Кишвари ҳамсояи Ӯзбекистон сар аз 1 июл қоидаҳои нави содироти маснуоти заргариро ба хориҷ ҷорӣ мекунад.
Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, акнун ҳамаи монеаҳо ва маҳдудиятҳои содироти маснуоти заргарии гаронарзиш ба хориҷ бардошта мешавад. Дар ин бора Нодир Мирахмедов, муовини раиси эътилофи "Ӯзбекзаргарсаноат" ба расонаҳои маҳаллӣ хабар додааст.
"То ин замон содироти маснуоти заргарие манъ буд, ки аз 5 ҳазор доллар бештар арзиш дошт. Ин ҳам қатъиян манъ набуд, вале ҳуҷҷатгузориаш бештар буд. Ба ҷуз ин, пардохти иловагӣ дошт", - гуфтааст вай.
Ба гуфтаи Мирахмедов, ҳолатҳое буд, ки саёҳони хориҷӣ аз Самарқанду Бухоро мехостанд, маснуоти заргарӣ харидорӣ кунанд, аммо баъди он ки мефаҳмиданд, ҳуҷҷатгузории он мушкил дорад, аз раъйи худ мегаштанд.
"Акнун ҳар шахси воқеӣ метавонад, маснуоти заргарии мавриди писанди худро харидорӣ карда, ба хориҷ барад. Дар маҷмуъ, ин як қадами бузургест барои истеҳсолкунандаи ватанӣ", - изҳор намудааст ӯ.





ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста