоят донишҷӯ шуд, аммо пас аз чанд моҳи таҳсил, “фотеҳа шудааст” ва акнун шавҳар мекунад.
Модари Манижа ба “Азия-Плюс” гуфт, ки духтараш соли гузашта мехост омӯзгори забони англисӣ шавад, бо ин мақсад ҳуҷҷатҳояшро ба Маркази миллии тестӣ супорид, аммо баъди имтиҳон холи заруриро натавонист соҳиб шавад.
“Дар даври дуюми интиҳонсупорӣ ба бахши омӯзгори синфҳои ибтидоии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд шомил гардид. Шаш моҳ дар ин бахш таҳсил кард ва баъд ба таҳсили ғоибона интиқол ёфт. Ҳарчанд гуфтем, ки таҳсилашро рӯзона идома диҳад, аммо нахост”, - гуфт модари Манижа.
Ӯ таъкид кард, ки моҳи январ Манижа бояд барои таҳсил равад, аммо маълум нест, ки баъди он таҳсилашро бо кадом шева идома медиҳад.
“Илова ба ин, Манижа фотеҳа шуд ва моҳҳои наздик тӯйи арӯсӣ дорад”, - зикр кард ин модар.
Манижа соли гузашта мактаби №50 - и деҳаи Обҷувози шаҳри Истаравшанро хатм кард. Номи ӯ замоне расонаӣ гардид, ки ба Эмомалӣ Раҳмон мактуб навишта, хоста буд барои идомаи таҳсил ба ӯ кӯмак кунад, вагарна хонаводааш ӯро ба шавҳар медиҳанд.
Ин мактуби Манижа дар шабакаҳои иҷтимоӣ вокунишро барангехт ва яке аз мушкилоти доғи ҷомеаи суннатии Тоҷикистон - бармаҳал ба шавҳар додани духтарҳо ва таваҷҷуҳи кам ба таҳсили онҳоро бори дигар ба баррасӣ кашид.
Дар ин миён худи Манижа донишҷӯ шуд, муддате таҳсил кард ва акнун барои арӯсӣ омода мешавад, аммо то ҳол ба мактуби худ посух нагирифтааст.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста