Дар дармонгоҳи бемории сили вилояти Суғд 11-уми апрел сокини ноҳияи Шаҳристон вафот кард. Шояд ҳодисаи маъмулӣ бошад, аммо хешовандони марҳум ба карантин гирифта шуданд.
Маълумот дар бораи марги сокини 61-солаи ноҳияи Шаҳристон Шодмон Раҷабовро муовини сардори Раёсати тандурустии вилояти Суғд Маъруф Ҳоҷибоев ба “Азия-Плюс” тасдиқ кард.
Дар ҳамин ҳол, ӯ қайд кард, ки Раҷабов ба инсулин вобастагӣ дошт.
“Ӯ рӯзи 8-уми апрел бистарӣ шуд. Раҷабов баъди ба сауна (ҳаммом) рафтан худро бад ҳис карда, ба беморхонаи ноҳияи Шаҳристон муроҷиат мекунад. Аммо дар он ҷо ба ӯ гуфтанд, ки вазъи саломатияш хуб аст. Ӯ ба хона омада, боз худро бад ҳис кард. Баъд аз муроҷиаташ ба беморхонаи вилоятӣ, зимни муоина дар ӯ бемории сил ошкор шуд”, - иброз дошт Ҳоҷибоев.
Вай афзуд, ки Раҷабовро дар дармонгоҳи бемориҳои сили Деҳмой бистарӣ карданд ва ӯ дар он ҷо фавтид.
“Аъзои оилаи ӯ дар беморхонаи сироятии ноҳияи Шаҳристон ба карантин гирифта шуда, зери муоинаи табибон қарор доранд”, - қайд кард муовини сардори Раёсати тандурустии вилояти Суғд.
Шодмон Раҷабови фавтида дар канори шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд ба фурӯши “танӯркабоб”-и маъруф машғул буд.
Маъруф Ҳоҷибоев илова кард, ки ба ҳолати соати 8-и 14-уми апрел 1206 нафар дар минтақаҳои карантинии вилояти Суғд қарор доранд. 1942 нафар аз карантин рухсатӣ шуданд. Ба гуфтаи ӯ, ҳолатҳои сирояти коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.
Ёдрас мекунем, ки 12 апрел як корманди беморхонаи вилоятии клиникӣ дар Бохтар вафот кард. Дар ин беморхона тоҷикистониёни аз хориҷи кишвар баргаштаро ба карантин гирифтаанд. Дар маълумоти расмӣ сабаби марги ин зан ҳам бемории сил унвон шуд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.





ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста