Аз 1-уми октябр дар микроавтобусҳои шаҳри Душанбе, ба қавли мақомот, пардохти ғайринақдӣ имконпазир шудааст. Маъулин мегӯянд, ки то имрӯз дар 670 микроавтобусҳои пойтахт, дастгоҳ барои пардохти ғайринақдӣ (POS-терминал ё валидатор) насб ва фаъол гардидааст. Минбаъд ронандагони микроавтобусҳо ҳар рӯз барои хидматрасонӣ ба ширкати “Citycard” 30 сомонӣ пардохт мекунанд.

Фирӯз Ғафурзода, роҳбари “Душанбенақлиётхадамотрасон” ба “Азия-Плюс” гуфт, аз 1-уми октябр қисми зиёди микроавтобусҳои шаҳрӣ ба низоми пардохти ғайринақдӣ гузаштанд. Ба гуфтаи номбурда, то ҳол дар 310 микроавтобус танҳо поя насб шуда, рӯзҳои наздик валидатор низ насб карда мешавад.

“Тибқи маълумоти ширкати “Citycard” то 30-юми сентябр дар 980 микроавтобуси шаҳрӣ поя насб шуда дар 670 адади он валидатор ба кор шуруъ кард. Аз ҷониби хадамоти мо ва ширкати номбурда ҳамарӯза ба ронандагон ҷиҳати қабули пули роҳкиро ба тариқи ғайринақдӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ шуда истодааст. Беш аз 200 ронанда кори худро дуруст ба роҳ монда истодаанд”,-гуфт Ғафурзода.

Ғафурзода гуфт, ки дар ҳолати пардохт кардан бо корт нархи роҳкиро дар микроавтобусҳо (маршруткаҳо) бетағйир - 2 сомонию 50 дирам боқӣ мемонад.

“Дар микроавтобусҳо мисли автобусу тролейбус тарофаҳои гуногун мавҷуд нест, танҳо як намуди тарофа аст. Дар ҳолати пардохти ғайринақдӣ нарх тағйир намеёбад ва ба мисли қабл 2,50 сомонӣ аз корт ситонида мешавад”,-иброз дошт ӯ.

Роҳбари “Душанбенақлиётхадамотрасон” гуфт, ки шуруъ аз моҳи октябр ронандагоне, ки валидаторро харидорӣ ва дар мошинҳояшон насб кардаанд ба ширкати “Citycard” 30 сомонӣ ҳар рӯз барои хизматрасонӣ пардохт мекунанд.

 

Фирӯз Ғафурзода
Акс аз фейсбуки МДК "Душанбенақлиётхадамотрасон"

“Ин маблағ ҳаққи хизматрасонӣ, интернет ва барои бартараф кардани камбудиҳои техникӣ ситонида мешавад. Бартарии ин дар он аст, ки пештар ронандагон барои пулчинакҳо (кондуктор) ҳар рӯз то 200 сомонӣ медоданд. Фаъолияти пулчинак ба мусофирон низ писанд набуд, ҷангҷолу даъвову шикоятҳо сар мезаданд. Ҳоло ба ҷойи 200 сомонӣ, танҳо 30 сомонӣ мепардозанд”, - гуфт номбурда.

Аммо чанде аз ронандагони микроавтобусҳо ба пулчинҳо пардохт кардани 200 сомонииро рад карда, онро муболиға номиданд ва таъкид карданд, ки бамаротиб камтар пардохт мекарданд.

Фирӯз Ғафурзода, таъкид мекунад, ки барои ба низоми пардохти ғайринақдӣ дар нақлиёти ҷамъиятӣ гузаштан, нақши мусофирон зиёд аст. Ӯ мегӯяд, “ронандагон барои пеш наомадани ҷангҷол ва шикоят аз ҷониби  мусофир роҳкироро ба таври нақдӣ низ қабул мекунанд”.

“Мо бо ронандагон низ корҳои фаҳмондадиҳӣ мегузаронем, аммо муносибати мусофирон нақши муҳим мебозад. Онҳо бояд лоиҳаро дастгирӣ кунанд ва корт гиранд. Дар ҳолате, ки мусофир корт надошта бошад, ронанда ҳам барои онки нофаҳмиву шикояту дигар масъалаҳо пеш наояд, пули нақдро низ маҷбур қабул мекунад”,-иброз дошт Ғафурзода.

Роҳбари ин ниҳод мегӯяд, барои бартараф кардани мушкили пур кардани ҳисоби корти нақлиётӣ шумори терминалҳои лоиҳаи “CityCard”-ро бештар мекунанд.

Аз ширкати “CityCard” гуфтанд, ки ҳоло дар шаҳри Душанбе зиёда аз 560 адад терминалҳои “Express Pay”-и лоиҳаи лоиҳаи CityCard мавҷуд аст, ки аз ин 60 адад барои дастрас намудани корти нақлиётӣ ва беш аз 300 адад барои пур намудани тавозуни он пешбинӣ гардидааст.

Масъулини ин ширкат мегӯянд, нақша доранд моҳи оянда, шумори терминалҳои фуруши корти нақлиётиро 35 адад ва барои пур кардани тавозунро 40 адади дигар зиёд кунанд.

Бояд гуфт, ки ширкати “Citycard” васлу насби валидаторҳоро дар маршрутаҳои шаҳри Душанбе ҳанӯз чанд моҳи пеш оғоз карда буд. Дастгоҳ дар асоси шатномаи қарзии 6-моҳа ба арзиши 2800 сомонӣ ба ронандагон дода шудааст. Дар пайи ин иқдом ронандагони нақлиёти ҷамъиятӣ аз насби иҷбории дастгоҳи пардохти ғайринақдӣ ва пардохти ҳаррӯзаи 30-сомонӣ ба ин ширкат шикоят карданд.

Қаблан дар автобусу трелейбусҳои пойтахт роҳкиро ҳам нақдӣ ва ҳам ғайринақдӣ (бо корти махсус) пардохт мешуд. Дертар шаҳрдорӣ қарор кард, ки дар сурати пардохти нақдӣ, ронанда бояд ба мусофир расид пешниҳод кунад. Аммо на ҳамеша ин талаб риоя мешуд ва сокинон бидуни расид нақдӣ пардохт мекунанд. 

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.