Намояндаи Созмони амнияти ҳамкории Аврупо (САҲА) оид ба масоили озодии ВАО Арлем Дезир дар робита ба ҷазои сангин нисбати рӯзноманигор Хайрулло Мирсаидов нигаронӣ изҳор намуд.
«Ман аз ҳукми сангин ва номутаносиб нисбати журналист, бахусус бо назардошти он маблағ - 124 ҳазор сомонӣ (наздики 11,521 евро), ки ба азхудкунии он ӯ айбдор мешавад, хеле дар ташвишам», - оварда мешавад гуфтаҳои Дезир дар сомонаи расмии САҲА.
«Ҳукуматдоронро ба озодии фаврии Хайрулло Мирсаидов ва таъмини озодии журналистон дар Тоҷикистон, ҳуқуқи хабар додан ва навиштан аз рӯи ҳамаи масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи ҷомеа бидуни ҳарос аз муҷозот даъват мекунам», - гуфтааст Дезир.
Намояндаи САҲА оид ба масоили озодии ВАО қаблан низ доир ба қазияи Мирсаидов нигаронӣ изҳор намуда буд. Дар нома ба унвони ҳукуматдорони Тоҷикистон моҳи марти соли 2018 ва изҳороти умум дар моҳи апрели соли 2018 ӯ зикр карда буд, ки боздошти журналист натиҷаи фаъолияти касбии ӯ мебошад.
Ёдрас мекунем, ки суди шаҳри Хуҷанд санаи 11 июл рӯзноманигор ва роҳбари дастаи «КВН Тоҷикистон» Хайрулло Мирсаидовро ба 12 соли зиндони низомаш шадид маҳкум намуд. Ҷониби ҳимояи Мирсаидов ҳукмро «ҷазои ниҳоят сангин» дониста, ният доранд, ки аз болои он ба зинаи болоӣ шикоят баранд. Дар ҳамин ҳол, адвокат Дилафрӯз Самадова қайд кард, ки суд гуноҳи Мирсаидовро дар ҳеҷ кадоме аз айбномаҳои пешниҳодшуда исбот накард.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.




ГЛАВНОЕ ЗА НЕДЕЛЮ: Власти спорят с рейтингом загрязнения воздуха, в Душанбе требуют мыть маршрутки, Сулаймон восстанавливается после самого дорогого укола
Многоплодная беременность: что должна знать мама 2-3-4-няшек
Бизнесмена в Согде оштрафовали на крупную сумму за празднование дня рождения
Саудовская Аравия обходит Ормуз: нефть пошла другим маршрутом
Таджикские боксеры едут на свой первый Чемпионат Азии под эгидой World Boxing
В Таджикистане резко подешевело золото: минус 14% за месяц
Спустя более 50 лет: Человечество впервые за полвека отправляет экипаж на Луну
Что поручил Эмомали Рахмон активу Согдийской области
В Душанбе состоится главный забег весны: определены призовые полумарафона-2026
Новый козырь Ирана в войне с США: Хуситы готовы спровоцировать мировой нефтяной кризис
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста