Додситони кулли собиқ дар Ӯзбекистон, Рашид Қодиров, ки соли 2019 ба соли зиндон маҳкум шуда буд, шартан озод карда шудааст. Дар ин бора хабаргузории Kun.uz иттилоъ медиҳад.
Ба навиштаи ин расона, хабари шартан ба озодӣ баромадани Рашид Қодировро ду манбаи мустақил дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва Абдураҳмон Ташанов, раиси ҷамъияти ҳуқуқи башари “Эзгулик” тасдиқ кардаанд.
Дар хусуси бо чӣ шарт ва кай озод шудани Додситони кулли собиқ иттилоъ дода намешавад.
Рашид Қодиров яке аз мансабдорони пурнуфуз ва калидӣ дар ҳукумати Ислом Каримов, президенти пешини Ӯзбекистон буд. Ӯ соли 1993 ба вазифаи муовини Додситони кулл таъйин гардида, то соли 2000-ум дар ин вазифа кор кардааст. Соли 2000-ум Додситони кулли Ӯзбекистон таъйин мешавад ва 15 сол дар ин мансаб фаъолият мекунад.
Соли 2015 ба истеъфо фиристода мешавад. Моҳи феврали соли 2018 ӯ боздошт гардид.
Моҳи майи соли 2018 президенти тозаинтихоб Шавкат Мирзиёев зимни як мулоқоти худ бо фаъолони вилояти Андиҷон аз Додситони кулли собиқ интиқод кард ва гуфт, ки “Прокурори генералӣ бо дастаи худ дар маҳбас нишастааст. Миллионҳо ва миллионҳо долларро бармегардонанд”.
Пас аз ин, 26 июни соли 2019 Додгоҳи шаҳри Тошканд собиқ Додситони кулл Рашид Қодировро дар содир кардани ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин, тибқи як қатор моддаҳои Кодекси ҷиноӣ гунаҳкор дониста, ба 10 соли зиндон ва ҷарима ба андозаи 500 нишондиҳанда барои ҳисобҳо маҳкум намуд.
Гуфтан ба маврид аст, ки айни ҳол дар Ӯзбекистон чандин генерал ва мансабдорони сатҳи баланд дар ҳабс қарор доранд.
Аз ҷумла, Ихтиёр Абдуллоев, собиқ роҳбари Хадамоти амнияти миллӣ (СНБ) ва муовини ӯ Ҷаҳонгир Эгамов барои 19 солӣ, Отабек Муродов, собиқ Додситони кулл барои 5 сол равонаи зиндон шудаанд.




ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста