Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон Қамчибек Тошиев, ки раиси ҳайати ҳукуматии ин кишвар дар масъалаи марз низ ҳаст, имрӯз, 26-уми март, дар Бишкик зимни як нишасти вижаи хабарӣ натиҷаи музокироти марзии рӯзҳои 17-18-уми март дар шаҳри Гулистони Тоҷикистонро ба хабарнигорон шарҳ дод. Дар ин бора хабаргузории "АКИpress"-и ин кишвар хабар медиҳад.
Тошиев гуфтааст, ки масъалаи марзӣ то кунун ҳалношуда боқӣ мондааст ва мавзуъи асосӣ дар баҳсҳои марзӣ Ворух аст, ки ин мақоми қирғиз аз он анклав ном бурдааст.
Ӯ гуфтааст, ки Қирғизистон дар мавриди Ворух ба Тоҷикистон ду гузина пешниҳод кардааст:
"Якум - мо бар асоси қонун марзи онро чен мекунем ва он дигар васеъ намешавад. Вале мо аз ҳудуди худ, танҳо барои истифода ба онҷо роҳ боз мекунем, то онҳо битавонанд ворид шаванд. Дувум сахттар аст - мо омодаем Ворухро иваз кунем. Аагр онҳо ҳудуди онро дар ихтиёри мо бигузоранд, ки 12 ҳазор га аст, мо ҳам омодаем 12 ҳазор га-ро дар ноҳияҳои дигари вилояти Бодканд бидиҳем. Мо ҳатто рӯйхати ин мавзеъҳоро додем. Вале ҷониби Тоҷикистон то кунун посух надодааст",-гуфтааст ӯ.
Аммо ҷониби Тоҷикистон то кунун дар мавриди ин изҳори назари мақоми қирғизӣ чизе нугфтаанд.
Вазорати корҳои хориҷӣ ба "Азия-Плюс" гуфт, ки дар фурсатҳои наздик дар ин маврид назари худро иброз мекунанд, вале мо то замони нашри ин матлаб назари вазоратро дарёфт карда натавонистем.
Тошиев гуфтааст, ки то замоне, ки мавзуъи марз бо Тоҷикистон ҳал нашавад, Қирғизистон қочоқро мутавақиф мекунад.
"Мо ҳамаи имконро истифода мекунем, ки қочоқ, асосон аз ҷониби мо нашавад. Мо пешгирӣ хоҳем кард.То ин замон содиқона бархӯрд мешуд ва амалҳои ғайриқонунӣ сурат мегирифт. Ин дигар намешавад. Ҳоло ба Тоҷикистон як литр маводи сӯхт (ГСМ) намегузарад. Аз Тоҷикистон ҳам маҳсулот ворид намешавад. Баъди ҳал шудани масоили марзӣ сабукиҳо мешавад, корро оғоз мекунем",- изҳор кардааст ӯ.
Тоҷикистону Қирғизистон ба аломатгузорӣ ва мушаххас карданимарзи давлатӣ дар соли 2002 оғоз карданд ва тақрибан бар сари 60 дар сади марз ба тавофуқ расиданд. Дар ҳоли ҳозир аз 976 км марзи байнидавлатӣ ҳамагӣ 504 км аломатгузорӣ ва муайян шудааст.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Нуреку - городу солнца и света сегодня 64. Фотолетопись нашей истории
В Таджикистане определились с налогоплательщиками – льготниками на 2025 год
Душанбе занял 216-е место в рейтинге лучших городов для экспатов
В Канибадаме обнаружены тела ещё четырёх человек - членов двух семей
За распространение психотропных препаратов в Душанбе задержали пять человек
Резервный фонд президента Таджикистана получит из бюджета $63 млн в 2025 году
Эмомали Рахмон переизбран главой НОК Таджикистана, а Рустам Эмомали продолжит руководить ФФТ
Парламентские молчуны. Почему таджикские депутаты перестали контактировать со СМИ?
В России заблокировали Viber. Как это отразится на таджикистанцах?
Премьер-министр Кыргызстана ушел в отставку. Он сам подал заявление
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста