Имрӯз дар шаҳри Тошканди Ӯзбекистон ҳафтумин мулоқоти машваратии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор мешавад. Дар ин бора дафтари матбуоти раисҷумҳури Ӯзбекистон хабар дода, навиштааст, дар он раисҷумҳурони панҷ кишвари Осиёи Марказӣ ва ҳам раисҷумҳури Озорбойҷон, роҳбари Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи пешгирикунанда барои Осиёи Марказӣ Каха Имнадзе иштирок мекунанд.
Бояд гуфт, раисҷумҳури Озарбойҷон аллакай соли сеюм аст, ки дар мулоқотҳои машваратии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ иштирок мекунад.
“Рӯзномаи чорабинӣ масъалаҳои тақвияти минбаъдаи ҳамкории минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ, инчунин татбиқи лоиҳаҳо ва ташаббусҳои муштарак дар самтҳои афзалиятнокро дар бар мегирад. Дар бораи масъалаҳои мубрами сиёсати минтақавӣ ва байналмилалӣ мубодилаи афкор сурат мегирад”, - навиштааст дафтари матбуоти раисҷумҳури Ӯзбекистон.
Ҳамчунин, таъкид шудааст, ки дар натиҷаи вохӯрии машваратӣ қабули бастаи назарраси ҳуҷҷатҳои бисёрҷониба пешбинӣ мешавад.
Дар бораи иштироки раисҷумҳури Тоҷикистон дар ин мулоқоти машваратӣ то ҳол мақомоти Тоҷикистон иттилои расмӣ ироа накардаанд.
Бояд зикр кард, ки ташаббуси баргузории машваратҳои мунтазами сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ аз ҷониби раисҷумҳури Ӯзбекистон дар иҷлосияи 72-юми Маҷмаи умумии СММ дар моҳи сентябри соли 2017 пешниҳод шуда буд. Мулоқоти аввал соли 2018 дар шаҳри Остонаи Қазоқистон доир шуд.




ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста