Ҷӯрабек Ҷӯраеви 6-сола, ки дар видео-хостинги Youtube бо сароидани суруди оҳангсоз ва овозхони саршиноси тоҷик Далер Назаров миллионҳо тамошобинонро ба худ ҷалб намуд, бо суруди «Чак-чаки борон» ин дафъа аллакай дар барномаи «Сегодня вечером с Андреем Малаховым» дар Шабакаи аввали телевизиони Русия ҳунарнамоӣ кард.

Ровии барнома Ҷӯрабекро аз Ӯзбекистон ба барномаи солинавӣ даъват кард, то ғолибони мавсими навбатии барномаи «Голос»-ро табрик намояд.

Суруди «Чак-чаки борон» яке аз оҳангҳои машҳуру писандидаи Далер Назаров аст. Далер Назаров замоне ин сурудро бо овозхони машҳури Ӯзбекистон Юлдуз Усмонов дар яке аз консертҳои муштарак дар Душанбе низ сароида буд.

Дар ҳамин ҳол, рӯзи 1-уми март дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико консерти нахустини Далер Назаров барпо мешавад.