Ричард Беннет, гузоришгари ҳуқуқи башари Созмони Миллали Муттаҳид барои Афғонистон ба нақл аз сокинони Панҷшер гуфтааст, ки Толибон* дар ин вилоят ба нақзи густурдаи ҳуқуқи башар, ба вижа ҳуқуқи занону духтарон ва саркӯби шадиди ғайринизомиён пардохтаанд. Беннет ин изҳоротро баъди анҷоми боздидаш аз вилояти Панҷшери Афғонистон дар Твиттери худ навиштааст.
Ӯ дар идома афзудааст, ки бар асоси изҳороти сокинони маҳал, аз ҷумла мардону занони ин вилоят, рафтори Толибон бо асирҳои ҷангии Ҷабҳаи муқовимат низ такондиҳанда аст. Гузоришгари ҳуқуқи башари СММ таъкид кардааст, ки ба ин рафторҳо бояд хотима бахшид ва омилони ин кирдорҳо бояд посухгӯ бошанд.
Ричард Биннет гуфтааст, ки гузоришеро дар робита ба дидаҳо ва мушоҳидаҳояш дар Панҷшерро имрӯз, 26 октябр, дар Маҷмааи умумии СММ ироа хоҳад кард.
Ӯ ҳамчунин, аз шаҳрвандони Афғонистон дархост кардааст, ки аз нақзи ҳуқуқи башар дар ин кишвар ба ӯ ба воситаи аксву наворҳо хабар диҳанд. Беннет гуфтааст, ки ҳувияти шоҳидонро ошкор нахоҳад кард.
Ёдовар мешавем, ки қаблан ҳам Намояндагии Созмон Милали Муттаҳид дар Афғонистон (UNAMA) гуфта буд, ки ҳайати сиёсӣ ва ҳуқуқи башарии ин созмон ба Панҷшер сафар карда, дар дидор бо Муҳаммаднасим Нурӣ, волии Толибон дар ин вилоят нигарониҳои амиқи худро дар робита ба ноамнӣ ва нақзи ҷиддии ҳуқуқи башар дар Панҷшер таъкид карда буданд.
Намояндагии СММ дар Афғонистон он замон навишта буд, ки ҳадаф аз сафари ин ҳайат баррасии иддаои нақзи ҳуқуқи башар дар Панҷшер аст.
Ин ниҳод гуфта буд, ки дар ин самт ба назорати хеш идома хоҳад дод.
Толибон дар Панҷшер ба ин, ки ғайринизомёнро ба иттиҳоми доштани иртибот бо Ҷабҳаи муқовамати миллӣ боздошт, шиканҷа ва тирборон кардаанд, муттаҳам мешаванд. Ин гурӯҳ ҳамчунин, ба тирборон кардани асирони Ҷабҳаи муқовамати миллӣ дар Панҷшер айбдор мешаванд.
Бояд гуфт, ки ахиран ҷангҳои шадид дар вилояти Панҷшер, Бадахшон ва Тахори Афғонистон миёни нерӯҳои Ҷабҳаи муқовамати миллӣ ва ҷангҷӯёни гуруҳи Толибон бо шиддат идома дорад. Наворҳои аз рафти ин ҷанг интишорёфта гувоҳи он аст, ки ҷангҷӯёни Толибон бо бераҳмии хос бо асирону мардуми мулкӣ муносибат мекунанд ва дар ин маврид на фақат роҳбарияти Ҷабҳа, балки расонаҳои бонуфуз ҳам бо нигаронӣ ибрози ақида намудаанд.
*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст
Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо - "Афғонистон" бихонед.





“Моро дуруст фаҳмед”. Муроҷиати Эмомалӣ Раҳмон ба мардум ва ваъдаи поёни маҳдудияти интиқоли барқ дар соли 2027
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Меҳрубон”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 2
Дар пайи мушкили таъмини барқ, Тоҷикистон аз Ӯзбекистон барқ мехарад
Дар Суғд корхонаи ғанигардонии маъдани оҳан сохта мешавад
Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзали FIFA дар қатори 50 кишвари аввал қарор дорад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 16 декабри соли 2025
Дар Тоҷикистон қонуни манъи истифодаи сигорҳои электронӣ омода мешавад
Муттаҳам ба қатли модар ва се фарзанди ӯ дар ноҳияи Рӯдакӣ ба зиндони абад маҳкум шуд
“Барқ доимӣ шавад”. Сокинон аз паёми имсолаи раисҷумҳур ба парлумон чӣ интизорӣ доранд?
Мақомот сабаби садамаи қатори боркаш дар Ёвонро шарҳ доданд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста