Марзбонони рус ба вуруди коргардони маъруфи тоҷик Барзу Абдураззоқов ба қаламрави кишвар иҷозат надода, ӯро ба Тоҷикистон фиристоданд.

Ӯ аввали моҳи апрел то Маскав расида, сипас аз он ҷо ҷиҳати иштирок дар Ҷашнвораи XVIII байналмилалии театрҳои кишварҳои Иттиҳоди давлатҳои мустақил ва Балтия бо номи «Встречи в России» бояд ба шаҳри Санкт-Петербург парвоз мекард.

Дар ҷашнвора Абдураззоқов мебоист дар намоиши спектакли  «Достони манқурт», ки аз рӯи асари «Дуроҳаи бӯҳронӣ ё як рӯзи дарозтар аз аср»-и Чингиз Айтматов таҳия шудааст, иштирок мекард. Ин намоишнома ба дарёфти ҷоизаи олии ҷашнвора мушарраф гардид. Намоишнома аз ҷониби Театри давлатии милии русии ба номи Чингиз Айтматови Қирғизистон пешниҳод гардид.

Дар суҳбат бо Радиои Озодӣ Барзу Абдураззоқов дар ин робита изҳор доштааст, ки  бо шиносномае, ки тӯли шаш соли охир дар дасташ буд ва бо он марзи чандин кишвари дунёро убур кардааст, ба Русия рафта буд, аммо марзбонҳои он кишвар гӯё дар он нуқсеро ёфта ва ба ин далел ӯро ихроҷ кардаанд.

«Самти парвози мо аз Бишкек ба Маскав ва аз онҷо ба Санкт-Петербург буд. Вақте ба Маскав расидем, сарҳадбонҳои рус шиносномаамро диданд, ки дар он ҷо чандин бор ба Украина, Туркия ва Гурҷистону Эрон рафтаам. Онҳо хеле асабонӣ ба назар мерасиданд. Баъд, намояндагони ФСБ омада, шиносномаи маро гирифтанд ва нусхабардорӣ карданд. Ба ман гуфтанд, ки дар шиносномаатон хато ҳаст ва маро нигоҳ доштанд. Ҳарчанд хостам, ки ба Вазорати фарҳанги Русия занг занам, то бубинанд, ки чӣ мушкил аст, иҷоза надоданд», - нақл кардааст ӯ.

Коргардон гуфтааст, ба ин тартиб тӯли тақрибан як соат дар фурудгоҳи "Домодедово" банд монда ва пас аз он бо ҳавопаймое, ки мусофиронро аз Маскав ба Кӯлоб меовард, ба Тоҷикистон фиристода шудааст. «Дар рӯзи ифтитоҳи ҷашнвора алакай дар Душанбе будам ва гурӯҳи ман бе ҳузури ман дар ҷашнвора иштирок кард," - гуфтааст ӯ.

Қайд мешавад, ки ин коргардони тоҷик ҳоло шиносномаи нав гирифтааст ва гуфтааст, то чанд рӯзи дигар барои идомаи кораш ба хориҷа хоҳад рафт, аммо  омаданаш ба Тоҷикистон ҳамин тавр бо "гуноҳи" шиноснома ва тасодуфӣ набуда, балки аз қабл ният доштаааст барои дидорбинии модараш ба Душанбе биояд. «Ман барои парвоз аз Санкт-Петербург ба Душанбе дар рӯзи 10 апрел билет гирифта будам, вале тақдир моро як ҳафта пештар ба назди модар расонд», - иброз доштааст Барзу.

Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон Барзу Абдураззоқов соли 1959 дар Душанбе ба дунё омадааст. Падари ӯ ҳунарпешаи шинохтаи тоҷик Ҳабибуллоҳ Абдураззоқов ва модараш коргардони низ маъруфи театр Фотима Ғуломова мебошанд. Соли 1980 риштаи коргардонии Донишкадаи санъати Тоҷикистон ва соли 1987 Донишкадаи театрии ба номи Луначарский дар шаҳри Маскавро хатм кардааст.

Дар соли 2009 намоишномаи "Девонагӣ. Соли 93", ки Барзу Абдураззоқов дар театри русии ба номи Маяковскийи шаҳри Душанбе ба саҳна гузошт, аз ҷониби мақомоти вазорати фарҳанг манъ карда шуд. Баъди он дар Тоҷикистон ба ин коргардон имкони кор надоданд ва ӯ дар соли 2013 ба Бишкек рафт ва ду сол паиҳам коргардони беҳтарини соли Қирғизистон эътироф шуд.