Президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев рӯзи 5 январ истеъфои ҳукумати кишварро қабул кард.

Тавре ки INTERFAX хабар медиҳад, амри дахлдорро дар ин бора Токаев рӯзи 5 январ ба имзо расонида, он дар сомонаи сарвари давлат нашр шудааст.

Мувофиқи амр, иҷрои вазифаҳои сарвазири Қазоқистон муваққатан ба дӯши Смаилов Алихон Асханович (муовини сарвазир дар ҳайати ҳукумати истеъфодода) вогузор шудааст.

Гуфта мешавад, то тасдиқи ҳайати нави девони вазирон, аъзои ҳукумат ба иҷрои вазифаҳои худ идома медиҳанд.

Амри мазкур аз рӯзи ба имзо расиданаш мавриди амал қарор мегирад.

Ҳукумати пешинаро, ки ба истеъфо рафт, Аскар Мамин роҳбарӣ мекард, ки моҳи феврали соли 2019 сарвазир таъин шуда буд.

Ҳукумати истеъфодода
centralasia.media

Қабл аз истеъфои ҳукумати Қазоқистон дар ин кишвар эътирозҳои густарда сурат гирифтанд. Тазоҳуроте, ки рӯзи якшанбе дар Жанаозен (шаҳри вилояти Мангистау дар ғарби Қазоқистон) алайҳи болоравии қимати гази моеъ оғоз шуд, ба гирдиҳамоиҳо дар саросари кишвар боис гардид.

Дар як қатор шаҳрҳои Қазоқистон мардум ба дастгирии эътирозгарон дар Жанаозен ба кӯчаҳо баромаданд. Ба ғайр аз талаби поин бурдани нархи гази моеъ, онҳо дар мавриди беҳбуди некӯаҳволии мардум, истеъфои ҳукумати феълӣ ва ғайра низ талабҳо пешниҳод намуданд. Дар бузургтарни шаҳри кишвар - Алмато бетарибиҳои оммавӣ оғоз шуданд.

Шаби гузашта президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев дар Алмаато ва вилояти Мангистау реҷаи вазъи фавқулода ҷорӣ намуд.

Қобили зикр аст, ки дар робита ба ҳаводиси рӯзҳои ахир президенти Қазоқистон  Токаев махсус ба мардум муроҷиат кард.

Дар паёми видеоии худ ӯ хост, ки ба иғвоҳои беруна ва дохилӣ дода нашавад.

Токаев таъкид кард, ки "қудрат суқут нахоҳад кард", аммо ба кишвар муноқиша ниёз надорад, балки ба эътимоди тарафайн ва гуфтугӯ ниёз дорад.  Раисиҷумҳур ҳамчунин ваъда дод, ки тамоми тақозоҳои қонунии эътирозгаронро ба инобат мегирад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.