Дар маросими натиҷагирӣ аз Фестивал-озмуни театрҳои касбии «Парасту-2013» ҳайати ҳакамон 15 иштирокчии чорабиниро ба шоҳҷоизаи озмун лоиқ надониста, танҳо намоишномаи «Чархи гардун»-и Театри академӣ-драмавии ба номи А.Лоҳутӣ намоишномаи беҳтарин дониста шуд.
Раиси ҳайати ҳакамон, мунаққиди театрӣ Маҳмадулло Табаров дар ин робита изҳор намуд, ки соли равон дар фаъолияти коргардонҳо камбудиҳои зиёд ба мушоҳида расида, насли нави арбобони театр иштибоҳоти пешинаро такрор мекунанд ва он дар ҷустуҷӯву дарёфт накардани андешаву методҳои тозаи коргардонӣ ифода меёбад.
Дар ҳамин ҳол, вазири фарҳанги ҷумҳурӣ Мирзошоҳрух Асрорӣ зимни суханронӣ дар ин маросим дастовардҳои театри тоҷик дар солҳои ахирро зикр намуда, иброз дошт, ки озмуни мазкур чӣ гуна ҳарчи бештар ҷалб ва ба театр баргардонидани тамошобинонро ба хубӣ нишон дод. «Ман умедворам, ки ин анъанаи нек аз насл ба насл гузашта, ҳунари театрӣ дар Тоҷикистон ба қуллаи камолоти худ мерасад», - гуфт ӯ.
Ҳамин тариқ, ба ҳамаи иштирокчиёни озмун диплом барои иштироки фаъолона ва ҳамчунин дипломҳои Иттиҳоди нвисандагони Тоҷикистон, Иттифоқи арбобони театрии Тоҷикистон, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ва Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҳукумати ҶТ супурда шуданд.




ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста