Тоҷикистон дар шохиси ҷаҳонии “Занон, сулҳ ва амният” (Women, Peace and Security Index, WPS) дар соли 2025/26, ки аз сӯи Институти масъалаҳои занон, сулҳ ва амният дар назди Донишгоҳи Ҷорҷтаун ва Институти таҳқиқоти сулҳ дар Осло гузаронида шуд, миёни 181 кишвар бо гирифтани 0,685 хол ҷои 89-умро касб кардааст.
Дар ин шохис, Қазоқистон дар ҷои 72 (0,722), Туркманистон дар ҷои 74 (0,720), Қирғизистон дар ҷои 84 (0,697) ва Ӯзбекистон дар ҷои 98 (0,674) қарор гирифтаанд.
Бахши мусбат барои Тоҷикистон дар ин шохис бехатарии рӯзмарра ба ҳисоб меравад: 93% занон посух додаанд, ки шабона вақте ба сайру гашт мебароянд, бехатарариро эҳсос мекунанд. Ин паҳлу дар радабандии мазкур беҳтарин дар байни гурӯҳҳои муқоисавӣ зикр шудааст.
Нишондиҳандаи заифтар дар шохис, дастрасӣ ба ҳуқуқ ва ҳимоят аз ҳуқуқи худ аст. Тоҷикистон аз рӯйи “дастрасӣ ба адолат” мувофиқи баҳогузории 0-4 ҳамагӣ 0,7 хол гирифтааст, ки нишондиҳандаи пастарин аст. Миёни нишондиҳандаҳои ҳассос, 14% хушунат аз тарафи шавҳар аст.
Дар бахши “фарогирӣ ба таҳсил” соли миёнаи таҳсили занон - 10,9 сол, сатҳи бо шуғл таъмин будани занони 25–64-сола - 28,8%, фарогирии молиявӣ - 39,4% буда, 68% занон аз телефонҳои мобилӣ истифода мебаранд. Саҳми занон дар парлумон 26,6%-ро ташкил медиҳад.
Радабандии “Занон, сулҳ ва амният” вазъи занонро аз рӯи 13 нишондиҳанда (иштирок дар ҳаёти ҷомеа, ҳуқуқ, амният ва ҳоказо) арзёбӣ мекунад.
Пешсафи раддабандӣ бо нишондиҳандаи 0,939 Дания мебошад ва дар поёни ин шохис Афғонистон бо нишондиҳандаи 0,279 ҷой дорад. Ҳамзамон дар панҷгонаи кишварҳо бо нишондиҳандаи паст Яман, Ҷумҳурии Африқои Марказӣ, Сурия ва Судон қарор доранд.
Дар гузориш, пешрафти суст ҷаҳонӣ дар як қатор самтҳо, аз ҷумла фавти модарон ва намояндагии сиёсии занон, инчунин камбуди захираҳо барои барномаҳои марбут ба ҳуқуқи занон қайд шудааст.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста