Ҳунарманди мардумии Иттиҳоди Шӯравӣ Ҷӯрабек Муродов, писари ӯ Ҷонибек Муродов ва ҳамчунин овозхони маъруфи тоҷик Садриддини Наҷмиддин, ки ҳарду аз ҷумлаи ситораҳои эстрадаи тоҷик маҳсуб меёбанд, суруди «Тоҷик-форс-дарӣ»-ро пешкаши мухлисон гардониданд, ки дар он дӯстии мардуми се кишвари форсизабон - Тоҷикистону Эрон ва Афғонистон васфу тараннум мешавад .

Муаллифи матни суруд шоирон Абӯсаид Абдулхайр ва Ҳазрат Ғайрат буда, оҳангсози тоҷик Даврон Раҳматзод ба ин шеър оҳанг бастааст.

Муҳтавои асосии шеър дар он ифода меёбад, ки бо вуҷуди сокинони се кишвар будани форсизабонон, онҳо мудом ҳамдилу ҳамбастаанд.