Як ҳайати бахши иқтисоди Тоҷикистон бо мақсади рушд ва таҳкими ҳарчи бештари робитаҳои иқтисодиву тиҷоратӣ бо намояндагони чанде аз ширкатҳои бонуфузи Олмон дидору гуфтушунид карданд.
Тавре ки Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ хабар медиҳад, сафар бо ибтикори сафорати Тоҷикистон дар Олмон роҳандозӣ шудааст.
Ба ҳайат намояндагони раҳбарияти “Ориёнбонк”, “Тавҳидбонк”, инчунин ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” шомил шудаанд.
Аз ҷумла дар вохӯрӣ бо мудири кулли ширкати пешрафтаи Airbus Operations GmbH Гуннар Грос имкони рушди ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар соҳаи нақлиёти ҳавоӣ баррасӣ шудааст.
“Дар баробари огаҳӣ ёфтан аз фаъолияти гуногунҷанбаи “Airbus Operations GmbH”, ҳайати тоҷикистонӣ, ҳамчунин аз раванди корҳои истеҳсолии ҳавопаймоҳои тамғаҳои мухталифи мусофиркаши оилаи “Аэробус” шиносоӣ пайдо намуд”, - омадааст дар хабар.

Ғайр аз ин, дар вохӯрии дигар бо роҳбарияти ҶС “Euler Hermes”, аз ҷумла сардори раёсати суғуртакунӣ ва идораи хавфҳо Ян-Филипп Апкин ва мушовири калон оид ба масъалаҳои ҳамлу нақл Бертҳолд Ройтер вобаста ба тақвияти ҳамкориҳои минбаъда табодули назар сурат гирифт.
Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, соли 2021 ҳиссаи Олмон дар гардиши моли хориҷии Тоҷикистон 1,7% ташкил дод. Ҳаҷми умумии муомилоти мол байни Тоҷикистону Олмон дар соли гузашта ҳудуди 108 млн долларро ташкил додааст, ки 17,5% зиёдтар нисбат ба соли 2020 аст. Ҳудуди 99,7%-и муомилоти молии дуҷониба ба содироти молу маҳсулоти Олмон ба Тоҷикистон рост меояд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста