×
Адреси почтаи электронии Шумо:
Забонҳоро интихоб кунед
Русский
Тоҷикӣ
English
Subscribe
Бекор кардан
×
Вуруд
Ворид шудан тавассути қайд (профил) дар шабакаҳои иҷтимоӣ
Равзанаи тасдиқи сабтатон боз мешавад, пас аз ин шуморо автоматӣ ба сомона бармегардонанд
Шабакаи иҷтиомиро интихоб кунед
Ворид шудан ба воситаи логини системавӣ
Барои гирифтани логини системавӣ шумо бояд бо "Азия-Плюс" дар робита шавед
Ном
Рамз
Вуруд
07 июл 2026
21:02 TJT
+27.78°C
Душанбе
Ру
/
Тҷ
/
En
/
Вуруд
Игры
Радио
Toggle navigation
АСОСӢ
ТОҶИКИСТОН
Кулли маводи бахш
Ҳокимият
Сиёсат
Иқтисод
Амният
Ҳаводис
Қонун ва тартибот
Ҷомеа
ОСИЁИ МАРКАЗӢ
ҶАҲОН
ВАРЗИШ
АҚИДА
ЛОИҲАҲОИ МАХСУС
ARCHIVE
Сюжетҳо
Ҳамлаи Амрикову Исроил ба Эрон
Афғонистон
Тендер ва ҷойҳои корӣ
Қурби асъори БМТ
9.28
USD
9.278
-0.0040
0.12
RUB
0.1192
-0.0009
10.59
EUR
10.5945
-0.0380
Ру
/
Тҷ
/
En
/
Вуруд
Toggle navigation
Асосӣ
Games
Радио эфир
Тоҷикистон
Кулли маводи бахш
Ҳокимият
Сиёсат
Иқтисод
Амният
Ҳаводис
Қонун ва тартибот
Ҷомеа
Осиёи Марказӣ
Ҷаҳон
Варзиш
Ақида
МУҲОҶИР
ЛОИҲАҲОИ МАХСУС
Archive
Тоҷикистон, Иқтисод
15:04, 21 апрел, 2022
Тоҷикистон зироати ғалладонаи Қазоқистонро бо маҳсулоти имтиёзнок аз Русия иваз кардан мехоҳад
Ин эҳтимол ба маҳдудиятҳои ин кишвар дар мавриди содироти зироати ғалладона марбут бошад.
14:17, 21 апрел, 2022
Тоҷикистону Беларус корхонаи муштараки истеҳсоли қолинҳо таъсис медиҳанд
Инчунин масъалаи афзоиши содироти маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тозаи Тоҷикистон баррасӣ шуд.
10:42, 20 апрел, 2022
2,2 миллиён маоши муҳоҷирон дар Русия аз корфармоён рӯёнда шудааст
Дар семоҳаи аввали соли 2022 намояндагии Вазорати меҳнати Тоҷикистон дар Русия ба муҳоҷирони тоҷик беш аз 2 миллиону 200 ҳазор рубли русӣ маошеро рӯёнидааст, ки корфармоён нахмехостаанд
16:21, 19 апрел, 2022
Дар соли 2021 қарзи корхонаҳои давлатии Тоҷикистон $2,5 млрд кам шуд
То аввали соли 2022 қарзи корхонаву ташкилотҳои кишвар то 5,4 млрд доллар поин рафт.
14:45, 19 апрел, 2022
Буҷети Тоҷикистон 25 млн доллар барзиёд иҷро шуд
Афзоиши пардохтҳо аз андоз ба “ҳамёни асосӣ”-и кишвар кумак кард.
16:23, 18 апрел, 2022
Содироти маҳсулот аз Тоҷикистон нисбат ба соли гузашта ба таври назаррас кам мешавад
Ин ба коҳиши интиқоли сангҳои қиматбаҳо ва фулузот ба Швейтсария вобаста аст.
