Суди Молдова рӯзи 9 сентябр муовини раиси созмони «Гурӯҳи 24» Собир Валиевро озод кард. Палатаи аппелятсионии суди Молдова боздошти Собир Валиевро ғайриқонунӣ эътироф намуд. Мақомоти Тоҷикистон то ҳол ҳуҷҷатҳо барои истирдоди ӯ ба Тоҷикистонро ирсол накардаанд.
Дар ҳамин ҳол, рӯзи 8 сентябр Кумитаи норвегии Хелсинки ва Ассотсиатсияи ҳуқуқи инсон дар Осиёи Марказӣ аз ҳукуматдорони Беларус ва Молдова даъват карданд, ки ба истирдоди мухолифини тоҷик Собир Валиев ва Шабнам Худойдодова ба Тоҷикистон роҳ надиҳанд.
Бино ба маълумоти сомонаи расмии Кумита, созмонҳои ҳомии ҳуқуқ аз ҳукуматдорони ҳарду кишвар дархост доранд, ки уҳдадориҳои байнулмилалии худро иҷро намуда, шахсони зикршударо ба Тоҷикистон истирдод накунанд. «Дар ватан ҳардуяшон метавонанд мавриди шиканҷа ва кирдори бераҳмона қарор гиранд. Молдова ва Беларус Конвенсияи СММ зидди шиканҷаро ба имзо расониданд ва наметавонанд бо асосҳои қонунӣ Валиев ва Худойдодоваро ба ихтиёри Тоҷикистон диҳанд, ки дар он ҷо аз шиканҷа ба таври густарда истифода мешавад», - гуфта мешавад дар муроҷиатнома.
Собир Валиев арбоби сиёсӣ ва муовини созмони фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯъи «Гурӯҳи 24» буда, 11 августи соли 2015 дар фурудгоҳи пойтахти Молдова - шаҳри Кишинёв боздошт шуд. Ӯ баъди сафари корӣ аз Молдова ба Истамбул бармегашт. Аз соли 2008 ӯ шаҳрванди Қирғизистон мебошад. С.Валиев мутобиқи моддаи 307-и Кодекси ҷиноии ҶТ (Даъвати оммавӣ барои бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионии ҶТ) айбдор карда мешавад.
Шабнам Худойдодова - муҳоҷирзани тоҷик дар Русия аввали тобистон ба Беларус гурехта, бо дархости ҳукуматдорони Тоҷикистон боздошт шуд. Айни замон дар тавқифгоҳи муваққатии шаҳри Брест қарор дорад. Ӯ низ ҷонибдори «Гурӯҳи 24» буда, дар даъватҳои оммавӣ барои бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсиони дар Тоҷикистон мутттаҳам дониста мешавад.




ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста