Шароити кору зиндагӣ дар Афғонистони замони “Толибон” рӯз то рӯз мушкилтар мешавад. Аз як сӯ созмонҳои ҷаҳонӣ, аз ҷумла Созмони милали Муттаҳид аз таҳдиди гуруснагӣ ба беш аз 90 дар сади мардуми ин кишвар ҳушдор медиҳад. Аз сӯйи дигар расонаҳо аз сарнавишти талху ҳузнангези бархе аз таҳсилкардаҳои табақаи миёнаи ин кишвар, аз ҷумла хабарнигорону устодони донишгоҳ дар низоми аморати исломии толибон матолиб нашр мекунанд.
Аз ҷумла Халиллуоҳ Тавҳидёр, устоди яке аз донишгоҳҳои Кобул, баъди се моҳи бемаош мондану ба сарҳади гурснагӣ расидани шароити хонаводааш, маҷбур шудааст, ки дар яке аз сохтмонҳои ин шаҳр ба кор бипардозад.
Тавҳидёр дар ин сохтмон рӯзона 300 афғонӣ, чизе баробар ба 38-40 сомонӣ мегирад. Ӯ дар хонаводаи 17-нафарашон ягона ноновар ва касе аст, ки кор мекунад.
Бино ба иттилои шабакаи “Афғонистон Интернейшнл”, Халиллуоҳ Тавҳидёр давраи магистратураи худро дар яке аз донишгоҳҳои Ҳинд ба поён расонидаасту дар донишгоҳҳои Молайзияву Шриланка низ давраи бозомӯзиро пушти сар гузоштааст.
Тавҳидёр ба хабаргузории Ройтерз гуфтааст, ки баъди суқути Кобул ба дасти Толибон се моҳ аст, ки аз донишгоҳ маош нагирифтааст ва бо хонаводааш ин рӯзҳо гирифтору фақру тангдастӣ гаштааст.
“Даромади миёнае доштам, ки барои таъмини хонавода мерасид. Вале вақте аз Донишгоҳ се моҳ маош надоданд, маҷбур шудам аз дӯстону наздикон қарз бигирам. Аммо ин қарзҳо ҳам тамом шуд ва маҷбур шудам, ки ба ҳар коре, ки бошад розӣ шавам”,-гуфтааст Тавҳидёр.
Ӯ гуфтааст, ки пули қарзгирифтааш ҳафтаҳои пеш тамом шуд ва ҳатто натавонист ҳамсарашро, ки бордор аст барои муойина ба пеши пизишкон бибарад. Бо ин пул нон мехаридем, вале дигар барои нонхарӣ ҳам пул намонд ва хонавода танҳо биринҷ мехӯрд, ки он ҳам тамом шуд ва маҷбур шуд мунтазири маоши донишгоҳ набошаду дар яке аз сохтмонҳои Кобул ба кор оғоз кунад, то хонаводаашро аз гуруснагӣ наҷот диҳад.
Хабарнигор ҷуворифурӯш шуд
Мушкили Тавҳидёр ягона мушкили устодони донишгоҳ дар Афғонистон нест, балки дар сар то сари ин кишвар сарнавишти ҳазорон устоди донишгоҳу садҳо донишгоҳи давлатию хусусӣ ба ояндаи норавшане гиреҳ хӯрдааст.
Мустафо Ҷаъфарӣ, хабарнигори яке аз расонаҳои хусусӣ дар Кобул ҳам, баъди ба қудрат расидани Толибон, се моҳ пеш корашро аз даст дод ва дар яке аз хиёбонҳои Кобул ҷуворифурӯш шуд.
Ӯ, ки хатамкардаи риштаи ҳуқуқи ҷазо ва додситонӣ буду ҳодисаву гардишҳои сиёсии Афғонистонро бозтоб мекард, акнун худаш қурбонии гардишҳои сиёсии ахири ҷомеаи Афғонистон шудааст.
Мустафо 8 сол собиқаи кори хабарнигорӣ дораду бо ҳамсару ду духтари се ва панҷсолааш дар Кобул иҷоранишин аст.
Бино ба гузориши рӯзномаи “8 субҳ”-и чопи Кобул, баъди ҳукуматро соҳиб шудани Толибон садҳо ҳазор нафар дар ин кишвар ҷойи корашонро аз даст додаанд. Баъзе аз ин шумор роҳи муҳоҷиратро пеш гирифтаанду баъзеи дигар мисли Мустафо аз бекорӣ ранҷ мекашанду ба корҳои ба гуфти мардуми Кобул “шоқа” рӯй овардаанд.
Мустафо гуфтааст, ки баъди бекор мондан ба садҳо ҷой сар задааст, ки кори муносибтаре пайдо кунад, вале кор наёфтаасту ночор рӯй бар ҷуворифурӯшӣ овардааст. Ӯ акнун дар хиёбонҳои Кобул ҷувориро бирён мекунаду мефурӯшад, ки аз даромади он метавонад ҳамагӣ рӯзона чанд ноне барои хонааш бибарад.
Ӯ гуфтааст, ки то суқути Кобул ба дасти Толибон моҳона 20 ҳазор афғонӣ маош дошт, ки он вақт наздик ба 300 доллари амрикоӣ мешуд.
Ин хабарнигор гуфтааст, ки дӯстонаш ӯро дар ҳоли ҷуворифурӯшӣ мебинанду тамасхураш мекунанд, ки таҳаммули ин саҳнаҳо барояш хеле дардовар аст.
“Ман дар ин давраи бекорӣ тамоми пасандозеро, ки ҷамъ карда будам масраф кардам. Кори дигар, ки наёфтам маҷбур шудам, ҷуворифурӯш шавам. Шояд дӯстонам гумон мекунанд, ки ман дар ин кор роҳат бошам. Албатта чун бо дӯсте рӯ ба рӯ мешавам, аз шарм ҳазор бор мемираму зинда мешавам, аммо боз ҳам хубаст, ки метавонам барои хонаводаам ноне пайдо кунам”,- гуфтааст Ҷаъфарӣ.
Ба навиштаи «8 субҳ” бо фурӯ пошидани низоми пешини Афғонистон дар ин кишвар 200 расона аз кор мондаанд, ки кормандони онҳо ҳамагӣ бекор мондаанд. Бар иловаи хабарнигорон садҳо ҳазор кормандони давлатӣ ва бахшӣ хусусӣ низ кори худро аз даст додаанд.
“Бо ин ҳама, вазъияти ҳоким ӯро нигарон карда ва мегӯяд, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ва Толибон набояд орзуҳои ҷавонони таҳсилкардаро нобуд кунанд. Ў аз толибон мехоҳад, ки нагузоранд, ки дастовардҳои ҷавонон ва таҳсилкардагон аз байн биравад. Ба гуфта ӯ онон бояд заминаи иштиғол ва зиндагии мураффаро барои мардум фароҳам кунанд”,- навиштааст рӯзнома аз қавли Мустафо.
Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо - "Афғонистон" бихонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Read more: https://asiaplustj.info/tj/news/world/20211102/lavrov-tolibon-hudro-ozod-az-iroi-udadorio-medonand
Тақдири талхи муҳоҷир: чӣ гуна сокини Хуҷанд бе хонаву оила монд?
“Ҳуҷҷатҳоро мехаранд”. Чаро дар Тоҷикистон фарҳанги ронандагӣ коста аст?
Ҳеҷ гоҳ қаламро раҳо накард. Нигоҳе ба рӯзгори ятимӣ ва нақди адабии Соҳиб Табаров
Газ аз поруи чорво: биодайджестерҳо дар Тоҷикистон мушкили мардумро осон мекунанд
Дар мурофиаи чоруми чеҳраҳои шинохта 3 шоҳид алайҳи онҳо баромад кардааст
Таблиғи тарс: чӣ гуна муҳоҷирони тоҷик ҳамчун василаи таблиғ истифода мешаванд?
Корти бонкиро дар ватан фармоиш диҳед, дар Русия гиред
Озмуни “Фурӯғ...”. Рақобат барои “Шоҳҷоиза” чӣ гуна ҷараён гирифт?
Огоҳии дуюм. Вазорати меҳнат хабари пардохти кумакпулиро ба шаҳрвандон рад кард
“Дурӯғ, дурӯғи маҳз ва омор” Оё ҷинояткорӣ миёни муҳоҷирон дар Русия афзудааст?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста