Консулгарии Афғонистон дар Хоруғ таҳти назорати Толибон* қарор надорад ва Тоҷикистон ба ҳеҷ як намояндаи ин гурӯҳ парвона (аккредитатсия) надодааст. Дар ин бора Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон, имрӯз, 16-уми феврал, зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.
Ба гуфтаи ӯ, ҳоло Консулгарии Афғонистон дар Хоруғ бо ҳамон ҳайате, ки дар соли 2020 кор мекард, фаъолияташро идома дода истодааст.
"Ҳайати кормандони Консулгарии Афғонистон дар Хоруғ баъди соли 2020 иваз нашудаанд. Одамоне кор мекунанд, ки дар соли 2020 аккредитатсия гирифта буданд. Агар онҳо (Толибон, дар назар аст, -муаллиф) кадом як раиси навро муаррифӣ мекунанд, ин кори худашон аст", - гуфт Сироҷиддин Муҳриддин.
Ин гуфтаи вазир дар ҳолест, ки Хайриддин Усмонзода, директори Маркази тадқиқоти стратегии назди презенти Тоҷикистон (МТС) зимни нишасти хабарии рӯзи 7-уми феврал гуфт, "ҳадафи фаъолияти консулгарӣ дуруст ба роҳ мондани фаъолияти бозорҳои наздимарзӣ аст".
Дар робита ба ин андешаҳо вазир гуфт, "изҳороти онҳо нуқтаи назари шахсии онҳост ва баёнгари сиёсати хориҷии Тоҷикистон нест".
Моҳи ноябри соли 2023 баъд аз он ки Зоҳири Ағбар, сафири ҳукумати пешини Афғонистон дар Тоҷикистон гуфт, консулгарии Афғонистон дар Хоруғ "барои надоштани имконоти иқтисодӣ" аз кор мондааст, шахсе бо номи Нақибулло Деҳқонзода дар наворе худро сарпарасти Консулгарии генералии ҳукумати Толибон дар шаҳри Хоруғи Тоҷикистон муаррифӣ кард ва гуфт “консулгарӣ расман фаъолият мекунад ва он мустақил буда, мустақиман таҳти ҳимоят ва ҳидояти Вазорати умури хориҷии ҳукумати Толибон қарор дорад”.
Деҳқонзода дар он навор гуфта буд, ки "баъд аз суқути низоми ҷумҳурият доманаи фаъолиятҳои ин намояндагӣ дар бахшҳои ироаи хадамот ба атбои Афғонистон ва хориҷии муқими Тоҷикистон аз ҷумла, табдили шиноснома, судури васоит ва раводид, ҳамкории дуҷониба ва расидагӣ дар баҳсҳои транзит, тиҷорат, масоили марзӣ, зиндониёни ҳуқуқӣ ва ҷиноӣ дар ҳамоҳангӣ бо мақомоту вазорати зирабти Тоҷикистон густариш пайдо кардааст".
Он замон Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ва сафири ҳукумати пешини Афғонистон дар Тоҷикистон дар суҳбат бо “Азия-Плюс” аз шарҳи суханони Нақибулло Деҳқонзода худдорӣ карда, кӯтоҳ гуфта буданд, ки ин масъаларо шарҳ намедиҳанд.





ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста