Аҳмад Масъуд, раҳбари Ҷабҳаи муқовимати милии Афғонистон бо Лиза Кертис, собиқ директори аршад дар умури Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ дар Шӯрои амнияти миллии Амроико ва ҳайати ҳамроҳони ӯ, ки ба Душанбе омада буданд, мулоқот накардааст.

Як манбаъ аз ситоди Ҷабҳаи муқовимати милии Афғонистон дар Душанбе ин иттилоро тасдиқ намуда, гуфт, ки Аҳмад Масъуд берун аз Тоҷикистон қарор дошт ва аз ин лиҳоз, натавонист бо ҳайати амрикоӣ мулоқот намояд.

“Аҳмад Масъуд, роҳбари Ҷабҳаи муқовимати милии Афғонистон берун аз Тоҷикистон қарор дорад ва аз ин лиҳоз натавонист бо хонум Лиза Кертис ва ҳайати ҳамроҳони ӯ мулоқт ва суҳбат кунад”, - гуфт манбаъ.

Ӯ афзуд, ки ҳайати амрикоӣ бо намояндаҳои сатҳи поёнии Ҷабҳаи муқовимати миллӣ мулоқот кардаанд ва суҳбат асосан дар робита ба масоили фарҳангӣ ва сиёсӣ ҷараён гирфт.

Гуфтан лозим аст, ки ҳайати амрикоӣ, зери раҳбарии Лиза Кертис, собиқ директори аршад дар умури Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ дар Шӯрои амнияти миллии Амроико чанде пеш вориди Душанбе шуд ва бо Зоҳир Ағбар, сафири Афғонистон дар Тоҷикистон ва муҳоҷирони ин кишвар дар Тоҷикистон мулоқот кард. Дар ин хусус аз Сафорати Ҷумҳуриии Исломии Афғонистон дар Тоҷикистон хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ аз Сафорати Афғонистон, Зоҳир Ағбар аз рафтори ИМА дар қиболи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон интиқод карда, зикр намудааст, ки ин кишвар аз аввалинҳое буд, ки сафорати Афғонистонро баст, аммо аз Ҷабҳаи муқовимат пуштибонӣ накард.


Баъдар Лиза Кертис дар пайванд ба мулоқоташ бо Зоҳир Ағбар дар сафҳаи Твиттери худ навишт, ки “аз вохӯрӣ бо Сафири Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар Тоҷикистон Зоҳир Ағбар барои гуфтугӯ дар мавриди дидгоҳи ӯ дар бораи як Афғонистони фарогир ва сулҳомез, ки ба ҳуқуқи эътирофшудаи занон ва духтарон эҳтиром мегузорад, хушҳолам”.

Гуфтан ба маврид аст, ки Аҳмад Масъуд, писари қаҳрамони миллии Афғонистон Аҳмадшоҳ Масъуд пас аз ғасби қудрат дар Афғонистон аз сӯйи Толибон* дар тобистони соли 2021 муборизаи худро алайҳи ин гуруҳ эълон кард ва Ҷабҳаи муқовимати милии Афғонистонро таъсис дод. Ин ҷабҳа дар зодгоҳи Аҳмад Масъуд, дараи Панҷшер, ки замоне падараш Аҳмадшоҳ Масъуд аз он ҷо ба мубориза бо Иттиҳоди Шӯравӣ ва баъдтар ҷангҷӯёни Толибон бархоста буд, эълон кард, ки бо ишғолгарони хоки Афғонистон мубориза хоҳад бурд.   

*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо - "Афғонистон" бихонед.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.