14:14, 18 апрел, 2022
Нархҳо дар Тоҷикистон 2,4% боло рафтанд. Кадом маҳсулот қимат шуд?
Молу маҳсулот қимат шуда, таърифаҳои хизматрасонӣ поин рафтанд.
13:43, 14 апрел, 2022
БМТ қурби рублро нисбати сомонӣ то сатҳи аввали моҳи апрел баргардонд
Зуд-зуд тағйирёбии қурби рубл пас аз оғози даргириҳои байни Русия ва Украина ду моҳ инҷониб ба мушоҳида мерасад.
12:51, 14 апрел, 2022
Бензину газ дар Душанбе ва минтақаҳо боз 20 дирам арзон шуд
Поинравии нарх ба болоравии қурби рубли Русия нисбат ба доллар марбут аст.
07:39, 14 апрел, 2022
“Интиқоли пул 4,5 баробар афзуд”. “Бонки Эсхата”норасоии пулро дар банкоматҳо шарҳ дод
Нисбат ба ҳафтаҳои пеш интиқоли пул аз ҷониби муҳоҷирон бамаротиб зиёд шуд.
17:36, 13 апрел, 2022
Ҳиндустон ба Тоҷикистон беш аз $1 млн медиҳад
Имрӯз, 13 апрел, вакилони парлумони Тоҷикистон ёддошти тафоҳумеро байни Тоҷикистон ва Ҳиндустон ба тасвиб расониданд, ки маблағгузории ҳар як ин лоиҳа 16,94 млн сомонӣ ё зиёда аз 1 млн доларро дар
17:36, 13 апрел, 2022
Аз кадом банкоматҳои Душанбе пул гирифтан мумкин аст?
Кӯшиш кардем, ки аз банкоматҳои як қатор бонкҳо пул гирем, лекин танҳо дар 1-тоаш муяссар шуд.
15:02, 13 апрел, 2022
Пешбинӣ мешавад, ки иқтисоди Тоҷикистон дар миёни кишварҳои Қафқоз ва Осиёи Марказӣ сахтарин рукудро хоҳад дошт
Афзоиши иқтисоди нисбатан пасттарин дар Тоҷикистон ахиран соли 1997 сабт шуда буд.
14:03, 12 апрел, 2022
Вазорати меҳнат: маоши миёна дар Тоҷикистон 12% зиёд шуд
То 1 феврал маоши миёнаи номиналӣ 1 ҳазору 619,1 сомониро ташкил додааст.
16:52, 11 апрел, 2022
Ба Тоҷикистон тавсия доданд, ки аз гирифтани қарзҳои гарон худдорӣ кунад
Ҳушдор дода мешавад, ки дар ин ҳолат ба ҷумҳурӣ буҳрони пардохти қарз таҳдид карда метавонад.
14:21, 11 апрел, 2022
Нахустин ҳайати расмӣ аз Русия баъди ҷанг дар Укроин барои тиҷорати меваву сабзавоти Тоҷикистон омад
Баъди ҷанги Русия дар Укроин ва буҳрони сарзада аз низоъ нахустин ҳайати расмии яке аз вилоятиҳои Русия барои ба роҳ мондани хариду фурӯши меваву сабзавоти Тоҷикистон, ба вилояти Суғд омаданд.
10:33, 11 апрел, 2022
Рӯзҳои истироҳат қурби рубли русӣ дар баробари сомонӣ боз 5% боло рафт
Тайи ҳафтаи ахир тамоили болоравии қурби рубл нисбат ба сомонӣ ба мушоҳида расида, аз 4 апрел қурби он ба андозаи 16% зиёд шуд.
09:39, 11 апрел, 2022
Бонки ҷаҳонӣ коҳиши иқтисоди Тоҷикистонро бар асари муноқишаи Русия ва Украина пешгӯӣ мекунад
ММД Русия 11,2% ва Украина - 45% коҳиш ёфта, болоравии он дар солҳои 2023-2024 мутаносибан дар сатҳи 0,6% ва 1,3% пешгӯӣ мешавад.
13:03, 8 апрел, 2022
Қурби рубл дар Тоҷикистон тайи рӯзҳои ахир 10% боло рафт
Имрӯз, 8 апрел 1000 рубли русӣ ба 163,4 сомонӣ баробар аст.
17:47, 7 апрел, 2022
Бензину газ дар Тоҷикистон боз арзонтар шуд
Дар Тоҷикистон нархи маводи сӯхт, аз қабили бензину газ ва сӯзишвории дизелӣ (солярка) назар ба поёни ҳафтаи гузашта каме арзонтар шудааст.
11:32, 7 апрел, 2022
Дар 3 моҳ беш аз 60 ҳазор муҳоҷири тоҷик аз Русия баргаштаанд. 156,3 ҳазори дигар дар рӯихати “сиёҳ” - и Русия
Дар семоҳаи аввали соли 2022 аз Русия ба Тоҷикистон 60 ҳазору 337 муҳоҷири тоҷик баргаштаанд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 2,6 маротиба зиёд будааст.
10:52, 7 апрел, 2022
БОР коҳиши назарраси интиқоли пул ба Тоҷикистонро пешгӯӣ мекунад
Ин ҳолат ба Русияро тарк кардани муҳоҷирон ва беқурбшавии рубл асоснок карда мешавад.
19:28, 6 апрел, 2022
Корхонаи “Намаки Ашт” дигарбора фаъол шуд. Ба хотири сафари президент?
Тобистони соли гузашати Оҷонси зидди фасод дар пайи як санҷиш ин корхонаро беш аз 600 ҳазор сомонӣ ҷарима баста, кори он қатъ шуда буд.
07:52, 6 апрел, 2022
Истеҳсоли гӯшти мурғ зиёд мешаваду лекин нархаш ҳам боло меравад. Чаро?
Имрӯз 1 кило гӯшти мурғи истеҳсоли маҳаллӣ аз 35 то 45 сомонӣ нарх дорад ва ин ҳам дар ҳолест, ки соли гузашта он ба 25-35 сомонӣ баробар буд.
16:03, 5 апрел, 2022
Раҳбарияти “Ориёнбонк”, “Тавҳидбонк” ва “Сомон Эйр” ҷиҳати таҳкими равобит ба Олмон рафтанд
Сафар бо ибтикори сафорати Тоҷикистон дар Олмон сурат гирифт.
13:37, 5 апрел, 2022
Русия масъалаи иваз кардани сабзавоту меваи Ғарбро ба маҳсулоти Тоҷикистон баррасӣ мекунад
Мушкилоти аслӣ дар ин самт душвориҳо дар логистика ва ҳамлу нақли молу маҳсулот номбар шудааст.
12:33, 5 апрел, 2022
Қазоқистон содироти гандумро маҳдуд кард. Тоҷикистон дар ташвиш бошад ё не?
Зикр мешавад, ки дар ҷумҳурӣ ҳаҷми зарурии маводи ғизоӣ, аз ҷумла зироати ғалладона ва орд захира шудааст.
13:20, 4 апрел, 2022
Бонки миллӣ қурби долларро нисбат ба сомонӣ ба таври қобили мулоҳиза поин бурд
Бештар евро беқурб шуда, қурби рубл ҳам ба таври начандон наззарас коҳиш ёфт.
09:19, 31 март, 2022
Гази моеъ дар Тоҷикистон ба андозаи 8% арзон шуд
Ба сурати умум нархи сӯзишвории автомобилӣ дар кишвар ба миқдори 6% поин рафт.
08:32, 31 март, 2022
Қурби рубл дар Тоҷикистон ба мавқеи пешинааш баргашт
Минбаъд низ боз болоравии қурби он пешгӯӣ мешавад.
49
50
51
52
53
54
55
56
57
58
59
60