Толибон ва Ӯзбекистон ба мувофиқа расиданд, ки барои афзоиши гардиши дуҷониба ва афзоиши ҳаҷми ҳамлу нақли бор тавассути қаламравҳои ду кишвар пешниҳодҳои муштарак омода кунанд.
Ба иттилои Вазорати сармоягузорӣ ва савдои хориҷии Ӯзбекистон, чунин тавофуқ рӯзи 4 июл дар мулоқоти муовини нахуствазир - вазири сармоягузорӣ ва савдои хориҷии Ӯзбекистон, Сардор Умурзоқов ва ҳайате аз Афғонистон таҳти раёсати Нуриддин Азизӣ, сарпарасти вазорати санъат ва тиҷорати давлати муваққати Толибон ҳосил шуд.
Иштироккунандагони ин нишаст ба вижа тадбирҳои татбиқи лоиҳаи сохтмони роҳи оҳани фароафғонии «Тирмиз – Мазори Шариф – Кобул – Пешовар»-ро баррасӣ карданд.
Ҷиҳатҳои амалии ташкили тадқиқоти саҳроӣ дар хатсайри роҳи оҳан нимаи дувуми моҳи июли соли ҷорӣ баррасӣ карда шуданд.
Дар ҳамин ҳол, ба иттилои Тулӯънюз, утоқи зиёрат ва молдории Афғонистон гуфтааст, ки Афғонистон аз тариқи Ӯзбакистон метавонад маҳсулоти содиротиашро ба дигар кишварҳои Осиёи Миёна ба вижа Қазоқистон содир намояд.
Бо такя ба омори утоқи тиҷорат ва сармоягузории Афғонистон, мизони додугирифти Афғонистон бо Ӯзбекистон наздик ба панҷсад миллион доллар мерасад, ки аз ин миён Кобул ба Тошканд солона ба арзиши бист миллион доллар меваи тоза, меваи хушк, сабзӣ ва қолин мефиристад.
Гуфта мешавад, дар ҳайати Афғонистон беш аз 50 тоҷир низ ҳузур доштанд ва интизор меравад, ки дар бораи фароҳамсозии шароити бештар ба тоҷирон бо мақомҳои ӯзбек гуфтугӯ намоянд.
Ёдовар мешавем, ки як ҳайати муштарак аз ҳукумати Толибон сектори хусусии таҳти раёсати Нуридддин Азизӣ, сарпарасти вазорати санъат ва тиҷорати давлати муваққати Толибон барои гуфтугӯ ва тақвияти тиҷорат, транзит ва ҳалли мушкилоти тоҷирони афғон, субҳи 2 июл вориди Тошканд, пойтахти Ӯзбекистон шуда буд.
Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо - "Афғонистон" бихонед.