Комиссияи марказии интихоботи Туркманистон Сардор Бердимуҳаммадов, писари 40-солаи раисҷумҳури ин кишвар Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадовро пирӯзи интихоботи президентии пеш аз муҳлати ин кишвар эълон кард. Сардор Бердимуҳаммадов дар ин раъйдиҳӣ 72,97 дарсади раъйи мардуми Туркманистонро ба даст овардааст.
Ҳашт рақиби дигари Сардор дар ин рақобати интихоботӣ, ҳамагӣ аз 1 то 11 дарсади райъи мардуми Туркманистонро ба даст овардаанду халос.
Сардор Бердимуҳаммадов дар фазои кишварҳои пасошӯравӣ, пас аз Илмҳом Алиев, раисҷумҳури Озорбойҷон дувумин нафарест, ки қудрати сиёсиро аз падараш ба мерос мебарад, ҳарчанд талошҳои ин гуна интиқоли қудрат дар кишварҳои дигари пасошӯравӣ вуҷуд дошт.
Дар бораи баргузории интихоботи пеш аз мӯҳлати президентӣ дар Туркманистон рӯзи 11-уми феврали имсол дар ҷаласаи порлумони ин кишвар хабар доданд. Дар шарҳи расмӣ гуфта шуд, ки президенти 64-сола роҳро ба “ҷавонон боз мекунад”. Аксарият ин изҳоротро чун ҳамвор кардани роҳ ба писари президент, Сардор Бердимуҳаммадов, қабул карда буданд, ки акнун воқеият шуд.
Сардор Бердимуҳаммадови 40-сола, муовини нахуствазири Туркманистон, дар барномаи интихоботиаш ваъдаи “ислоҳот” дод, ки ба “беҳтар кардани мудирияти давлатӣ, навсозии соҳаи хусусӣ, афзоиши ҷойҳои корӣ, сармоягузорӣ ба соҳибкории хурду миёна” равона мешавад.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.




Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
В Душанбе раскрыта серия краж из автомобилей, задержан подросток
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста