Шавкат Мирзиёев, ки аз соли 2016 зимоми қудратро дар Ӯзбекистон дар даст дошт, аз ҷониби Комиссияи марказии интихоботи ин кишвар, бори дигар ғолиби интихоботи президентӣ эълон гардид.
Интихоботи пеш аз муҳлати президентӣ дар Ӯзбекистон дирӯз, 9-уми июл баргузор ва натиҷаҳои аввалияи он имрӯз эълон шуд. Дар ин бора хабаргузории kun.uz хабар медиҳад.
Шавкат Мирзиёев 87,5 дарсад ё беш аз 13, 6 млн раъйро соҳиб гардид ва ғолиби интихобот муаррифӣ шуд.
Рақибони ӯ ҳамагӣ овози хеле ночизро ба даст оварданд ва ягон нафари онҳо ҳатто марзи 5 дарсадро убур накард.
Улуғбек Иноятов аз Ҳизби халқии демократӣ – 4,2 дарсад;
Робахон Маҳмудова аз Ҳизби сотсиал-демократии “Адолат” – 4,43 дарсад;
Абдушукур Ҳамзаев аз Ҳизби экологӣ - 3,74 дарсад овозро соҳиб шуданд.
Комиссияи марказии интихоботи Ӯзбекистон эълон кард, ки дар интихоботи президентӣ 15,6 млн нафар ё 79,8 дарсади онҳое, ки ҳаққи интихоб доштанд, иштирок кардаанд.

Баъди эълони натиҷаҳои интихобот ва пирӯзии Шавкат Мирзиёев дар он Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон ба ӯ занг зад ва бо ғолибият табрик гуфт.
Дар барқияи шодбошӣ Эмомалӣ Раҳмон ба Шавкат Мирзиёев аз ҷумла гуфта мешавад: “Натиҷаҳои ин рӯйдоди муҳими сиёсӣ далели равшани нуфузи баланди Шумо, эътимод ва ҳимояи қавии мардуми Узбекистон аз роҳи стратегиатон мебошад, ки ба навсозии устувори иҷтимоию иқтисодии кишвар ва тақвияти пайвастаи мавқеи он дар арсаи байналмилалӣ нигаронида шудааст”.




ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста