Додситонии кулл (Прокуратураи генералӣ)-и Қирғизистон рӯйхати созмонҳои террористӣ ва ифротгаро (экстремистӣ)-ро нашр кард, ки фаъолияташон дар қаламрави кишвар манъ шудааст. Дар феҳрист 20 созмон зикр шуда, ҳаракати “Толибон” миёни онҳо нест. ВАО - Қирғизистон ба ин нукта таваҷҷуҳ кардаанд.
Дар ҳамин ҳол, оид ба масъалаи хориҷ намудани толибон аз феҳристи созмонҳои террористиву ифротгаро мақомоти Қирғизистон ҳеҷ гуна изҳороти расмӣ надодаанд.
Бо қарори додгоҳ (суд)-и ноҳияи Первомайскии шаҳри Бишкек аз 15 сентябри соли 2006, “Толибон” созмони террористӣ эътироф шуда буд.
Дар Кумитаи давлатии умури дини ин кишвар ба саволи рӯзноманигорон дар бораи сабаби дар ин рӯйхат ҷой надоштани “Толибон” посух гуфта натавонистаанд.
"Бо назардошти тағйироти ахир дар Афғонистон, “Толибон” метавонад аз рӯйхати созмонҳои террористӣ хориҷ шавад. Беҳтараш ба мақомоти додгоҳӣ муроҷиат кардан лозим аст, зеро онҳо ба ин савол дақиқтар посух хоҳанд гуфт”, - иброз доштааст муовини раиси Кумитаи мазкур.
Ҳукумати “Толибон” дар Афғонистон аллакай ба ин далел вокуниш нишон дод. Вазорати корҳои хориҷии Аморати исломии эътирофнашуда изҳор дошт, ки “аз қарори мақомоти Қирғизистон дар бораи хориҷ намудани ҳаракати “Толибон” аз рӯйхати гурӯҳҳои манъшуда истиқбол ва онро маъқул медонад.
«Иқдоми Қирғизистон маънои онро дорад, ки шинохти сиёсии Аморати исломии Афғонистон ҳам дар сатҳи минтақа ва ҳам дар сатҳи байналмилалӣ афзоиш меёбад ва монеаҳоро барои таҳкими равобити дуҷониба байни Афғонистон ва кишварҳои дигар аз байн мебарад», — омадааст дар шарҳи Вазорати корҳои хориҷӣ.
Ёдрас мекунем, ки моҳи декабри соли 2023 Қазоқистон «Толибон»-ро аз рӯйхати ташкилотҳои мамнӯъ дар кишвар хориҷ кард. Дар Вазорати корҳои хориҷӣ ин қарорро чунин шарҳ доданд, ки “Толибон” дар феҳристи ҳаракатҳои тундгаро, ки аз ҷониби Шӯрои амнияти СММ терроистӣ эътироф шудаанд, ҳузур надорад.
Моҳи июни соли ҷорӣ президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев изҳор дошт, ки «Толибон» аз рӯйхати созмонҳои террористӣ хориҷ шуд, то ки ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Афғонистон рушд ёбанд.
Баъдтар мақомоти Русия низ дар бораи нақшаҳои хориҷ кардани толибон аз рӯйхати сиёҳ хабар доданд. Бар хилофи ҳамсояҳо, дар Тоҷикистон то ҳол барои барқарор кардани робитаҳо бо «Толибон», ки дар ҷумҳурӣ ҳанӯз ҳам дар рӯйхати ташкилотҳои ифротгаро қарор доранд, шитоб намекунанд.
*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст.
Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо - «Афғонистон» бихонед.





ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста