Шоми дирӯз, 19-уми октябр, дар Душанбе маросими ҷоизасупории Синамоҷашнвораи дуюми байналмилалии Душанбе – “Тоҷи Сомон” баргузор гардид ва филми “Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи ин ҷашнвора шуд.

Маросими ҷамъбасти ҷашнвора дар Театри академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ бо ҳузури Дилрабо Мансурӣ, муовини сарвазири Тоҷикистон, доварон, филмофарон, ҳунармандон ва ҳаводорони синамо баргузор шуд.

Дар ҷашнвора меҳмонон аз кишварҳои Эрон, Беларус, Озарбойҷон, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Туркманистон, Молдова, Русия ва Гурҷистон низ иштирок доштанд.

Дар ин маросим, Шоҳҷоизаи беҳтарин филми ҳунарӣ ба коргардони тоҷик Муҳиддин Музаффар барои филми “Моҳӣ дар шаст” тақдим карда шуд.

 

Муҳиддини Музаффар

Бояд гуфт, “Моҳӣ дар шаст” соли пеш ҳам синамоҷоизаи миллии “Тоҷи Сомон”-ро гирифта буд.

Ғолибони дигар номинатсияҳо инҳоянд:

Ҷоизаи “Беҳтарин коргардон” – Алексей Герман (Русия), барои филми “Ҳаво”;

Ҷоизаи “Беҳтарин наворбардор” – Константин Бесаҷе (Беларус), барои филми “Қасри сиёҳ”

Ҷоизаи “Беҳтарин оҳангсоз” – Фарзин Халъатбарӣ (Эрон), барои филми “Моҳӣ дар шаст”

Ҷоизаи “Беҳтарин нақши мардона” – Алтаншагай Ганбаатр (Муғулистон), барои филми “Падар”;

Ҷоизаи “Беҳтарин нақши занона” – Анастасия Тализина (Русия), барои филми “Ҳаво” ва Таҳмина Раҷабова (Тоҷикистон), барои филми “Хоби сурх”;

Ҷоизаи “Беҳтарин филми кӯтоҳ” – филми “Занги шомгоҳӣ” (Саодат Казакбаева, Қирғизистон);

Ҷоизаи “Ҷоизаи махсуси ҳакамон” – филми “Шаҳрвандони бом” (Гулшод Сумангулова, Қазокистон);

Ҷоизаи таваҷҷуҳи тамошобин – филми “Шаҳзода” (Иван Маниев, Молдова);

Ҷоизаи махсуси шаҳрдори Душанбе – Тӯрахон Аҳмадхонов (Тоҷикистон), барои саҳм дар рушди кинематография;

Ҷоизаи “Синамо бидуни марз” – филми “Духтари капитан” (Лариса Садилова, Русия).

 


Ба иттилои “Тоҷикфилм”, дар даври интихобӣ аз миёни 300 дархости пешниҳодшуда 150 филм барои омӯзиш ва тамошо пазируфта шуда, 16 филми ҳунарии пурра ва 20 филми кӯтоҳ ба озмун роҳ ёфтанд.

Филмҳо аз кишварҳои гуногун, аз ҷумла Эрон, Ҳиндустон, Тоҷикистон, Узбекистон, Қазоқистон, Туркманистон, Озарбойҷон, Арманистон, Туркия, Беларус, Молдова, Индонезия, Муғулистон ва Русия пешниҳод шуда буданд.

Имсол Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” рӯзи 16-уми октябр оғоз шуд. Ба фарқ аз солҳои пешин, имсол маросими хоси оғози синамоҷашнвора баргузор нашуд. Қаблан аз “Тоҷикфилм” ба “Азия-Плюс” гуфта буданд, ки оғози Рӯзҳои синамои Эрон ҳамзамон оғози ҷашнвораи мазкур аст.

Толиб Раҳматуллоев, муовини раиси “Тоҷикфилм” имрӯз дар тамоси телефонӣ “Азия-Плюс” гуфт, ки маросими оғози ҷашнвора баргузор шуд, вале дақиқ шарҳ надод, ки кай ва дар куҷо доир шуд.

Як манбаи мо дар “Тоҷикфилм” маросими оғози ҷашнвораро шарҳ дода, гуфт, “ҳамон оғози Рӯзҳои синамои Эрон ҳамзамон оғози ҷашнвораи мазкур буд”. Ӯ мушкили маблағ барои маросими оғози ҷаҳшнвораро рад кард.

 


Дар ин синамоҷашнвора беш аз 40 филм аз 15 кишвар намоиш дода шуд. Ҳамчунин Рӯзҳои синамои Эрон, Русия ва Қирғизистон доир гардид.

Бояд гуфт, ки Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” бо мақсади муаррифии манфиатҳои миллӣ, тарбияи ватандӯстӣ, эҳсоси ифтихор аз миллат, зебоии табиати диёр, ҷалби сайёҳон ва дарёфти истеъдодҳои нав дар соҳаи синамо, дар доираи Барномаи рушди кинои Тоҷикистон барои солҳои 2023–2027 ҳар ду сол як маротиба баргузор мешавад.

Ёдовар мешавем, ки якумин Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” соли 2023 баргузор шуда, дар он синамогарони кишварҳои Русия, Ӯзбекистон, Молдова, Озарбойҷон, Чин, Фаронса, Ҳиндустон, Покистон, Қазоқистон ва дигар давлатҳо иштирок доштанд. Он дар ду сол як маротиба мегузарад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.