Роҳҳои ташрифотии Самарқанд аз 30-юми октябр то 14-уми ноябр, яъне барои ду ҳафта, баста мешаванд.
Дар робита ба баргузории иҷлосияи 43-юми Конфронси генералии ЮНЕСКО (ташкилоти маориф, илм ва фарҳанги назди Созмони Милали Муттаҳид) роҳҳои вуруд ба шаҳри Самарқанд муваққатан баста мешаванд. Дар ин бора Вазорати корҳои дохилии Ӯзбекистон хабар додааст.
Ин ниҳод аз сокинон ва меҳмонони шаҳр даъват кардааст, ки агар дар санаҳои аз 30-юми октябр то 14-уми ноябр нақшаи сафар ба Самарқандро дошта бошанд, то қадри имкон ба таъхир гузоранд.
Барои нақлиёти транзитӣ дар вилояти Самарқанд роҳи нақлиёти гардишӣ ташкил гардида, бо ин мақсад баргаи (флайер) махсус таҳия шудааст. Гардравҳои муқарраршударо тавассути рамзи QR - и замимаи мобилӣ дидан мумкин аст.
Чорабинӣ дар маҷмааи сайёҳии “Silk Road Samarkand” баргузор мешавад. Ин конфронс бори аввал аст аз соли 1985 берун аз Париж, ки қароргоҳи ин созмон мебошад, баргузор мешавад.
Бояд гуфт, конфронси генералии ЮНЕСКО, ки дар ду сол як маротиба баргузор мешавад, самт, буҷет ва фаъолияти умумии маориф, илм ва фарҳангро муайян мекунад.
Зикр кардан ба маврид аст, ки яке аз гузаргоҳҳои сарҳадии маъмул ва серодам миёни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон миёни шаҳри Самарқанд ва Панҷакент ҷойгир аст. То куҷо маҳдудияти вуруд ба шаҳри Самарқанд ба убури сарҳад тариқи ин гузаргоҳ таъсир мегузорад, номаълум аст. Мақомоти Тоҷикистон дар ин бора маълумот ироа накарданд. Дар Вазорати нақлиёти Тоҷикистон аз ин иқдом изҳори бехабарӣ карданд.



ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста