Дар Қазоқистон алифбои нави лотинӣ барои забони қазоқӣ ба баррасии ҳамагонӣ пешниҳод шуд. Ин кишвар пештар эълон карда буд, ки аз соли 2024 комилан ба алифбои лотинӣ мегузарад ва аз алифбои кирилӣ то соли 2031 даст мекашад.
Фармони нави президенти ин кишвар, дирӯз дар бораи баъзе аз масъалаҳои гузариш аз алифбои қазоқии кирилӣ ба алифбои нави лотиниро нашр кард. Мақомоти Қазоқистон охирҳои моҳи январи соли равон гузинаи нави алифбои қазоқии бо ҳуруфи лотиниро муаррифӣ карданд. Багуфтаи мақомот, алифбои нав аз миёни 40 гузина интихоб шудааст.
Гуфта мешавад алифбои такмилшуда дорои 31 аломат аст, ки ҳамаи 28 овоз дар забони қазоқиро фаро мегирад. Ин алифбо тибқи меъёри "як овоз - як ҳарф" таҳия шудааст.
Нурсултон Назарбоев раисҷумҳури пешини Қазоқистон дар соли 2017 дастур дода буд, ки алифбои қазоқӣ ба лотинӣ тағйир дода шавад. Ин аллакай гузинаи чаҳоруми алифбо аст, ки ҳукумати Қазоқистон пешниҳод мекунад. Бо дастури Назарбоев пештар ду гузинаи алифбо пешниҳод шуд, вале ҳар дуи онҳо мавриди интиқоди умум қарор гирифта буд
Қазоқистон баъди Ӯзбекистон дувумин кишвари Осиёи Марказӣ аст, ки ба алифбои лотинӣ мегузарад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.




ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста