Ба қарибӣ бо ибтикори Бунёди адабии ба номи Садриддин Айнӣ таҳти роҳбарии Эраҷ Айнӣ аз тариқи нашриёти Мега Басими Ҷумҳурии Туркия «Мунтахаби ашъор»-и шоири шаҳири тоҷик Лоиқ Шералӣ аз чоп баромад.
Тавре Эраҷ Айнӣ дар ин робита хабар дод, дар китоб зиёда аз 500 ғазалу қитъа, рубоиву дубайтиҳои шоир гирловарӣ шудаанд. «Аз ҷониби мураттиби китоби мазкур Ниёзбадал Маликов сарсухани пурмӯҳтавое таҳти унвони «Муъҷизаофарин» дар китоб ҷойгузин гардидааст, ки маълумоти муфасалеро доир ба паҳлӯҳои гуногуни ашъори шодравон Лоиқ Шералӣ дар худ таҷассум менамояд», - иброз дошт ӯ.
Ба қавли ӯ, дар тафовут бо дигар маҷмӯаҳои ашъори шоир, ки қабл аз ин интишор гардидаанд, дар нашрия навин ашъори шоир ба даҳ боб ҷудо шудааст, ки ҳар боб ба мавзӯи мушаххасе бахшида шудааст. «Дар китоб беҳтарин ашъори шоир гулчин гардидаанд, ки табъи ҳар як хонандаро бо мазмуни баланду лафзи ширин болида месозанд», - зикр кард Эраҷ Айнӣ.
Номбурда ҳамчунин афзуд, дар таҳияву ороиши китоб саҳми рассоми шинохта Азимҷон Муҳаммадиев ва тарроҳ Фарида Юнусова низ беандоза бузург аст.
Қобили зикр аст, ки пагоҳ, рӯзи 27-уми апрели соли равон, соати 16:00 дар Арт галереяи Мино бо нишонии кӯчаи Беҳзод-1 маросими муаррифии китоби мазкур баргузор мешавад.
Устод Лоиқ Шералӣ шоири бузурги муосири тоҷик 20 майи соли 1941 дар деҳаи Мазори Шариф воқеъ дар шаҳристони Панҷекати Тоҷикистон зода шудааст. Ӯ нахуст ба ҳайси муҳаррири шӯъбаи адабии радиои Тоҷикистон ва сипас корманди адабии рӯзномаи "Комсомоли Тоҷикистон”, мудири шӯъбаи назми маҷаллаи "Садои Шарқ”, мушовири Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, сардабири маҷаллаи мӯътабари адабии "Садои Шарқ” – нашрияи Иттиҳодияи нависандагони Тоҷикистон кор кард. Ӯ Аз соли 1965 узви Иттифоқи нависандагони Иттиҳоди Шӯравӣ буд.
Устод Лоиқ аз соли 1991 то дами марг ба сифати Райиси Бунёди байналмилалии забони форсии тоҷикӣ ифои вазифа кард. 30 июни соли 2000 бар асари бемории сактаи мағзӣ чашм аз ҷаҳон пӯшид. Ташйиъи ҷанозаи он гаронмоя 1 июл бо ҳузури ҳазорон мухлисаш баргузор ва пайкари покаш дар Оромгоҳи Лучоби шаҳри Душанбе дар паҳлӯи бузургони адаб ва ҳунари Тоҷикистон дафн карда шуд.




ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста
Нуриддин30 апреля, 2013 18:58
Ба як чиз ман хайронам ки чаро пайкараи Лоик Шералиро дар катори шоирони форс-точик дар байни он шоирон дар даромадгохи Китобхонаи Милли чойгир накарданд.....